ШОИРИ ДИЁРИ ШОИРХЕЗ

Хушбахтона, кишвари мо сарзамини шоирону донишмандони номдор аст.

Аз он фахрам, ки баъди ман бигӯянд, 
Замоне дар замин як Лоиқе буд.
Хушбахтона, кишвари мо сарзамини шоирону донишмандони номдор аст. Дар тӯли беш аз ҳазору сад сол аз Устод Рӯдакӣ то имрӯз чунин донишманду шоироне шӯҳратёб шудаанд, ки дунёи дили инсониятро мунаввар гардонидаанд. Шоир бо амри тақдир ба дунё меояду мӯъҷизаҳо меофарад, анъанаҳои адабиёти мумтозро давом дода, ҳамқадами замон мегардад ва маънавияти инсониро ҳифз намуда, ҷавобгӯи масъалаҳои ахлоқии замон мегардад.
Устод Лоиқ аз зумраи чунин шоироне буд, ки баъди ҳазор сол дар диёри шоирхези Устод Рӯдакӣ ба дунё омадааст. Устоди зиндаёд, агар дар ҳаёт мешуд, имрӯз 80-сола мешуд. Агарчӣ умри кӯтоҳ дид, вале тавонист вориси арзандаи Рӯдакӣ будани худро собит созад. Устод Лоиқ то охири умр ҳамдаму ҳамнафаси халқ буд. Халқ, Ватан, Модар, Ишқ дар шеъри ӯ ҷойгоҳи хосса дорад. Андешаҳои ҷолиби роиҷ ба ватанпарвариву миллатпарастӣ ва модардӯстдории ӯ дар маҷмӯаҳои «Хоки Ватан», «Фарёди бефарёдрас» ва «Модарнома» инъикос ёфтааст.
Дар мактаби миёнаи рақами 9-уми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд 80-солагии ин устоди назми муосири тоҷик бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Мувофиқи  нақшаи ҷашннома сараввал устоди фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаб Содиқов Сулаймонбек ба сухан баромада, ҷашнро ҳусни оғоз бахшид. Сипас шеърхонӣ, рақсу суруд ва бозиҳои гуногуни ҷолиб аз ҷониби хонандаҳо ба намоиш гузошта шуд. Қироати ғазалу рубоӣ ва дубайтиҳои шоир аз тарафи хонандагони синфҳои 2-3 ва 9-10-11 хеле ҷолиб буд, ки боиси хушнудии тамошобинон гардид. Алалхусус, бозии «Ҳарфҳо сухан мегӯянд», ки аз хонандагон ҳозирҷавобию сухандониро талаб мекард, хеле хотирмон гузашт.
Хонандагон тавонистанд бо истифодаи зарбулмасалҳо, шеърҳо ва суханҳои шӯхиомез кайфияти ҳозиринро хуш гардонанд. Намоиши саҳначаҳои бадеӣ аз рӯи шеърҳои шоир мувофиқи мақсад буд, ки аз тарафи  омӯзгорон хуш пазируфта шуд.
Дар ҷашнвора аксарияти омӯзгорон бо қироати порчаҳои шеърӣ аз ашъори шоир чорабиниро ҳусни тоза бахшиданд.
Дар  охир дар бораи китобҳои шоир, ки дар намоиш гузошта шуда буданд, аз тарафи омӯзгорони фаннӣ маълумоти зарурӣ пешниҳод гардид.
Дар фарҷом хонандагони фаъол бо китобу ифтихорномаҳо сазовор гардиданд.
Лоиқ шоири халқ буд ва мемонад. Ашъори баландмазмунаш ӯро абадан зинда хоҳад дошт:

То даме, ки зиндагӣ 
бошад ба роҳи орзӯ,
То даме, ки шеъри 
 Ҳофиз бошаду 
ҷому сабу,
Ман намемирам,
 Ман нахоҳам мурд!

Сулаймонбеки СОДИҚ,
омӯзгори  мактаби  рақами 9,
ноҳияи Бӯка, 
вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: