Ширкатҳои дорусозии Русия дар Ӯзбекистон доруҳои арзонтар истеҳсол карданианд

Бо ширкатҳои дорусозии Русия барои истеҳсоли доруҳои дар кишвари мо дорои аҳамияти иҷтимоӣ як қатор шартномаҳо баста шудаанд.

Ширкатҳои Русия ният доранд дар Ӯзбекистон дору тавлид кунанд. Дар ин бора дар рафти боздид аз кластери «Tashkent Pharma Park» намояндаи савдои Русия дар кишвари мо Константин Злигостев маълум кард.

Зимни мулоқот бо намояндагони Агентии рушди саноати дорусозӣ ва роҳбарияти ширкати «Tashkent Pharma Park» гуфта шуд, ки аллакай бо ширкатҳои русӣ оид ба истеҳсоли доруҳои дар кишвар дорои аҳамияти иҷтимоӣ як қатор қарордодҳо ба имзо расидаанд.

Илова бар ин, ҷонибҳо масъалаи иштироки донишгоҳҳои тиббии Русияро  дар таҳияи барномаҳои таълимӣ барои мутахассисони Ӯзбекистон дар Донишгоҳи фармасевтӣ-техникӣ баррасӣ карданд, хабар медиҳад хабаргузории "Дунё".

Қобили зикр аст, ки кластери инноватсионии илмию истеҳсолии фармасевтии «Tashkent Pharma Park» дар ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд бо мақсади ҷалби сармоягузорӣ ва технологияҳои пешрафтаи ширкатҳои фармасевтии хориҷӣ ҷойгир шудааст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: