Ширкати Русия ният дорад аз Ӯзбекистон маҳсулот ворид кунад

Дар Ассотсиатсияи «Ўзчармсаноат» бо кумаки намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳбарияти ширкати русиягии ҶММ "Аванти" мулоқоти онлайнӣ баргузор гардид.

Дар ин гуфтугӯҳо масъалаи содироти маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ ба Русия мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Дар мулоқот, ки дар шакли алоқаи видеоконфронс баргузор гардид, намояндагони ширкатҳои соҳаи чарму пойафзори Ӯзбекистон: ҶММ «Akbar Biznes Stroy», ҶММ «Vodiy Shoes», ҶММ «Classica Shoes International», ҶММ «Hazorasp Delfin Shoes», ҶММ «Tata Shoes»  ва дигар иштирок  карданд. Онҳо ба шарикони хориҷӣ имкониятҳои корхонаҳои худ ва хелҳои маҳсулотро пешкаш намуданд.

Роҳбарияти ширкати русиягӣ истеҳсолкунандагони ватаниро бо иқтидори истеҳсолии он ошно намуда, ҷиҳати воридоти маводи зарурӣ аз кишвари мо пешниҳодҳо ба миён гузоштанд. Тайёркунии қисми болои пойафзол, маҳсулоти бофандагӣ, мисли "канвас" аз ҷумлаи онҳост.

Дар ҷараёни мулоқот шарикони хориҷӣ нияти ҳамкорӣ бо корхонаҳои Ӯзбекистонро иброз доштанд. Масъалаҳои харидани ашёи хом ва масолеҳ барои истеҳсолот аз Русия, додани фармоиш барои духтани қисми болои пойафзол ва имконияти дар мамлакати мо ташкил намудани корхонаи муштарак баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо ба созиш омаданд, ки ҳамкориҳои муштарак роҳандозӣ кунанд. Раҳбарияти Ассотсиатсияи «Узчармсаноат» ба ҷониби Русия пешниҳод кард, ки муколамаро аллакай дар доираи намоишгоҳи байналмилалии дарпешистодаи "UzCharmExpo 2022", ки аз 25 то 27 майи соли ҷорӣ дар Тошканд баргузор мешавад, идома диҳад.

Барои маълумот: ширкати "Аванти" 18 сол боз барои бозори Русия пойафзоли варзишӣ ва рақсӣ истеҳсол мекунад. Маҳсулоти тайёрро ба шабакаҳои бузурги савдо интиқол медиҳад ва ширкат инчунин ба бозорҳои "Ozon ва Wildberries" дастрасии мустақим дорад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: