ШОДИИ ДИДОРИ ДӮСТОН

Рӯйдоди фарҳангӣ

Яке аз бузургтарин неъматҳои олии маънавии инсон дӯстӣ аст. Шахсе, ки дӯст дорад, бешубҳа ӯ болу пар дорад ва дар ин олами пурғавғо барояш такягоҳе қавитар аз он нест.
Хушбахт касест, ки бо садоқату фазилатҳои хеш сазовори боварии дӯст гашта бошад. Ҳақ ба ҷониби Рӯдакии бузург, ки гуфтааст:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

Шукри беҳад, ки барои мо хатмкунандагони факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ дар соли 1973 қариб ҳар сол дидани дидори якдигар ранги одатро гирифтааст.
Бо ташаббуси дӯсти самарқандиамон Толиб Юнусзода ҳавлии вай дар мавзеи Оқмасҷид ба манзилгоҳи доимии вохӯриҳои мо табдил ёфтааст. Хурду калони хонадон соли ҷорӣ низ ба пешвози меҳмонон тайёрии пухта дидаанд. Маълум гардид, ки баъзе рафиқони мо нисбат ба дигарон як-ду рӯз пештар ин ҷо омадаанд.
Вақте ки мо қарибиҳои чошгоҳ аз Бухоро ба ин ҷо расидем, аксарияти ёрони ҷавониамон аз вилоятҳои Самарқанд, Фарғона, Сирдарё, Қашқадарё ва Сурхондарё аллакай омада буданд. Баъди вохӯриҳои самимона мизбонон моро бо автобуси махсус ба саёҳати шаҳр даъват карданд.
Ҳамин тариқ ба дӯстон зиёрати Хоҷа Абдуи Берун, Хоҷа Абдуи Дарун, Хоҷа Аҳрори Валӣ, Шоҳизинда инчунин тамошои гулгашту хиёбонҳо, ҷойҳои ҷолиби диққати Самарқанди бостонӣ муяссар гардид.
Гашти рӯз мулоқоту суҳбатҳои самимонаи дӯстон дар атрофи дастархони пурфайз дар пешайвони ҳавлии Толиб Юнусзода идома ёфт.
– Ба донишкадаро хатм кардани мо 45 сол пур мешавад, – ибтидо намуд соҳибхона ва ҷамъомадагонро бо ин сана муборакбод гуфт.
Сипас иштироккунандагони давра пасу пеш ба сухан баромада, хотираҳои айёми ҷавониро ёдоварӣ намуданд.
Савту сурудҳои дилнишини классикию муосире, ки дар иҷрои рафиқони ҳамдарсамон Тоҳир Зокиров ва Абдукарим Абдуллоев танинандоз гардиданд, ба дилҳо сурур бахшиданд.
Айёми донишҷӯӣ устоди раҳматиамон Шавкат Шукуров дар поёни дарсҳояш аз адабиёти классикӣ бобати пос доштани хидматҳои омӯзгор ин мисраъҳоро ба забон меовард:
Фаромӯш макун ҳаққи устоди илм,
Ки аз ҳиммати ӯст бунёди илм.
Агар дар дилат меҳри устод нест,
Ба дасти умеди ту ҷуз бод нест.

Гуфтан ҷоиз аст, ки меҳри устодон пайваста дар диламон ҷой дорад. Онҳоеро, ки баҳри рушду камоли мо заҳмат кашидаанд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳем кард. Аз ин рӯ, ҳар дафъа баҳри дидани дидори устодони худ ба ҳадди имкон азму кӯшиш менамоем. Дил мехоҳад, ки «гули сари сабад»-и вохӯриҳо омӯзгоронамон бошанд. Мутаассифона, онҳо имрӯз кам мондаанд ва на ҳамаи эшонро дидан муяссар мегардад.
Хушбахтона, имсол низ ба давраи мо ташриф овардани муаллимонамон – Салим Кенҷаю Баҳодури Ҷаббор ҳозиронро хеле шод кард.
Дар айни замон гуфтаҳои устоди мӯйсафедамон «Дар ҳаётам ҳар воқеае, ки рух дод, на бо хоҳиши ман, балки бо хоҳиши қувваи ғайриоддӣ, яъне Офаридгор сурат гирифт» моро ба андеша водор намуд.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти БУХОРО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: