ШОИРИ ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗИ САМАРҚАНД

Ёдам нест, ки Адаш Истад замони донишҷӯиаш шеър мегуфт ё не.

Ёдам нест, ки Адаш Истад замони донишҷӯиаш шеър мегуфт ё не. Вале он рӯзгор ва алҳол низ метавонам гувоҳӣ диҳам, ки Адаш аз оғоз табъи шоирӣ дошт.
Ашъори Адаш Истад аз солҳои дуҳазорум сар карда, дар нашрияҳи Самарқанд ва “Овози тоҷик” ба чоп расидаанд. Соли 2007 дар Душанбе маҷмӯаи  ӯ нашр шуд, ки як қисми он аз шеърҳояш иборат аст.
Осори  Адашро метавон таърихномаи манзуми шаҳри бостонии Самарқанд унвон кард. Ҳамчунон ки Ғ. Маҳмудов мушоҳида кардааст, “пеш аз Адаш Истад дар бораи Самарқанд шеърҳои зиёде гуфтаанд, аммо, мутаассифона аксар аз тавсиф дур нарафтаанд. Шеъри озод имкон додааст, ки Адаш Истад ба мавзӯъи Самарқанд мушаххасан муроҷиат кунад ва образҳои тоза биофарад. Манораҳоро аломати хитоб ва мадрасаҳои Регистонро киштии ба рег нишаста гуфтан гапи нав аст”.
Яке аз беҳтарин шеърҳои шоир қасидаи “Самарқанду Бухоро” мебошад, ки Адаш онро ба устоди зиндаёд Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ бахшидааст. Ин шеър баҳонае будааст, ки шоир чашми тафаҳҳус ба гузаштаи Ватани фарҳангиаш андозад. Бинобар ин шеър оганда аз ҳасрати меҳанпарастона бар гузаштаи шукӯҳманди Самарқанд ва ифтихороти  фарҳангии он аст. Ҳасрате, ки шеър огандаи он аст, шоирро лаҳзае  ҳам раҳо намекунад, зеро гузаштаи Самарқанд пур аз рифоҳ, ифтихорот, осоиш ва асбоби сарбаландиҳост. 
Ифтихор ва умед муҳраи маънавии ин шеър буда, хулосаи шоир  дар сатрҳои зер ифода ёфтааст:
Бухорою Самарқандам ба дасташ 
оташи ҷовид,
Чароғи раҳнамое дар шабистон 
метавон гуфтан.
Ба каф ҷо(м) нақши Хайём андар ин 
шаҳр мегардад,
Ва ин дуро зиёратгоҳи риндон 
метавон гуфтан.
Ба марзи донишу фарҳангу авҷи 
сарбаландиҳо,
Ҳимолою Бадахшону Тиёншон метавон 
гуфтан.
Даригӯянд дар ҷаннат ҳама ҳуру париён 
ҳам,
Ва ин дуро суханзори париён метавон 
гуфтан.
Самарқанду Бухоро каъбаи хоки 
Хуросонанд,
Ва ҳар дуро ду чашми поки Яздон 
метавон гуфтан.
Шеърҳои Адаш Истад ҷуғрофиёи дирӯз ва имрӯзи Самарқандро дар худ ғунҷонда, аз таърих ва фарҳанги он ба мо қисса мекунанд, қиссаи шоирона  ва ормонӣ. Яке аз ҳамин гуна шеърҳои шоир, ки “Ҳавзи Хоҷа Аҳрор” ном дорад, сурат ва сирати маънавии як гӯшаи табиати Самарқандро дар худ ғунҷондааст. Шеър тарҷумаҳолӣ буда, пайванди ҷисмонӣ ва маънавии шоирро бо гузашта ва имрӯзу фардои як гӯшаи диёраш таъйид мекунад. Вале маънии аслии шеър дар андешаҳо ва тасвирҳои рамзӣ пинҳон аст. Суоли поёни шеър:
Шумо аз ҳавзи 
нопайдои пурасрор,
ки ӯро ном бошад 
Хоҷаи Аҳро(р),
хабар доред?!
ва ҳикмати пири тариқат – “дил ба ёру даст ба кор” хонандаи огоҳро барои дарёфт ва шинохти маънии аслии шеър ҳидоят мекунад. Муроди шоир аз тавсифи ашё – ҳавз худро дар ашё ва ашёро дар худ дидан аст, яъне дарёфт ва шинохти “баландиҳои руҳи поки садҳо аз бузургон”, ки омили аслии бақои ашё ва инсон низ ҳаст.
Шеъри Адаш Истад “Ҳавзи Хоҷа Аҳрор” таъкид бар он дорад, ки ҳамаи ашё нисбат ба инсон бадан аст ва инсони комил ҷони ҳамаи ашёст. Хулосаи саҳеҳи шоир ин аст, ки кулли ашё, аз ҷумла Ҳавзи Хоҷа Аҳрор низ ба инсон робитаи маънавӣ дорад.
Адаш Истад дар ин шеър ва баъзе шеърҳои дигараш навъе ҳолати орифона ба худ мегирад ва гоҳо аз худ бехуд мешавад дар паҳнои бекаронагии ашё. Дар ин ҳол ӯ ориферо мемонад, ки ба ҷои маъбуд мехоҳад ба ашё пайванд шавад ва сар ба саҷда ниҳад дар маъбади ашё ва инсонҳо.
Шеъри муосири тоҷик дар тӯли   анқариб як асри охир аз ирфон фосила гирифт. Дигар маъниҳои “ишқи ҳақиқӣ” ва “ишқи маҷозӣ” на ба ҳама дастрас аст. Пораҳои шеъри ирфонӣ, ки Алиасғари  Шеърдӯст дар эҷодиёти баъзе шоирон мушоҳида кардааст, вусъати тафаккури ирфонӣ надоранд. 
Дар мисоли шеъри зикршуда метавон таъкид кард, ки дили Адаш Истад ба ҳама мавҷудоти табиат ғояти наздикӣ ба Ҳақ дорад. Бинобар ин ҳам шоир таъкид бар он дорад, ки ҳамаи ҷузъиёт, ки ба асли худ бозмегардад, ваҳдати ҳамон мавҷудотро нишон медиҳад. Пас, дар ин роҳ шоир ва хонандааш низ солике ҳастанд, ки барои шинохти ҳамин ваҳдат мекӯшанд, тариқати расидан ба мабдаи аслро тай карда, усули расидан ба камолоти ҷисмониву маънавиро дармеёбанд.
Камолоти маънавиву ҷисмонӣ ва дарки амиқи моҳияти иҷтимоиву фарҳангии воқеияти рӯзгор ва ахлоқи иҷтимоъ бе худошиносиву худшиносӣ ғайри имкон аст. Адаш Истад аз ҳамин роҳ ба дарки ҳаводиси таърихӣ ва фарҳангӣ ва шинохту тафсири бадеии он даст ёфта ва аксаран муваффақ ҳам шудааст. Шеърҳои “Рӯъёи таърих”, “Суруди тоҷикӣ деврони ман аст”, “Сайқал”, “Шоҳигарии абадӣ”, “Аз Регистон мегузаштам” ва ғайра аз ҳамин гуна осори пурарзиши ӯянд. Агар ӯ диди амиқ, камолоти маънавию ҷисмонӣ ва ҳофизаи солими таърихиву миллӣ намедошт, дар шеъри “Рӯъёи таърихӣ” моҳияти зиддиинсонӣ ва фарҳангкушӣ “Замони зоғҳои сиёҳ, Замони даҳшат, шоҳигарии ваҳшат”-ро, ки мутаассифона ҷузъи сарнавишти таърихӣ ва фарҳангии халқи мост, ба ин сароҳат дар шеъраш инъикос карда наметавонист. 
Ин шеър фаҷоеъи фарҳангии замони хосро, ки дасти таарруз ба номуси маънавию суннатии мардум дароз карда буд, ба василаи тасвири ҳоловар ба сурати таъсиргузор  фош месозад, ки хеле муассир ҳам ҳаст. Шоири худшиносу худошинос аз он ки “Регистони пир бе шайху шоиру пир” монд, “Шоир-муллоҳо дар табъид – дар Сибир”-анд ва “Қуръонро дар ҷилди Ҳофиз бо худ бурдаанд”, ранҷ мебарад. Вале қаҳрамони лирикии шеър, ки меросбари содиқ ва миллатпарасти фидокор аст, ноумед нест, балки саҳнаро холӣ намебинад, зеро онҳое, ки “бо дастони аз сармо карахт  дар ҷангали Сибир мебуриданд дарахт”, Ҳофизро дар ҷилди Қуръон ба” ӯ супурдаанд. Ин меросбари содиқ ва фидокор аз он ки “ягон азонгӯй намонда буд ва мурғи ҳақгӯй низ” ранҷ мебарад “ва занҷири қулфи дари манорро” гусаста, худ “аз сари манор” азон мегӯяд” аз мағзи ҷон”, “бо дили сӯзон”, ”ба забони тоҷикии булбулӣ.” Дар ин ҳол:
Одамон лолу ҳайрон,
Онҳо садои булбулонро 
фаромӯш кардаанд,
Танҳо дарахти урёну манорҳои 
бесар ба салот истодаанд.
Вале як хурӯсак садои 
азонро шунид,
Ва бо садои ноҳамгун 
пайравӣ намуд.
Барои ҷеғи нобаҳангом
 хурӯсакро куштанд,
Маро девона гумон карда аз 
регистон ронданд.
Маро дигар ҳамовозе нест,
Ҳампарвозе нест.
Вале дарахтони боғистони 
Регистон,
Навои азони булбулиро бовар 
кардаанд.
Ва дар он чиллаи зимистон,
Рӯзи дигар ҳама бишкуфтанд,
Либоси арӯсӣ ба бар карданд.
Оре!
Ҳастанд ононе, ки ба ин сармо 
туф кардаанд!
Вале шоири фарҳангпарвару ҳуввиятхоҳ аз канори ин фаҷоеъ наметавонад бепарво бигзарад. Ранҷ мекашад ва бисёр мехоҳад ба ҳар қимате бошад, гузаштаро ҳифз кунад, дирӯзи нурборро бозгардонад ва фардои эҳёгарро бо ормонҳои созанда қарини дилу руҳи ҳаммиллатонаш гардонад. Шоири миллатдӯсту эҳёгар дар қоби андешаҳояш ба фаросӯи таърих меравад ва суруди тоҷикиро деврони  худ медонад, ба умеди раҳоӣ аз чанги девон. Бо хаёли раҳоӣ аз нобудӣ Самарқанди қандмандро дар хобу бедориаш пай мезанад, “Самарқанд”-ро сайқал” мезанад ва яқин мекунад, ки
Ин вожа зинда аст,
Ба мисли кӯдакак аст.
Сайқалгариаш “Меҳрубониву навозиш аст, молишу ситоиш аст.” Шеър бо мисраъҳои ормоние хатм мешавад, ки ҳисси ҳар хонандаи худшиносу миллатдӯстро такон медиҳад ва шӯълаи умедро дар дили ӯ зинда медорад: умеди бо ватан будан, бо ватан зистан!
Оқибат,
Ҷилои табассуми ӯро мебинам!
Ба ман ҳамин кофист,
Дилам чун оинаи сайқалхӯрда 
мешавад...
Шеъри “Дарвозаи Самарқанд” аз асолати ахлоқии ин шаҳри қандманд  меоварад, вале ҳушдори ахлоқии шоири ин шаҳири дар гузашта барозанда ҳар каси баномӯсро такон медиҳад:
Аз шаҳри орзуи Муҳаммад
 паёмбар,
Дарвозаҳои биҳиштӣ нопадид 
шуд.
Танҳо яке бимонд
Аз Хоҷа Аҳрор,
Ин ҳам фақат ба ном.
Аз дарвозабон ҳам ному нишон 
намонд,
Чуғде даруни рахнаи як бурҷ 
лона кард.
Мехонд ин ҳуруф:
Даюзагар – зиёд,
Дарвозагар намонд.
Шеърҳои “Тазод”, “Чорсӯ”, “Дар Регистон истодаам...”, “Эронзамин”, “Муғи афсонавӣ”, “Аломати хитоб”, “Шаби Регистон” ва чанди дигар ёдовари шаҳомати ахлоқии ин шаҳри ободу озода ва фарзандони шарафманди онанд. Рӯйи сухани шоир дар ин гуна шеърҳо, пеш аз ҳама, ба насли баорият ва меросбарони содиқи суннатҳои неки ахлоқии  аҷдодист ва як навъ ҳушдор низ ҳаст.
Адаш Истад дар шинохти инсонҳо, сурату сирати онҳо низ зеҳнияти қавӣ ва хос дорад. Шеърҳои “Ба Сироҷиддини Хумӣ», “Ба наққоши Самарқандӣ Аслиддини Исо», “Ва шамс ба шумо...” чеҳраи поки инсонӣ ва ҳунарии фарҳангиёни арҷманди диёрро ба равшанӣ таҷассум намудаанд, ки ба наҳве зиндадори оини инсоншиносӣ ва ёриву бародариянд.
Адаш ба тарзи худ шеър мегӯяд. Ба касе пайравӣ ҳам намекунад. Шеърҳояш тасвириву дилангезанд. Асосан шеъри озод ва нимоӣ мегӯяд. Муҳимтарин хусусияти тарзи нигориши ӯро диди таҳқиқию таҳлилӣ, андешаву мулоҳизаҳои ҳақшиносона, тафсилоту ҷузъиёти ҷараёни фикру ҳис  ва ковишҳои руҳӣ ташкил  медиҳад ва ин  равиши ҳунарӣ омили аслии нуфузи андешаву орои шоиронаи ӯ бар зеҳнияти хонанда хоҳад буд.
 
Ҷумъа ҲАМРОҲ,
мудири кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои 
шарқи хориҷии Донишгоҳи давлатии Самарқанд,
доктори илмҳои филология, профессор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: