Абай Қӯнонбоев 10 августи соли 1845 дар овули Қашқабулоқи ноҳияи Абайи вилояти Қазоқистони Шарқии ҳозира дида ба дунё кушодааст.
Бобои Абай Ӯлҷойботир буда, аз ӯ Иргизбой, аз Иргизбой Ускенбой, аз Ускенбой падари Абай Қӯнонбой таваллуд шудааст.
Қӯнонбой Ускенбоев инсони боқатъияту серталаб, вале нисбат ба рақибонаш бераҳм буд. Модари ӯ Улҷон зани донову меҳрубоне будааст. Модаркалони Абай (модари Қӯнонбой) зани дилсӯз ва соҳиби эҳтиром буда, шоири ояндаро навозиш мекард ва ба ӯ афсонаҳои зиёдро гуфта медод. Абай дар овули Эски том даставвал аз Мулло Ғабитхон илм мегирад. Дар 10-солагӣ дар мадрасаи Аҳмадризои шаҳри Семей мехонад. Забонҳои арабӣ, форсӣ ва чиғатоиро мукаммал меомӯзад.
Дар натиҷа бо асарҳои шоирони классики Шарқ Фирдавсӣ, Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз, Ҷомӣ, Навоӣ шинос шуда, аз онҳо илҳом мегирад. Абай шеърнависиро аз 10-солагӣ оғоз кардааст. Шеърҳои нахустини ӯ «Алифбо», «Рӯяш пурнур – чашмаш гавҳар», «Кӣ бошад ин шутурронда» мебошанд. Умуман, шоир шакл ва мазмуни шеърияти қазоқро баланд бардоштааст. Шеъри ӯ «Ӯлан — шоҳи сухан, сураи сухан», ки соли 1886 навишта шудааст, ба ин мисол шуда метавонад.
Дар ин шеър нигоҳи шоирона ва фалсафии Абай ифода ёфтааст. Мавзӯъҳои бахшида ба ҷавонон дар эҷодиёти Абай мавқеи хосса доранд. Шоир афсӯс мехӯрад, ки дар ҷавонӣ дониши хуб омӯхта натавонистааст ва ин мазмунро дар шеъри «Дар ҷавонӣ ба дунболи дониш нарафтам» ба қалам дода, гуфтааст, ки дар ҷавонӣ аз пайи илм нагаштам, баъди ба воя расидан донистам, ки дер шудааст.
Шоир дар шеъри «Илм надорӣ, худситоӣ макун» изҳор доштааст, ки илму дониш бояд дар хидмати халқ бошад ва ҷавононро ба азхуд кардани илм даъват кардааст. Дар шеърҳои «Хеши касе фавтад, ғамшарик бош», «Ман ӯланро беҳуда наменависам», «Ҳаштпо» ва монанди инҳо фикру андешаи худро доир ба ҳамқадами замон будан баён намудааст.
Абай ба шеърияти қазоқ шеърҳои шаш ва ҳашт ҳиҷоиро дохил кардааст. Яке аз дурдонаҳои эҷодиёти Абай шеърҳои насиҳатомези ӯ мебошанд, ки ҳар кадом аз 45 калима иборатанд. Насиҳатҳо масъалаҳои илмӣ, фалсафӣ ва диниро дар бар мегиранд. Насиҳатҳои Абай дар охири умри ӯ навишта шудаанд (солҳои 1890-1898).
Адабиётшиноси бузург М. Авезов доир ба аҳамияти тарбиявӣ доштани насиҳатҳои шоир чунин гуфтааст: «Насиҳатҳои Абай ҷиҳатҳои ба худ хоси тарбиявӣ доранд, андарзҳои ӯ ба масъалаҳои ахлоқӣ, инсонпарварӣ ва танқидию фалсафӣ бахшида шудаанд».
Ба кадом мақсад навиштани ин асарҳоро аз «Сухани аввал»-и шоир донистан мумкин аст. «То ба ҳамин синну сол расидан чӣ умре дидам, намедонам, ба ҳар ҳол тамоми умр баҳс кардам. Акнун куҳансол шудаам. Ба назарам корҳои то ин дам иҷрокардаам ҳамааш бемаънӣ буданд. Ниҳоят, ба чунин хулоса омадам, ки ҳамаи фикру мулоҳизаҳоямро ба рӯйи коғаз оварам, коғази сафеду ранги сиёҳро ба худ чун шуғл қабул кунам. Ба касе, навиштаҳоям маъқул шаванд, мехондагист, маъқул нашаванд, натиҷа мегирам, ки онҳо барои худам навишта шудаанд».
Абай мероси ғании халқашро омӯхта, ба шеърияти он натанҳо тозагиҳо даровард, балки жанри адабиётшиносиро ривоҷ дод, онро ба қуллаҳои баланд бардошт. Шеър, насиҳат, ӯлан ва дигар асарҳои ӯ ба ин мисол шуда метавонанд. Омӯхтану баҳо додан ба онҳо ба насли наврас ҳавола.
Эргаш АБДУВАЛИТОВ,
профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории
ба номи Низомии Тошканд.