Таваҷҷуҳи сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки яке аз шарикони стратегии Ӯзбекистон ба шумор меравад, ба мамлакати мо афзуда, мехоҳанд дар кишварамон тиҷорати худро роҳандозӣ намоянд.
Аз ҷумла, ҳайатҳои намояндагони ширкатҳои бонуфузи «Best thermo solutions» ва «Elektrogen»-и Эрон бо сафари корӣ аз вилояти Намангон дидан карданд.
Бояд гуфт, ки ширкати «Best thermo solution» дар соҳаи металлургия пешсаф буда, барои корхонаҳои ин самт дегҳои саноатӣ ва гармкунакҳои заруриро истеҳсол мекунад.
Дар вохӯрие, ки дар ҳокимияти вилояти Намангон баргузор гардид, ҳокими вилоят Шавкат Абдураззоқов ба муассиси ширкат Али Арағӣ ва менеҷери он Салим Билолов дар бораи муҳити мусоиди инвеститсионии Намангон, бахусус, дар бораи минтақаҳои хурди саноатӣ маълумот дод.
Ширкати «Elektrogen», ки дар истеҳсоли муҳаррикҳои барқӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон пешсаф мебошад, мехоҳад дар Намангон корхонаи худро бунёд намояд. Менеҷери соҳаи савдои корхона Сиёмак Молевердӣ ва директори филиали ширкат дар Ӯзбекистон Ҳамид Ризо Шафеӣ маҳз бо ҳамин мақсад бо ҳокими вилояти Намангон Шавкат Абдураззоқов мулоқот карданд.
Бояд гуфт, ки ширкати «Elektrogen» аз корхонаҳои бузурги истеҳсолкунандаи асосии моторҳои барқӣ дар диёри форс буда, асосан бо истеҳсоли навъҳои гуногуни муҳаррикҳо барои эҳтиёҷоти маишӣ ва саноатӣ машғул аст. Ҳоло дар ин корхона зиёда аз 50 намуди моторҳо истеҳсол карда мешавад.
Дар рафти музокироти дар ҳокимияти вилоят баргузоргардида таъкид гардид, ки дар Намангон соҳаи саноат ривоҷ ёфта, бахусус, барои ҳамкорӣ бо давлатҳои ҳамсоя имкониятҳои калон мавҷуд аст. Бо дарназардошти ин омилу имкониятҳо ширкати «Elektrogen» мехоҳад, ки дар Намангон аз рӯйи самти худ корхона таъсис диҳад.
Пас аз мулоқот, ки дар рӯҳияи самимӣ доир гардид, сармоягузорони хориҷӣ бо мақсади дидани ҷойҳои мусоид барои истеҳсолоти худ ба минтақаи озоди иқтисодии «Намангон» рафтанд, ки дар шафати ноҳияҳои Чуст ва Поп воқеъ аст.
Оқилхон ДАДАБОЕВ,
мухбири ӮзА.