ШОИР ВА МУТАФАККИРИ БУЗУРГ

Бузургдошти Абай

Шоир, мутафаккир ва инсонпарвари бузург Абай Қӯнонбоев сардафтари адабиёти нави хаттии қазоқ буда, дар ташаккули забони адабии қазоқ, адабиёти хаттӣ, коркард ва ҷорӣ намудани қолабҳои нави адабӣ, ба ҳам наздиксозию аз ҳам баҳраманд гардидани адабиётҳо ва маърифатнокии халқаш саҳми арзанда гузоштааст.
Зиндагиномаи  Абай лойиқи ибрат ва омӯзиш аст. Ӯ соли 1845 дар оилаи заминдори давлатманд ба дунё омада, дар мактаби динии авули худ савод мебарорад. Падараш Қӯнанбой барои  соҳибмаърифат гаштани писараш эътибори ҷудогона медод. Нависанда ва академики қазоқ Мухтор Авезов дар ин бора чунин навишта буд:
 «Абай дар мадраса таҳсил намуда, ба мутолиаи осори шоирони Шарқ машғул мегардад. Вай аз муҳити буғикунандаи мадраса, аз миёни уламои иртиҷоӣ ва ҷоҳил ба адабиёти халқӣ ва классикии Шарқ, ки дар саҳни биёбони тираву тор ҳамчун воҳаи сабзу хуррам ва бобаракате воқеъ гардида буд, ҳарисона рӯ овард».
Воқеан, Абайи ташнаи илм на фақат асарҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ,  Саъдӣ, Ҳофиз, Низомӣ, Ҷомӣ, Навоӣ ва Фузулиро меомӯзад, инчунин асарҳои оид ба таърих ва маданияти халқҳои Шарқ навиштаи Табарӣ, Рабғузӣ, Бобур ва дигаронро аз худ карда, доираи дониш ва ҷаҳонбинии худро вусъат медиҳад. Дар зери таъсири суханварони Шарқ  «Алифбо», «Рӯйи равшан» барин шеърҳои нахустини шогирдонаи худро меофарад, ки дар онҳо манзараҳои дилнишини дашти қазоқ, хазинаи ноёб будани илму дониш тасвир шудаанд.
Бобою падари Абай, ки аз феодалҳои маҳаллӣ буда, миёни қабилаҳои қазоқ шӯҳратманд буданд, мехоҳанд, ки ӯ баъди хатми мадраса давомдиҳандаи кори онҳо дар идораи мардум ва санъати ҳукуматдорӣ бошад. Аммо Абаи илмдӯст ба хоҳиши худ истодагарӣ намуда, чанд моҳ дар мактаби русӣ таълимро идома медиҳад ва пурра ба омӯзиши мустақилонаи адабиёт мегузарад. 
Чунон ки М.Авезов дар мақолаи «Шоири бузурги халқи қазоқ» қайд кардааст, адабиёти тозабунёди қазоқ, аз ҷумла эҷодиёти Абай, дар роҳи инкишофи худ аз се манбаи муҳими адабӣ файзёб гаштааст. Яке эҷодиёти даҳанакии халқи қазоқ, дигаре адабиёти пурсарвати Шарқ – назми классики тоҷик, ӯзбек, озар ва ниҳоят маданияти рус ва ба воситаи он маданияти Аврупои Ғарбӣ ба ҳисоб меравад.  Ӯ ҳам мисли дигар шоирон ва маорифпарварони қазоқ Чӯкан Валихонов, Ибрай Олтинсарин ва дигарон аз манбаъҳои мазкур эҷодкорона истифода бурда, адабиёти нави хаттии қазоқро ба вуҷуд овард.
Дар шеърҳои «Баҳор», «Тобистон», «Тирамоҳ», «Зимистон», «Халқи ман, қазоқи ман»-и ӯ зулму тааддии боёни маҳаллӣ, беадолатиҳои замона зери танқид гирифта шудаанд. Дар ашъори шоир ба хусус тараннуми маърифат, маданият, инсонпарварӣ мавқеи ҷудогона дорад.
Дар шеърҳои Абай беадолатиҳои замона, ғаму андӯҳ ва қисмати талхи мардум бо дарду ормонҳо ифода ёфтаанд:
Эй қазоқ, эй халқи мӯҳтоҷи асиру камбағал,
Ту даҳон пӯшидаӣ бо мӯйи лаб – мӯйи дағал
Сарвати бисёр дорию гадоӣ, гушнаӣ…
Пас ҳақиқат дар куҷо?
Бояд бифаҳмӣ бармаҳал.

Дар шеърҳои «Ёди ҷавонӣ», «Ба роҳи рост рав», «Ба худат бовар кун», «Ёри дилписанд»-и Абай ростӣ ва росткорӣ, қудрату нерӯи инсон, ҳусни мафтункунандаи маҳбуба  тараннум карда мешаванд.  Порае аз шеъри ӯ «Дило, аз нав муҳаббат мепарастӣ»:
Касе, ки бе муҳаббат зист як умр,
Варо одам шумурдан нест мумкин,
Туро, бигзор, як ҷав ҳам набошад,
Вале бошад адлу дӯст, – бас ин.

Достонҳои Абай «Масъуд», «Қиссаи Азим» ва «Искандар» як навъ назираанд ба достонҳои Низомӣ, Ҷомӣ ва Навоӣ. Онҳо дар асоси сужет ва образҳои достонҳои ин суханварони мумтоз эҷод шудаанд. Ин аст, ки дар ашъори шоир номҳои шахсони таърихӣ ва афсонавии адабиётҳоямон чун Искандар, Ҷамшед, Довуд, Сулаймон, Билқис, Анӯшервон, Хизр, Юсуф, Зулайхо, Лайлӣ, Маҷнун ва дигарҳо ҳамчун санъати талмеҳ истифода шуда, зимни қаламдоди ҳодисаю воқеаҳои таърихӣ ё ривоятҳои халқӣ сифатҳои онҳо зикр шудаанд.
 «Пандҳо»-и Абай намунаи осори мансури ӯ буда, дар пайравии «Насиҳатнома»-и Кайковус,  «Қутадғу билиг»-и  Юсуф Хос Ҳоҷиб ва «Гулистон»-и Саъдӣ таълиф шудааст. Он аз 44 банди хурд-хурд иборат буда,  ба мавзӯъҳои таълимию тарбиявӣ ва таърихӣ бахшида шудааст. Чунончӣ, дар банди 32 муаллиф оиди илму дониш ва мавқеи он дар ҳаёти инсон мулоҳизаҳои ҷолиби диққатро ба миён гузоштааст.  Ба ақидаи ӯ : «Касе, ки дар талаби илм аст, пеш аз ҳама, бояд инро донад, ки ин амал якчанд шарт дорад. Онҳоро надониста омӯхтани илм бесамар аст». Сипас  як-як ин шартҳо мавриди баррасӣ қарор меёбанд, ки дар онҳо ситоиши хирад ва дониш, ташвиқоти илмомӯзӣ равшан ба назар мерасанд:
«Аввало, илму ҳунарро оқибат барои беҳтар намудани ягон кору ҳоли худ аз бар накарда, онро барои дар ҳаёт ҷорӣ намудан омӯхтан лозим аст. Зеро илмро танҳо барои донистан омӯзию бо ин қаноат намоӣ, ин илм ба кӣ даркор аст? Кас чизҳои надонистаашро бошуурона омӯзад, ин ҳузуру ҳаловати гувороест! Агар ту илмро бо меҳр  омӯзӣ, дар ту муҳаббат ба донистан боз ҳам меафзояд. Дар ин ҳолат чизҳои бо чашмонат дидаро дар дил мустаҳкам ҷой намуда, онҳоро аз худ менамоӣ...»
Аз гуфтаҳои болоӣ пайдост, ки Абай анъанаҳои назми форсу тоҷикро эҷодкорона истифода бурда, осори адабии худро на фақат бо мундариҷаи нави ғоявӣ ва воситаҳои тасвири бадеӣ бой намудааст, балки онро ба шароити ҳаёти Қазоқистон устодона вобаста карда, масъалаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоиро ба миён гузоштааст. Ӯ ба хусусиятҳои ғоявию бадеӣ ва эстетикии шоирони Шарқ пайравӣ намуда, ба муқобили ҷабру зулм, асорати занон ва беадолатиҳои иҷтимоӣ шеърҳои мондагор эҷод намудааст. Ӯ аввалин суханварест, ки дар шеъри қазоқӣ вазни арӯзро татбиқ намуда, калимаю ибораҳои форсию тоҷикӣ ва арабиро устокорона корбаст намудааст. Ҳамчун шоири навовар ба назми қазоқ ғазал, рубоӣ, қитъа, маснавӣ барин жанрҳо ва шаклҳои нави адабии мусаддас, мусамманро ҷорӣ намудааст.
Як қатор шеърҳои Абай дар тарҷумаи Гулчеҳра Сулаймонова, Ғаффор Мирзо, Бобо Ҳоҷӣ, Акобир Шарифӣ, Ш.Мастон, С.Ҳалимшо ва дигарон дастраси хонандагони тоҷик гардида бошанд, дар тарҷумаи ашъор ва  «Пандҳо»-и ӯ ба забони ӯзбекӣ саҳми Миртемир, Носир Фозилов ва дигарон калон аст. 

Абдусалом САМАДОВ, 
академики Академияи фанҳои Турон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: