ШОИР ВА МУТАФАККИРИ ДАРЁДИЛ

Президенти кишварамон дар нимаи моҳи марти соли равон «Дар бораи васеъ омӯхтан ва тарғиб намудани мероси адабии шоир ва мутафаккири бузурги қазоқ Абай Қӯнонбоев» қарор доир намуда буд.

Хабарнигорамон дар партави он бо академики Академияи «Турон»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон, академики Академияи фанҳои гуманитарии Ҷумҳурии Қазоқистон Қолдибек Сейданов суҳбат орост.
– Устод, Қолдибек, пеш аз ҳама хонандагони рӯзномаро мухтасар бо зиндагиномаи шоир ва мутафаккири бузург Абай Қӯнонбоев ошно мекардед.
– Инҷониб ҳоло наметавонам бесипосгузорӣ ба сарвари мамлакат, ки чунин қарорро доир намудааст, ҳарф занам. Оташаки дӯстиву бародарӣ ва қаробатҷӯйӣ дар дили халқҳои дину урфу одаташон муштарак ҳамеша фурӯзон буд. Ҳамин  оташакро Президентамон бо фармону қарор ва рафту омадҳояш ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя фурӯзонтар кард. Халқҳои ӯзбеку қазоқ ин қарорро бо мамнуният қабул карданд.
Фарзанди бузурги халқи қазоқ, оқини равонтабъ Абай Қӯнонбоев 10 августи соли 1845 дар домани кӯҳи Чингизи вилояти Қазоқистони Шарқӣ – деҳаи Қашқабулоқи ноҳияи Абай дида ба дунё кушодааст.
То 10-солагӣ дар тарбияи падару модар буд, сипас дар мактаби куҳна аз омӯзгорони овулаш савод омӯхт. Дертар дар шаҳри Семипалатинск дар назди муллоёни тотор Абдуҷаббор, Аҳмад Ризо ва дигарон сабақ мегирад. Овони дар мадраса таҳсил кардан забонҳои арабӣ, форсӣ ва туркии чиғатоиро амиқ меомӯзад, осори ба ин забонҳо офаридашударо мавриди мутолиа қарор медиҳад. Дар соли сеюми таҳсил дар мадраса як муддат дар мактаби русӣ мехонад, бо ақидаи маорифпарварони рус ошно мешавад. Абай аз овони 10-солагӣ ба шеъргӯйӣ пардохтааст.
– Шумо изҳор доштед, ки Абай забонҳои арабӣ, форсӣ ва чиғатоиро амиқ омӯхта, осори ба ин забонҳо офаридашударо мавриди мутолиа қарор додааст. Ин гуфтаро шарҳ медодед.
– Вай бо осори намояндагони адабиёти форс-тоҷик Абулқосими Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофиз, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ӯзбек Алишери Навоӣ, Фузулӣ Шамсӣ, Сайқалӣ ҳусни таваҷҷӯҳ доштааст. Мухаммасҳои ӯ ба шеъри шоирони Шарқ низ далели ин гуфтаанд.
Адиби бузурги қазоқ Мухтор Авезов бар он аст, ки дар камолоти Абай Қӯнонбоев се мактаб нақши муҳим доранд. 1. Эҷодиёти шифоҳии халқи қазоқ. 2. Осори шоирони Шарқ, мисли Абулқосими Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Хоҷа Ҳофиз, Саъдии Шерозӣ ва Алишери Навоӣ. 3. Осори адибони бузурги рус ва Аврупо. 
Абай як муддат дар корҳои роҳбарӣ кор карда, вале дертар аз корҳои идорӣ даст мекашад. Зеро нобаробарӣ, беадолатӣ, зӯроварӣ, порахӯрӣ ва дигар амалҳои ношоистаро бо чашми худ дида, нафраташ ба зимомдорон ва сохти ҳукмрон меафзояд. Вай роҳи ягонаи наҷоти халқро дар маърифатнокии ӯ дидааст. Дар шеърҳояш ба дӯстиву ваҳдати халқ, адолат ва инсонпарварӣ арҷ гузоштааст. Абай ҳамчунин ҷавононро ба илм омӯхтан ва соҳибмаърифат гардидан даъват намудааст. Вай дар он ақида буд, ки роҳи ягонаи наҷот аз ботлоқи ҷаҳолат ин маърифатнокии инсонҳост.
– Ба хонандагон доир ба мероси адабии Абай мухтасар маълумот медодед.
– Абай Қӯнонбоев натанҳо адиби бузурги халқи қазоқ, балки яке аз маърифатпарварони саршиноси Осиёи Марказӣ низ мебошад. Зиндагинома ва мероси адабии ӯ дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ ва олии Ӯзбекистон низ омӯзонда мешавад.
Аз Абай ба имрӯзиён асаре бо номи «Насиҳатнома» (45-то панду насиҳатро дар бар мегирад), 4-то достон: «Искандар», «Ривояти Азим», «Масъуд», «Вадим» ва беш аз 200-то шеър ба мерос мондааст.
Абай ба писараш – Оқинбой тавсия додааст, ки дар пайравии достони «Сабъаи сайёр»-и Алишер Навоӣ асаре нависад. Номи яке аз набераҳояшро Бобур гузоштааст. Ин аз муҳаббати ӯ ба осори ду намояндаи бузурги адабиёти классикии ӯзбек гувоҳӣ медиҳад. Абай дар достони «Искандар»-и худ ҳариси молу дунё буданро сахт мазаммат кардааст.
Сужети асар аз ривоятҳои Искандари Мақдунӣ бармеояд. Искандар дар рафти юришҳояш шаҳреро ишғол намуда, дар байни ғаниматҳо чашмаш ба кӯзачаи сернақшу нигоре меафтад. Ӯ зару зевари ҷамъовардаашро як-як ба кӯзача мепартояд. Вале он пур намешавад. Аз зердастонаш хоҳиш ҳам мекунад, ки онҳо низ ғаниматҳояшонро андозанд. Бо вуҷуди ин, кӯза пур намешавад. Искандар аз пири хирадманде, ки дар юришҳояш ҳамеша ҳамроҳӣ мекард, сири ин ҳодисаро мепурсад. Пири хирад ҷавоб медиҳад, ки ин кӯзача косахонаи чашми инсон аст, ки танҳо аз як каф хок пур мешавад...
Шоир ва мутафаккири дарёдили қазоқ моҳи июли соли 1904 дар синни 59 аз олами фонӣ ба олами боқӣ реҳлат кардааст.
Дар ҷумҳурии ҳамсоя – Қазоқистон имрӯз бисёр шаҳру деҳа, кӯчаву гузарҳо ба номи Абай Қӯнонбоев гузошта шудаанд, ки аз меҳри бепоёни халқ ба фарзанди бузургаш гувоҳӣ медиҳанд.
– Устод, барои суҳбати пурмуҳтавоятон ташаккур.
– Саломат бошед.

Суҳбаторо
А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: