ШОГИРДИ БОВАФО

Машъалони маориф

Тобистони соли 1990. Ёд дорам, мо хатмкунандагони мактаби рақами 43-юми деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато бо мақсади миннатдорӣ бар ҳаққи устодон дар боғи мактаб, дар ҳалқаи падарону модарон, хешу табор ва ёру дӯстон ҷашни бошукӯҳи хайрбоди мактабро ташкил намудем. Роҳбари синфамон Ҳамроҳбой Файзиев (рӯҳаш шод бод!) ба ҳамаи мо дар фатҳи қуллаҳои умед роҳи сафед хоста, байтҳои зеринро ёдрас намуда буд:
То он ки тифл хонаду соҳибҳунар шавад,
Устоди меҳрубони ӯ хуни ҷигар шавад,

Оре, ҳақ ҷониби устод аст, ки хеле зебо ва айни маврид гуфта буд. Ҳамин буд, ки мо ҳамсинфон баъди зангӯлаи охир муддатҳо аз дидори ҳамдигар ҷудо мондем. Ба нияти давом додани омӯзиши минбаъда яке ба Душанбешаҳр, дигаре ба Хуҷанди бостон, саввумӣ ба Бухорои шариф, чаҳорумӣ ба Тошкандшаҳри азим ва масканҳои дигар раҳсипор гардидем. Орзуҳои дерин ва ширин...
Инак, ҳамдаму ҳамрози мо, дӯсти қадрдон, Нуралӣ Қудратов яке аз онон аст. Нуралӣ дар оилаи бинокор, дар яке аз манзилҳои зебоманзари қаторкӯҳҳои Нурато, деҳаи Соб ба дунё омадааст. Волидонаш пас аз чор духтар бо сабуриҳои зиёд соҳиби як писар гардиданд. Падараш тарбияи Нуралиро  таҳти назорати худ гирифт ва пайваста ба китобхониву донишандӯзӣ тарғиб менамуд. Азбаски падараш бештар ба корҳои сохтмону бинокорӣ машғул буд, заҳмати тобистони  тафсону зимистони қаҳратунро борҳо кашида буд, ба Нуралӣ панд медод, ки ҳар чӣ бештар хуб хонад ва маълумоти олӣ гирад. Зеро намехост фарзанди ягонааш мисли худаш бори сахти рӯзгорро кашад. Вай ҳам гапи падарро дар замин намонд.
Нуралӣ соли 1990 бо мақсади гирифтани маълумоти олӣ ба Душанбешаҳр рафт. Ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи ҷуғрофияи Донишгоҳи омӯзгории Душанбе супурд. Дар соли 1993 пас аз хатми курси сеюми рӯзона давоми таҳсилро ба курси ғоибона баргардонда, ба зодгоҳ баргашт. Азбаски писари ягонаи оила буд, волидон паи орзуву ҳаваси худ ӯро хонадор карданд. Нуралӣ соҳиби шаш фарзанд – чор духтар ва ду писар аст. Гузашта аз ин Нуралӣ ва завҷааш Гулчеҳра соҳиби се набера гардида, сазовори номи мубораки бобову момо мебошанд.
Ҳамин тавр, Нуралӣ кори худро аз соли 1993 дар мактаби зодгоҳ ба ҳайси омӯзгор оғоз намуд. Аз ҳамон дам то соли 2012 дар мактаби рақами 21-уми ноҳияи Нурато дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла, раиси иттифоқи касаба, мудири қисми илмӣ ва ниҳоят соли 2012 ба вазифаи роҳбари мактаб интихоб гардид. Роҳи тӯлонии мактабу маориф устухони дилу ҷони ӯро пухта карда, ғайраташро қадр кард. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки имрӯзҳо ин мактаб чи дар байни макотиби кӯҳпоя ва чи ҳудуди ноҳия яке аз маъмултарин мактабҳо гаштааст. Дур намеравем, худи ҳамин сол панҷ нафар хонандаи мактаби мазкур дар озмуни ноҳиявию вилоятӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Аниқтараш дар озмуни ноҳиявӣ аз фанни забон ва адабиёт се нафар хонандааш ҷойҳои сеюмро соҳиб шуданд. Дар озмуни «Баҳси донишҳо» ва «Пайравони Зулфияхонум» низ дастпарварони мактаб иштирок намуда, соҳиби ҷоизаҳо гардиданд.
Бояд гуфт, ки Нуралӣ нафақат роҳбари мактаб, балки соҳибкори ӯҳдабароест, ки аз кори вай панд  гирифтан айни муддаост. Маҳз бо ташаббус ва роҳдониву кордонии вай ба мактаб якчанд ҳомӣ ҷалб карда шуд, ки бо дастгирии онон ҷиҳати иқтисодии мактаб рӯ ба беҳбудӣ овард. Назар ба гуфтаи худи ӯ, зодаи ҳамин деҳа тадбиркори варзида Ботур Аслиев, ки ҳоли ҳозир дар шаҳри Самарқанди бостон зиндагӣ мекунад, дар ҳар як чоряк ба талабагони аълохон 50 ҳазор сӯмӣ мукофотпулӣ медиҳад. Ба талабае, ки аз ҳама беш китоби бадеӣ мехонад, ҳадя мефиристад.
Ба қарибӣ падари муаллими забон ва адабиёти мактаби мазкур Бахтиёр Холов аз дунё гузашта буд. Ҷиҳати ҳамдардӣ озими деҳа гаштам. Рости гап, вақте аз сари кӯча мегузаштам, чашмам ба тарҳи мактаб афтод, ки ба чашми кас роҳат мебахшид. Бинои муҳташами барҳаво, ки дар қабати роҳ қомат афрохта буд, чашмони касро тасхир менамуданд. Майдончаҳои футболу волейбол, ҳавлии начандон калони гулу гулзоргашта, ороишоти мунаққашу пуробуранги беруни мактаб аз маънавияту маърифати ботинии он гувоҳӣ медоданд. 
Боре дар рафти суҳбат бо Нуралӣ пурсидам, ки бурдҳои худро дар пешрафти мактаби деҳа дар чӣ  мебинӣ? Вай кӯтоҳакак гуфт:
– Якум, дар иттифоқии ҷамоати омӯзгорон. Дар мактаб 14 нафар омӯзгорони маълумоти олидор кор мебаранд, ки дорои таҷрибаи зиёд мебошанд. Кори чанде аз онҳо дар миқёси ноҳия ва ҳатто вилоят оммавӣ гардонда шудааст. Дуюм, ин ки пойгоҳи иқтисодии мактабро аз ҳисоби ҳомиён ҷоннок намудем. Сеюм, албатта дар сари вақт иҷро намудани супоришоти маркази таълими ноҳия аст. Имрӯзҳо дар сартосари ҷумҳурӣ ба мутолиаи китоб эътибори ҷиддӣ дода шуда истодааст. Аз ин рӯ, дар миқёси мактаб бо мақсади шавқманд гардондани шогирдон ба китобдӯстиву китобхонӣ озмуни «Китобхони асил»-ро ба роҳ монданием.

Ҳикмат СУЛТОНЗОДА,
омӯзгор аз ноҳияи Нурато. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: