«ШОИР АНДАР СИНАИ МИЛЛАТ ЧУ ДИЛ...»

ё назаре ба ашъори Лоиқ Шералӣ

ё назаре ба ашъори Лоиқ Шералӣ
Хирадмандон гуфтаанд, ки мардони бузург зодрӯз доранду рӯзи вафот не. Лоиқ 20-уми моҳи май зодрӯз дошт, риштаи умраш дар айни камолот бемаҳал канда шуд, аммо аз худ мероси адабии гаронбаҳо боқӣ гузошт. Хонандагони донову хушзавқ ашъори ӯро хуш пазируфтанд. Лоиқ дар таърихи адабиёт ба сифати шоири бедордил ва хушгуфтору тозабаён абадулабад монд. 
Ӯ ба арсаи адабиёт солҳои шасту ҳафтод қадам ниҳод ва худро чун шоири навовар шиносонид. Муҳимтар аз ҳама Лоиқ аз мавзӯи мавҳум ва умумигӯӣ, суханбофию қофиябозӣ парҳез кард, ба зиндагӣ ва рӯйдодҳои давру замон бо диди тоза назар андохта, ба дилҳо роҳ ёфт, ашъораш афкори хонандаро ба ҷунбиш овард, ҳиссиёти худҷӯиву худёбии ӯро бедор кард. 
Нависандаи маъруф Сорбон дар ёдбуди худ нисбати Лоиқ навиштааст, ки «Дарки шеър, қабули хотиру лутфи сухан ва устодона гуфта тавонистан дар рагҳои хуни Лоиқ ҷараён дошт. Шеъри ӯро мефаҳмам, ҳадафи орзую армонашро низ.
Ин ҳамон ҳадафи пешиниён бувад, ки дунёро софу пурнур ва одамро пок дидан мехостанд». («Адабиёт ва санъат», 25-уми октябри соли 2018).
Лоиқ «носозгорӣ» ва «нобарорӣ»-ҳоро пеш аз ҳама дар табиати мураккаб ва мухолифи худи инсон ҷуст.
Аз ин ҷост, ки дар ниҳоди қаҳрамони лирикии ӯ ду қувваи ба ҳам зид – «он яке ором, дигар исёнкор» ниҳон аст:
Яке оқил, дигар ҷоҳил,
Яке фарди ҳавоҷӯе, дигар ошиқ.
Яке масту дигар ҳушёр,
Яке лоиқ, дигар баръакс нолоиқ...
Ба қавли ӯ шоири равшандил бояд оламу одамро бо хонанда шиносонад, дилҳои торику тираро рӯшан кунад:
Гетиро хуршед агар равшан кунад,
Синаҳоро кори шеъру шоирист.
Қаҳрамони лирикии Лоиқ фарди хирадманд, ҳаётдӯст асту қадршинос. Хуб фаҳмидааст, ки «дар дунё ҳеҷ ганҷе беҳ зи ҳастӣ, умри одам нест». Ин қаҳрамон ба инсони хирадманд дилбастагӣ дорад, худро бо мардум, аҳли ҷомеа ҳамтақдир медонад. Вай аз «мӯсафедони худотарсу баор, бесавод, аммо омӯзгори сад омӯзгор ва шафоатҳои кампирҳои нимҷон, вале ҷоннисор сӯхтан ва пухтан» омӯхтааст ва умри инсонро «ганҷи бебаҳои дунё» гуфтааст, зеро «зиндагӣ бебозгашт, дам ғанимат, одам ғанимат аст». Қаҳрамони лирикӣ одамдӯст, инсонпарвар, дилсӯзу ғамгусор аст, ба инсон аз дидгоҳи пок менигарад.
Чу як пири хирад мирад,
бимирад ҷумла осорам.
Чу як ҳамсоли ман мирад,
гаронтар мешавад борам.
Агар пойи касе лағҷад,
хуни дил мехӯрам шабҳо.
Ки гӯӣ ман хатокорам,
ки гӯӣ ман гунаҳгорам...
Паҳлӯи дигари «дилсӯзӣ»-и ин қаҳрамон ба ҳама «нағмаи ноҷӯр, тинати бенур, сари холию мағрур, тани ба зоҳир солору босавлат, вале дарунковоку пӯсида» нигаронида шудааст. Аммо вай ба ҳоли чунин ашхос намехандад, сарзаниш намекунад, баръакс таассуф мехӯрад.
Ба қавли шоир шебу фарозҳои зиндагӣ ва табиати инсон мураккаб аст, барои ба он сарфаҳм рафтан каси гаҳе «зин савору гаҳе зин ба пушт» талошу ҷустуҷӯ дорад. Бузургии инсон дар он аст, ки метавонад «бо пойи чӯбин» ҳам пастию баландиҳои ҳаётро тай намуда, ба мақсуд бирасад. 
Лоиқ ба мавзӯи азалии адабиёт – ахлоқи иҷтимоӣ рӯ овард, ваҷҳи заминии онро ба қалам дод, ҳаёти инсон, фаъолиятмандии иҷтимоии ӯро дар шуури худшиносӣ ва худогоҳии ӯ дониста гуфт, ки одам ҳар чӣ қадар ҳастии худро фаҳмад, худро дарёбад, оламро дарёфтан осон мешавад. Чунончӣ «Зафар дар хештан ҳам қаҳрамонист».
Агар худро шиносӣ ту,агар худро гудозӣ ту,
Агар худро биҷӯиву биёбӣ андар ин дунё,
Биёбӣ ҳар чӣ меҷӯӣ,
Шиносӣ ҳар чӣ нашносӣ.
Расӣ ба ҳар куҷое, ки бихоҳӣ эй дилогоҳ.
Ё худ: 
Дар фалак ҷустан ситора санъат асту дар замин, 
Хештанро гум накардан низсанъат будааст.
Аз дидгоҳи Лоиқ баландиҳои инсон, миллат, халқ дар кӯҳҳои осмонбӯс набуда, дар баландии маънавиёт ва рӯҳи ӯст. («Баландиҳои мо дар кӯҳи мо нест, баландие баланд зи рӯҳи мо нест»).
Қаҳрамони лирикӣ шахси пурбардошт ва сипосгузор аст ва он чиро, ки зиндагӣ, толеъ ба вай доду надод – ҳам ширину ҳам талх, ҳам хубу ҳам бад, қаноат мекунад, аз омаду ноомади бахт наменолад:
Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама ширину талх,
Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама неку бадаш.
Шукр гӯям қисматамро бо ҳар он чӣ ҳасту нест,
Шукр гӯям бахтро бо омаду ноомадаш...
Лоиқ дар баёни мавзӯи ватандорӣ аз умумигӯии суфташуда худдорӣ намуд, ҳисси меҳри Ватанро дар суханҳои самимӣ ва равиши эҷодии озодона ифода кард:
Шоирӣ аслан ватандорӣ бувад,
На суханбофӣ ба мавзӯи Ватан.
Шоирӣ он аст, ки бо савқи шеър,
Беватанро оварад сӯи Ватан...
Қаҳрамони лирикии шоир ошиқест, ки танҳо як дил дорад ва он аз ишқи дилбар саршор аст. Ин  аз ошиқ ҳамсари умр меҷӯяд, аз саркашии маҳбуба намеранҷад, баръакс ба вай шодмонӣ, бахт орзу менамояд:
Дили ман нест чу обе, 
ки ба ҳар ҷӯй равад,
Дили ман нест насиме, 
ки ба ҳар сӯй давад.
***
Агар тақдири ман ба ту набошад,
Ба ҳар ҷое, ки бошӣ зинда бошӣ...
Бале, Лоиқ соҳиби табъу истеъдоди худодод буд. Аз суҳбатҳои Лоиқ дар Иттиҳоди нависандагон ва маҷаллаи «Садои Шарқ» бисёр баҳра бурдаам. Ҳар гоҳ ба Маскав ояд, аз ҳоли мо — аспирантон хабар мегирифт, аз вазъи адабиёт, ғановати забони тоҷикӣ ҳарф мезад, шеър мехонд, пуштибон ва ҳидоятгари забони модарӣ буд. Лоиқ аз баҳри сухан дурру гуҳар чида ба дилҳо ҷо кард, ба олами шеър, фарҳангу миллат барқосо ворид шуду дареғ, ки дунёро барвақт падруд гуфт.
Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ фармудааст:
Шоир андар синаи миллат чу дил,
Миллати бешоире анбори гил.
Лоиқ Шералӣ умре дар синаи миллати тоҷик мисли  дил тапидан дошт.

Мардон ШАРОФОВ, 
номзади илмҳои 
санъатшиносӣ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: