“ШОДИЁНА” – ҒОЛИБИ ОЗМУН

Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Шодиёна”-и шаҳри Фарғона дар марҳалаи ҷумҳуриявии озмуни “Маҳалла – гаҳвораи панҷ ташаббус” ғолиб дониста шуд.

Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Шодиёна”-и шаҳри Фарғона дар марҳалаи ҷумҳуриявии озмуни “Маҳалла – гаҳвораи панҷ ташаббус” ғолиб дониста шуд. Маросими сарфарозгардонии ин озмун дар кӯшки санъати “Туркистон”-и пойтахт баргузор гардид.  
Ин озмун аз моҳи апрели соли равон то натиҷагирии он – охири моҳи ноябр идома кард ва ташаббускори он Сенати Олий Маҷлис мебошад. Интихоби ғолиби мутлақи он низ шаффоф ва дар чаҳорчӯби принсипҳои демократӣ гузашт.
Раиси Сенат Танзила Норбоева ба ғолиби озмун Арофатхон Мақсудова калиди мошини “Дамас” ва сертификати курси омӯзишӣ барои 15 нафарро супурд.
Маҳаллаи “Шодиёна” дар шаҳри Фарғона яке аз ҷамоатҳои пешқадам шумурда мешавад.  Президент ба ин маҳалла моҳи феврали соли равон ташриф фармуда, бо шароити он аз наздик ошно шуд.
– Рости гап, ҳангоми гирифтани мукофот аз дасти Раиси Сенат худро бахтноктарин зани дунё ҳис кардам. Барои расидан ба чунин натиҷа меҳнати зиёд сарф гардид. Барои ҷамоати намунавӣ гардонидани маҳаллаамон талошҳои зиёд ба харҷ додем, –  мегӯяд бо ифтихор Мақсудова.
Ба гуфтаи ӯ баҳри ама-лӣ сохтани ниятҳои наҷиби Президент, ки зимни ташриф ба ин маҳалла баён кардааст, ҷиҳати бунёдкориҳои бештар омили асосӣ гардид ва фаъолони маҳалларо водор намуд, ки беҳтару бештар кор кунанд.
– Баъди ҳамин ташрифи сарвари давлатамон бечуну чаро мо бештар масъулият эҳсос намудем ва нақшаҳои барномарезикардаамонро дар вақти муқарраршуда ба анҷом расонидем, – изофа намуд Арофатхон Мақсудова.
Дар ҷамоати шаҳрвандон 6700 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Аз ин 2 ҳазору 386 нафарро ҷавонон ва 2 ҳазору 150 нафарро занону духтарон ташкил мекунанд. 
А. Мақсудова тазаккур дод, ки баъди ташкили минтақаи саноатӣ дар ҷамоати онҳо 34 корхонаи хурду бузург таъсис ёфт ва мардуми маҳалларо ба кор таъмин намуд. 58 нафари аҳолии маҳаллаашон ба соҳибкории хусусӣ машғуланд.  42 нуқтаи савдо ва хизмати маишӣ ба мардум хизмати беминнат мерасонанд. 
Мавҷудияти маскани зиё, китобхона, мономаркази дорои 80 компутер, миниварзишгоҳҳо  мусоидат намудааст, ки аҳолии маҳалла, хусусан наврасону ҷавонон вақти холии худро пурмаҳсул гузаронанд. Соли 2021 аз ин маҳалла як гурӯҳ наврасону ҷавонон медали тиллои мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқиро ба даст оварданд ва шӯҳрати маҳаллаашонро боз ҳам боло бардоштанд. 
– Дар маҳаллаи “Шодиёна” 12 нафар зану мард соҳиби мукофотҳои давлатӣ мебошанд. Онҳо ин мукофотҳоро барои меҳнати самаранок ба даст овардаанд. 
Ба таъкиди ҷонишини раиси ҷамоат оид ба оила ва масъалаҳои иҷтимоӣ ва маънавӣ як нафар духтари эҷодкор барои ба даст овардани мукофоти давлатии ба номи Зулфия талош менамояд. 
Дар ин замина ноиби вазири маҳалла ва дастгирии оила Гулнора Маъруфова дар ин маҳалла барои амалӣ шудани нишондодҳои сарвари давлат пеш аз ҳама, бо сокинони он вориди суҳбату мулоқотҳо шуд, матолиби зиёди онҳоро шунид, ки дар миён мегузоштанд, инчунин семинарҳо баргузор намуд. Дар ин семинарҳо ҷонишинони раиси 70 ҷамоати шаҳрвандон оид ба оила, занону духтарон ва масъалаҳои иҷтимоӣ-маънавӣ ширкат карданд. 
– Барномарезии як қатор корҳо бо кумаки Гулнора Маъруфова, ки иҷрояш дар маҳаллаи мо ногузир маҳсуб меёфт, маҳаллаамонро ба яке аз ҷамоатҳои пешрафта ва тараққикарда мубаддал сохт. Барои ҳамин мо ғолиби озмун шудем, – гуфт Арофатхон Мақсудова.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: