Ширкати Малайзия дар Ӯзбекистон шабакаи сӯзишворипуркунӣ таъсис медиҳад

Сафири Ӯзбекистон дар Малайзия Каромиддин Гадоев бо муассис ва директори генералии ширкати "FIVE Petroleum Malaysia King" Лим Чин Фуи мулоқот кард.

Дар мулоқот имкониятҳои сармоягузории Ўзбекистон, масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои вилояти Самарқанд баррасӣ шуданд, хабар медиҳад, АИ "Дунё". Соҳибкори малайзиягӣ омодагии худро барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо корхонаҳое, ки дар кишвари мо фаъолият мекунанд, ҷиҳати истеҳсоли нӯшокиҳои спиртӣ ва таъмини онҳо бо зарфҳои алюминӣ изҳор дошт.

Дар бораи шуруъ намудани иҷрои лоиҳаи ташкили шабакаии нуқтаҳои сӯзишворипуркунӣ ва бо таҷҳизоти ҳозиразамон мусаллаҳ намудани онҳо дар шаҳри Тошканд ва минбаъд дар дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ созиш ҳосил гардид.

Дар ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки моҳи оянда сафари ҳайати ширкат ба Ӯзбекистон ташкил шавад.

Ширкати "FIVE Petroleum Malaysia" соли 2020 таъсис ёфтааст. Айни замон ширкат дар саросари Малайзия зиёда аз 110 нуқтаи сӯзишворипуркуниро идора мекунад. Ин ширкат ҳамчунин 60 дарсади саҳмияҳои BHPetrol дорад, ки беш аз 400 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: