ШОГИРДОНИ НОМВАРИ МАКТАБ

– Ҷамоаи омӯзгорони мактаби рақами 10-уми ноҳияи Деҳқонобод Соли навро бо рӯҳияи хубе оғоз карда, неруи худро барои беҳбуд бахшидани сифати таълим масраф хоҳанд намуд, – гуфт сарвари дабистон Шӯҳрат Сориев.

Соли 2023 Соли эътибор ба инсон ва таълими босифат ном гирифт ва ин масъулияти омӯзгорро беш аз пеш дар соҳаи таълиму тарбияи шогирдон афзуд. Вай аз он изҳори шодмонӣ кард, ки ба қарибӣ 4 тан аз шогирдони мактаб зинаи вилоятии озмунҳои фанниро сарбаландона гузашта, ба давраи ҷумҳуриявии ин озмун роҳхат гирифтанд. Дар сабқати мазкур аз ноҳияи Деҳқонобод дар маҷмӯъ 9 нафар хонанда ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод чаҳор танро шогирдони мактаби рақами 10 ташкил мекунанд. Хонандаи синфи 9 Зафар Амонов аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ҷойи аввалро ишғол намуд. Аз фанни забони ӯзбекӣ хонандаи дигари ҳамин синф Бону Рӯзиқулова ҳам ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гардид. Аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик боз ду шогирди ин дабистон Ҷумъа Ашуров (синфи 10) ҷойи дуюм ва Файзалӣ Ҷумъаев (синфи 11) зинаи сеюми ғолибиятро ишғол намуданд ва ҳуқуқи иштирок дар марҳилаи ҷумҳуриявии озмунро пайдо карданд.
Барои ноил гардидан ба ин муваффақият хидмати устодони дабистон Хусрав Мирзоев, Ҳамин Холмӯъминов, Муҳиддин Норқулов, Салим Холмӯъминов (муовини директор оид ба корҳои таълиму тарбия) ва Бобоҷон Бобоев беқиёс аст.
Шӯҳрат Сориев, бо фахр гуфт, ки иддаои баъзе падару модарон дар робита ба коста шудани сифати дониш дар мактабҳои таълимашон ба забони тоҷикӣ пучу бебунёд буда, тавфиқи шогирдонаш дар сабқатҳои фаннӣ инро собит намудааст. 

Шариф ХАЛИЛ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ҚАШҚАДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: