ШОДРӮЗ

(Ҳикоя)

Муҳаммад Шодӣ
Суманхонум дар офтобрӯяи назди гулзоре, ки наберагонаш парвариш мекунанд, савори аробачаи ногироӣ, даст болои ҳам ниҳода, ғарқи хаёл нишастааст. Чанд рӯз пеш шамол хест, борон борид, ҳарорат фуромад ва Суман бо як изтироби дарунӣ фикр кард, тирамоҳ барвақт омад. Рӯзҳо батадриҷ сард шуда, аз афт, зимистон низ дар саъйи барвақттар лашкар кашидан, ҷойи тирамоҳро ишғол кардан. Вале имрӯз осмон соф ва офтоб шуълапош аст. Ҳаво муътадил. Суманхонум бо эҳсосе ба гул ва райҳонҳои пешорӯ менигарад ва фикр мекунад гӯё тирамоҳ нест, аввалбаҳор аст.
Имрӯз шастро пур мекунад. Сумане, ки дирӯз бо баҳори ҳусну тароват боғу гулгаштҳои шаҳри азимро хуррамӣ мебахшид, ҳоло... шастсола. Аз чӣ бошад, ҷашни зодрӯз – фарорасии рӯзи таваллудашро солҳои охир хуш надорад. Гумон дорад боз барге аз шохаи умраш канда шуд. Аз дарахти умраш  шохае хушкид.
Вале ҳаракат мекунад рӯҳафтода набошад. Бо шукр ва эҳсоси хушӣ истиқбол намояд ҳар субҳ, ҳар тулӯъи офтоби ҷаҳонтоб, ҳар рӯзи навро.
Ду шавҳар кард, аз ҳар ду яктоӣ духтар ёфт. Шавҳари якум-ку... хайр, бало ба пасаш, аммо шавҳари дуюмаш инсони бад набуд. Наргиси донояк ва зебояк дуюним сол дошт, асное бо Пӯлод риштаи тақдир бастанд. Пӯлод ба Наргис падарӣ намуд. Суман боз духтар таваллуд кард ва акнун Пӯлод падари меҳрубони ду духтарча, ду гулаки зебо ва шукуфон. Вале рӯзгорашон дер давом накард. Санавбар, ҳамсари аввалаи Пӯлод ба беморӣ печид. Ҳолаш ончунон ногувор... раҳми Суман омад. Эҳсоси раҳм ва одамигарӣ ончунон дар вуҷудаш туғён зад, худро, оилаи худро нагуфт, Санавбарро, ки ҳолаш торафт бештар табоҳ мегашт, фикр намуд ва шавҳарро  водошт ҷудо шаванд – вай ба оилаи пештара баргардад. Ин тавр накунад, Санавбар хазон мешавад. Мемирад... Пӯлод ноилоҷ розӣ шуд, ба оилаи аввала баргашт. Рафту Мубина монд аз вай – хоҳараки ба ҷон баробари Наргис. Суманхонум ҳамин тавр, аз нав «зани танҳо». Танҳоӣ асное ба пешонаи шӯраш муҳр зад, бисту панҷ сол дошт. Дигар хаёли шавҳар ва барпои оилаи нав ба гӯшаи хотир наоварда, ҳаёти худро ба кор, ба ду духтари ба ҷон баробараш бахшид.
Институти санъатро хатм кардааст. Дар ду театри пойтахт чун актриса фаъолият намуд. Дар чаҳор-панҷ филми бадеӣ нақшҳои хурд ва калон бозид, дар дубляж овоз дод. Ҳанӯз аз давраи наврасӣ ба чорабиниҳои мактабӣ сару бар буд, овози хуб ва марғуладор дошт, барандагӣ мекард. Ва вай, аснои фаъолият дар даргоҳҳои санъат, қабл аз ҳама чун наттоқ шуҳратманд гардид. Конферансҳое чун Суман, ки бо сеҳри сухан давраро гул кунонанд, хеле кам, тан медоданд ба наттоқӣ, сухандонӣ, бо ифода шеърхониҳои дилпазираш. Ба чӣ қадар базм ва нишастҳо, айни замон, раисӣ – барандагӣ кард, э-ҳа...
– Нанеҷон, офтоб набарад, биёед камтар давр занонам, – тохта омад Марғуба ва аробачаро бо эҳтиёт пеш ронд.
– Канӣ офтобе, ки мебарад? – маҳзун лабханд намуд Суманхонум. – Офтоби тирамоҳ. Лекин ниҳоят гуворо.
Дарвоза во шуд ва чиҳое бардошта, набераи дигараш Дилдора даромада омад.
– Нанеҷонро куҷо мебарӣ, Марғуб?
Марғуба ва Дилдора – духтарони Наргис ва Мубина. Модаркалонро «нанеҷон» мегӯянд бо навозиш.
– Ҳанӯз, овора шуда, ту аз паи чизкашонӣ, духтарҷон? – ба Дилдора рӯй овард Суманхонум.
– Тамом, дигар кӯчабароӣ нест, – хандид наберааш.
– Хоксорона шавад, хуб?
– Хуб, нанеҷони хоксори ман, оддӣ қайд мешавад шастсолагиатон. Гирди дастархони оилавӣ, – гуфт Марғуба.
Дилдора даҳон кушод:
– Дадаҷонҳо меоянд, аяҷонҳо ва... ана у... шоир амакро намегӯем?
– Шоир амакро?
– Дамин Аминиро. Телефон мекунад ҳар замон, шуморо мепурсад. Ё... нагӯем?
– Мегӯем, – гуфт Марғуба ва бо илтиҷо ба модаркалон рӯй овард:
– Нанеҷон, гӯем?
– Безобита намекунем? – гуфт Суманхонум дудила.
– Аз мо – даъват. Тавонад – биёяд. Телефонӣ табрик кунад ҳам майлаш. Шеър мехонад, будагӣ гап.
– Лекин аҷоиб шеър мехонад: буда-ндд, шуда-ндд... – духтарон хандиданд.
– Аммо Санавбар холем намеоянд, афсӯс. Беморанд, – гуфт Марғуба.
– Ҳа, Санавбарҷон бемор, – оҳ кашид Суман.
...Санавбар, палонҷи Суман, яке аз дӯстони наздики оила. Чанд сол пеш Пӯлод вафот кард ва... танҳо монд, бечора. Шукр, ду писар дорад. Вале аз дамҳое, ки бесаробон монд, ҳамеша дар дидааш ашк. Бо ду нони гарм хабаргирӣ меояд Суманро. «Ман омадам» мегӯяд, ин сӯ-он сӯ менигараду чун қаноат ҳосил кард, ки касе нест, хам мешавад пеши пойи Сумани аробачасавор ва пойҳои овезони ӯ оғӯшкунон бесадо мегиряд. 
– Ин тавр накун, хез, – зорӣ мекунад Суман. 
Пойҳои палонҷ сахттар ба худ зер мекунад Санавбар. Ва ниҳоят хеста: «Ман рафтам, хуш бош!» гӯён рафтагор мешавад.
– Алавгирӣ омадӣ? О, як дам шин!
– Боз меоям. Хайр!
ххх
Суман ба набераҳояш, ки дар ду паҳлӯяш истодаанд, гуфт:
– Наомаданаш беҳтар.
– Наомадани кӣ? – баробар пурсиданд. – Наомадани шоир?
– Наомадани Санавбар. Ҳамин ки омад, мегиряд, дили маро вайрон карда.
– Лекин бояд шоирамак ояд. Шеър хонад бахшида ба нанеҷони мо. Суруд мехонем, рақс мекунем. Зодрӯз шодрӯз мешавад. Шодрӯзи нанеҷон!
– Бале, рӯзи гиря не, рӯзи хурсандӣ аст: шастсолагӣ!
Набераҳояш чӣ қадар бо ақл, чӣ қадар меҳрубон. Духтаронаш Наргис ва Мубина – дар ду канори шаҳр. Бо навбат хабаргирӣ меоянд. Домодҳо, хайрашон диҳад, баоқибат баромаданд. Вале ин ду набера – ғамхори доимӣ. Ду-се сол аст ин ҷо монда ва модаркалони дардманди худро нигоҳубин мекунанд. Мактаб наздик. Яке – панҷумхон. Дувумӣ дар синфи шашум мехонад. Қариб ҳар танаффус тохта хона меоянд:
– Нанеҷон, зиқ нашудед?
– Нанеҷон, дорутона хӯрдед?
Як ба Марғуба, як ба Дилдора нигарист Суманхонум, ки ҳарду... «пой»-ҳои ваянд: берун мебароранд, дарун медароранд. Калонак, ки шудаанд, якҷо бардошта ба аробача мешинонанд. Ё аз аробача бо эҳтиёт ба ҷогаҳ мегузоранд. Ба даргоҳат шукр, Оллоҳ... Аммо қадрас мешаванд ҳа нагуфта. Арӯс мешаванд. «Ҳолат чӣ мешавад, Суман?»
Суманхонум худро ба даст гирифт. Фурсати ҳуда-беҳударо фикр кардан нест. Рӯзи хурсандӣ аст.
Гуфт:
– Ҳамин ҷо камтар истам. Хуб? Шумо кори худро кунед. Як даҳон гӯед шоирамакро. Тавонад, биёяд. Телефонашро медонед.
Духтарҳо аз ду ҷониб модаркалонро бӯсида, тозон аз наздаш дур шуданд.
Мераванд, таом мепазанд, дастархон меороянд. Чӣ қадар бадаступо. Ё худо, Суман вақте дар синни онҳо буд, ба газ чойгузориро метавонист халос. Ин духтарчаҳо торт мепазанд, панир ва кулчаҳои ширин мепазанд. Умрашон диҳад! Соате пеш ӯро ба ҳаммом дароварда, оббозӣ доронданд. Сарашро шустанд, ба мӯйҳояш ранг молиданд. Дар муқобили оина бо истифода аз атриёту ороишот ӯро «хушрӯ» карданд. Рӯй аз ду ҷониб ба рӯяш часпонда:
– Модаркалони аз ҳама хушрӯ!
– Модаркалони аз ҳама хушбӯ! – гуфтанд бо як овоз.
Замонҳое воқеан зебо буд.
Ҳоло-чӣ? Мӯй – сап-сафед. Пой – маъюб. Ба садамаи автомобилӣ дучор гаштанашро ҳам, э-ҳа, шонздаҳ сол пур шудааст. Бо ба ёд овардани он рӯзи машъум Суман худ бехабар монд, ки чӣ гуна тахтапушташ ларзида рафт. Селаи андешаҳои мағшуш, ки онҳоро ҳамеша пас меронд, ӯро ба таъқиб гирифтанд.
...Шиноси деринааш шоир Аминӣ арӯс мефуровард. Суманро гуфт: «Раис – худатон!»
Баъди чанд рӯзи дигар аз «чашмдид»-ҳо Мансур аз Ҷиззах омад ва ба зодрӯзи худ ӯро таклиф кард: «Баранда мешавед!» Зодрӯз ва тӯйи арӯсӣ, ки ба як вақт мувофиқ афтоданд, Суман дар вазъи ногувор монд. Ба Мансур рафта натавонистанашро гуфт ва сабабашро фаҳмонд: Ду ҳафта пеш «банд» кардааст як шоир, арӯс мефурорад. Узр!
(Давом дорад).
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: