Ширкати ҳавопаймоии "Азимут"-и Русия ба нақша гирифтааст, ки аз Перм ба Ӯзбекистон парвозҳо ба роҳ монад

Ширкати ҳавопаймоии "Азимут"-и Русия барои анҷоми парвозҳои мунтазам аз Перм ба Ӯзбекистон иҷозаи муваққатӣ дархост кардааст.

Масъалаи қабулро комиссияи байниидоравӣ дида мебарояд.

Парвозҳо дар масири "Перм - Тошканд" ҳафтае ҳафт маротиба анҷом дода мешаванд.

Қаблан ширкати ҳавопаймоии "ИрАэро" барои анҷоми парвозҳо дар ин масир иҷоза гирифта буд, аммо онро Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ  бекор кард.

Айни замон «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» ҳафтае як маротиба аз фурудгоҳи Перм ба Ӯзбекистон парвозҳои мустақим анҷом дода, ба фурудгоҳи Наманган роҳ мегирад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: