ШОИРЕ ОЯД ПАСОВАНДИ ДИГАР...

Воқеан дар лаҳзаҳои ҷудоӣ нисбати шахси наздиктарин – ҳам устоду ҳам дӯст, ҳамқадаму ҳампаймон чизе навиштану чизе гуфтан кори сангин аст.

Сӯхтӣ як умр баҳри миллати худ, сӯхтӣ,
Дар сарои фаҳмҳо шамъи хирад афрӯхтӣ,
Сӯйи фардо дидаи уммеди худро дӯхтӣ,
Дарси душвори худогоҳӣ ба мо омӯхтӣ.
Воқеан дар лаҳзаҳои ҷудоӣ нисбати шахси наздиктарин – ҳам устоду ҳам дӯст, ҳамқадаму ҳампаймон чизе навиштану чизе гуфтан кори сангин  аст. Вақте ки ҷияни шоир, драманавис, мутарҷим, узви Шӯрои Анҷумани байналмилалии тоҷикон, узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ – Соҳибҷон занг зада, аз чашм аз олами ҳастӣ пӯшидани амакаш хабар дод, дилам фишурда шуд, ҳатто барои ҳамдардӣ чизе гуфта натавонистам. Ба гирдоби хаёлот ғӯта зада, зиндагиномаи марҳум, сафару суҳбатҳо дар сари қаҳванӯшӣ, шатранҷбозӣ, мутолиоти дастхатҳои ӯ пеши  назар омад...
Ӯ 31 июли соли 1943 дар деҳаи Қаволаи ноҳияи Самарқанд дар оилаи зиёӣ ба дунё омад. Шоири номдор Орифи Гулханӣ, ки дӯсти наздики хонаводаи онҳо буд, ба падари бузургвори тифлак Неъматбобо меҳмони навро табрик гуфта, маслиҳат дод, ки ба писарча Ҳаёт ном гузоранд. Бигузор ба ҳаёти халқ сулҳу амният оварад... 
Ҳаёт мисли ҳамаи бачагон шӯху беқарор буд, ки аз дарахти тут афтода миёнаш сахт лат хӯрд. Волидайни дилсӯз писари азизи нахустини хешро ба чанд табибу шикастабанд бурданд, вале суде набахшид. Кадоме маслиҳат дод, ки ба бемористони Намозгоҳ хобондан лозим.
Қисмати талхи писарча будааст, ки дар ин ҷо вай беш аз чаҳор сол бистарӣ гардид. Табобатхона мактаб дошт, ки таълимот ба забони русӣ буд. Ҳаёт Неъмат дар соли 1950 дар синфи якум таҳсилро оғоз намуд. Муаллимон бисёр сахтгир буда, толибилмон ба дарс бо дафтари қайди ҳарорати бадан меомаданд. Агар дар вақти тафтиши вазифаи хонагӣ бемор талаба  омода набошад, омӯзгор мегуфт, ки табат аз меъёр боло нест, пас барои иҷро накардани вазифаи хонагӣ баҳоят «ду!» Аммо Ҳаёт Неъмат ҳамеша аълохон буд.
Вай соли 1952 баъд аз банди қолаби гаҷӣ раҳоӣ ёфтан ба хона омад, ки акнун ҳавлии онҳо дар шафати мадрасаи Нодир Девонбегӣ ҷойгир шуда буд.
Ҳар рӯзи панҷшанбе, ки мардум «бегоҳи ҷумъа» мегуфтанд, мӯйсафедони гузари Хоҷа Ахрори Валӣ дар меҳмонхонаи онҳо ҷамъ омада, палави болаззат пухта мехӯрданд ва баъди ошхӯрӣ суҳбати хоссаи  адабию мусиқӣ оғоз меёфт, ки то поси шаб идома меёфт. Бобои Ҳаёт Неъмат Мулло Ҳасани Чӯҷа ва имом-хатиби масҷиди ҷомеи Хоҷа Ахрори Валӣ шоир Ҳамидуллоҳ  Лутфии Панҷшанбегӣ шеър хонд ва мусиқӣ навохта, ба ҳар рукни шеър донаи тасбеҳ партофтанд, ки садои аҷиб танинандоз мегардид. Ҳозирон аз Хоҷа Ҳофиз, Мирзо Бедил,Ҷомӣ, Шайх Саъдӣ, Туғрал ва дигарон қироат карда, дар қалби кучаки Ҳаёт Неъмат меҳру муҳаббатро ба назм бедор мекарданд.
Шояд аз ҳамин сабаб вай солҳои таҳсил дар мактаби миёнаи рақами 16-уми ноҳияи Самарқанд ба шеъру шоирӣ дил баста, намунаҳои ашъораш дар рӯзномаву маҷаллаҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон пайваста рӯйи чопро медиданд.
Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ муаллифи китобҳои «Шир, Шеър, Шер», «Фарҳанги вожаҳо ва ифодаҳои мардумӣ дар осори Мавлавӣ», «Сипеҳри орзу», «Тоҷикам! Аз куҷо то ба куҷоӣ?» ва ғайра мебошад.
Утоқи кории кӯчаки ӯ бо тасвирҳои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Умари Хайём, Хоҷа Ҳофиз, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва дигарон ороста аст. Вай пас аз ба нафақа баромадан аз вазифаи сарҳисобчии садорати таълими халқи вилояти Самарқанд рӯзу шабҳои дароз китоб мехонду сер намешуд ва тавассути мутолиа бо одамони нав, ҳодисаҳои мушаххас шинос гардида, худ асарҳои тоза эҷод мекард.
Устод Ҳаёт Неъмат ба  Эрон, Афғонистон, Исроил, Амрико, Англия сафар кардааст. Тоҷикистон хонаи дуюми вай буд, ки ҳафтаҳо, моҳҳо рафта бо нашри китоб машғул мегашт. Албатта шоҳмот ҷону дилаш буда, боре президенти ФИДЕ Компоманес ҳангоми ташриф дар Самарқанд бозиро якбора бо чанд нафар ташкил дод. Ҳаёт Неъмат бо ӯ бозид ва пирӯз гардиду тахтаи шоҳмотро барои хотира гирифт.
Рости гап, мо ҳам рӯйи тахтаи шоҳмот «набардҳои шадид» дошта, шабро рӯз мекардем. Дар  Тоҷикистон, Арманистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон шоҳиди нотиқии ӯ дар назди издиҳом ангушти ҳайрат газидаам.
Аз ҳама муҳимаш он аст, ки Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ бо ҳамсари меҳрубону вафодораш Олия Исматова се нафар фарзандонро тибқи талаби замон ба воя расонд. Гулдухтаронаш Шоҳидабону ва Камола омӯзгор ва ягона писараш Беҳзодҷон ҳунарманд аст.
Рӯзи душанбеи гузашта мардуми бисёр барои ба роҳи охирин гусел кардани Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ ҷамъ омаданд. Қабл аз ҷанозаи марҳум профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Садрӣ Саъдиев ба сухан баромада, хислатҳои неки Ҳаёт Неъмати Самарқандиро як-як гуфт.
– Самарқанди бостонӣ талафоти бузург дид, – иброз дошт нотиқ, – марги ин марди шариф, инсони комил хеле андӯҳу ғам  овард. Вай барои миллату забони модарӣ хидмати шоиста кардааст.
Сипас мардуми бисёр тобути ӯро рӯйи дасту болои китф то қабристони Хоҷа Кавшер бурда, ба шафати волидайн ба хок супурданд.
Аз Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ шеърҳои зиёде боқӣ мондаанд, ки ҳофизон ба чанде аз онҳо оҳанг бастаанд.
Яке аз он шеърҳо чунин мисраъҳо дорад:
Дар Самарқанд ҳаст як тоҷик агар,
Шоире ояд пасованди дигар!
Аз азал гаҳвораи назму сухан,
Сайқали рӯи замин, шаҳри куҳан...

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: