ШОДИИ НАВРАСОН АЗ “ТУҲФАИ ПРЕЗИДЕНТ”

Инак, боз як соли нав аз ҳаёти мо сипарӣ шуд.

Албатта, бе ҳеҷ муболиға гуфта метавонем, ки дар ҳаёти мардуми мо соли сипаришуда чун соли нек арзёбӣ мегардад. Навгониҳои зиёде дар ҳаёти кишвар рух дод. 

Дар замоне, ки сайёраи Замин воқеаҳои пуртаҳлукаро пушти сар менамояд, шукронаҳо мегӯем, ки дар Ӯзбекистони мо оромиву осудагӣ ҳукмфармост ва мардум зиндагии ободу фаровон паси сар менамоянд. 
Ҳоло дар сар то сари кишвар дар гирди арчаи солинавӣ тантанаҳои идона давом дорад. 
Чун анъана ҳар сол дар ҷойҳо “Арчаи Президент” ташкил мегардаду “Туҳфаи Президент” ба соҳибонаш тантанавор супорида мешавад. Аз ҷумла, дар шаҳру навоҳии вилояти Сурхондарё низ дар тадбирҳои баргузоршавандаи “Арчаи Президент” «Туҳфаи Президент» тантанавор супорида шуд. Туҳфаҳо ба 680 нафар наврасони аз 3 то 15-солаи тарбиятгирандагони хонаҳои бачагонаи оилавӣ, ба писару духтароне, ки падарашон баҳри ҳимояи Ватан ҷон бохтаанд, инчунин, фарзандони ходимони ҳуқуқу тартибот ва ба тарбиятгирандагони хонаи “Мурувват”-и ноҳияи Қумқӯрғон дода шуд.
Дар таркиби “Туҳфаи Президент” табрики солинавии Президент, намуди зиёди шириниҳо, асбобҳои хониш, китоби электронӣ, термос ва шоҳмот мавҷуд аст. Аз гирифтани “Туҳфаи Президент” шодиву хурсандии наврасон ҳадду канор надошт.

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори 
“Овози тоҷик” дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: