«ШОДИВУ ҒАМҲОИ МАН ҲАМЧУН РАВОН ОБЕ ГУЗАШТ...»

Дар ҷевони китоби мо боз як китоби тозаи адиби ҳақиқатнигор, нависандаи маҳбуб Бахтиёри Ҷумъа бо номи «Дардханда» ҷойи худро ёфт.

Дар ин китоб таҳқиқу таҳлили паҳлуҳои эҷодиёти адиб, андеша ва ёддоштҳои аҳли адаб, шогирдон ва дӯстону пайвандон дар бораи нависанда гирдоварӣ шудааст. Бахтиёри Ҷумъа аз зумраи адибони ангуштшумор мебошад, ки дар ҳикоёт ва ҳаҷвияҳо иллатҳои ҷамъият, чун мансабпарастӣ, дурӯғгӯӣ, дурӯягӣ, хасисӣ, хулоса камбудиҳои муҳими рӯзро мавриди танқиду ҳаҷв қарор дода, барои аз байн бурдани онҳо қалами худро монанди теғи бурро ба кор мебарад.
Бахтиёри Ҷумъа адиби сермаҳсул аст, бахусус, дар бахши душвортарин соҳаи насри бадеӣ – адабиёти бачагон. Ҳикоёташ бештар пандомӯз буда, хонандаро ба роҳи дурусти зиндагӣ, дарки некӣ ва бадӣ, зебоӣ ва зиштӣ, худшиносӣ ва ахлоқи ҳамида ҳидоят мекунад. Дар ҳикояи «Ҳисоби бехато» марде ба васвасаи пулёбӣ афтода, аз пулшумории бехатои писараш бехуд мешавад ва ба дасти вай як қабза пул дода мегӯяд: «Акнун нахонӣ ҳам мешавад, мактаб сари муаллимонатро хӯрад» ва ӯро бозор мефиристад.
«Тарҷумаҳои қаламиҳои ӯро аз рӯзномаву маҷаллаҳо, даҳони ҳаҷвнигорони барномаҳо, аз сайтҳои интернетӣ мехонанду мешунаванд. Замоне дар компанияи телевизионии «Ханда» саҳначаҳои хандаовари Бахтиёрро намоиш медоданд. Афсус, ки имрӯз ҷойи барномаи интизоркашидаи тамошобинон, бо филмҳои ҷангараю намоишҳои такрор ба такрор пахшшудаистода забт гардидааст», менависад дар хотираҳояш Маҳбуба Неъматзода. 
Нависанда тавассути қиссаи «Чашми рашк» хостааст баъзе иллатҳои замона ва зиндагии маишии мардумро бо хандаву истеҳзо фош кунад. Адиб асарро бо руҳияи баланди оиладорӣ, инсонпарварӣ, дӯст доштани волидайну фарзандон ва атрофиён тасвир кардааст. Дар қисса образи типии зани замонавии маҳал ё зодгоҳи адиб ба тасвир гирифта шудааст: « – Агар дарҳақиқат нағз бинед, ба ман ҳам якта аз ҳамон курта харида диҳед. Як метраш якуним ҳазор будааст. Аз қиматиаш натарсед, ҳар чӣ қадар қимат бошад, обрӯйи шумо. Дӯстонамон дида ҳавас кунанду душманонамон сӯхта муранд!» Албатта, ҳарчанд талх бошад ҳам, ин гуна хислати занҳо аз калтафаҳмиву ҳасад сар мезанад. Ҳамчунин дар қисса занҳое, ки аз мӯд қафо мондан намехоҳанду ба занҳои дигар тақлид карда либос мепӯшанд, мазаммат карда мешавад: »Гуландом куртаи «Мавҷи дарё» харидааст.Чунон нафису зебо, чунон ҳарир, ки баданаш менамояд. Аз тамошояш чашм канда наметавонед».
Албатта, бо нӯги қалам нон ёфтану оиларо таъмин намудан корест сангин. Бахти Бахтиёри Ҷумъа дар он аст, ки ҳамсари дилёбу дидадаро ва босабру дурандеш дорад. «Дар тӯли 50 соли ҳаёти якҷоя душвориҳои зиёде дидем. Азоби роҳи Самарқанду Душанбе, Душанбею Самарқанд бо кӯдакони хурдсол дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва баъд аз онро ба ёд орам, дилам озурда мегардад. Бо ин қадар душвориву азобҳои зиндагӣ ягон маротиба овоз баланд накардаанд, сахт нагуфтаанд. Фикр мекунам, барои зан хушбахтие бартар аз ин нест. Суханонамро бо ҳамин байти шоир мехоҳам анҷом диҳам:
Водареғо умри ман 
монанди як хобе гузашт,
Шодиву ғамҳои ман ҳамчун 
равон обе гузашт...», 
– менависад ҳамсари нависанда – муаллимаи собиқадор Майсара Шарофова дар хотираҳои худ.    
Шоир Паймон таманноҳои хешро бахшида ба адиб дар шеъри «Хоҳам, ки..» чунин баён намудааст:
...Хоҳам, ки чунин бимонӣ 
бо хеш,
Хоҳам, ки чунон бимонӣ бо мо.
Ҳам хокитарини хоксорон,
Ҳам зубдаи зубдаи замонҳо.
Хоҳам, ки зиӣ зи баъди 
ҳафтод,
Ҳафтоди дигар баробари ман.
Ин гуна азизи дидаву дил,
Ай дӯсти ман, бародари ман... 

Саодат БЕКНАЗАРОВА, хабарнигори «Овози тоҷик».       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: