ШОИРИ ИМРӮЗУ ФАРДО

Дар кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тирмиз ба муносибати ҷашни 80-солагии Лоиқ Шералӣ таҳти шиори “Лоиқ-шоири имрӯзу фардо” маҳфили адабӣ гузаронида шуд.

Дар кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тирмиз ба муносибати ҷашни 80-солагии Лоиқ Шералӣ таҳти шиори “Лоиқ-шоири имрӯзу фардо” маҳфили адабӣ гузаронида шуд.
Дар ин маҳфил доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  Матлубаи Мирзоюнус низ аз тариқи онлайн иштирок кард.
Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ декани факултети филологияи ӯзбек Обидҷон Шофиев ифтитоҳ намуда, дар бораи Лоиқ Шералӣ ва шеърҳои ӯ маълумоти мухтасар дод.
Сипас устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Матлубаи Мирзоюнус дар бораи муҳимтарин хусусиятҳои шеъри устод Лоиқ Шералӣ ва фазилатҳои инсонии ӯ ҳарф зад.
Дар идомаи маҳфили адабӣ аз ҷониби донишҷӯён саҳнае пешкаш карда шуд, ки давраи ҷавонии устоди зиндаёдро таҷассум мекард.
Сипас донишҷӯён аз эҷодиёти шоир шеъру ғазалу рубоӣ ва дубайтиҳо қироат карданд.
Меҳмонон, ҳофизон Кенҷабойи Раҳмон ва Мирзоназар Бобоназаров, ки аз мактаби рақами 76-уми ноҳияи Сариосиё омада буданд, сурудҳоро бар матни ашъори устод сароида, дили ҳамаро ба ваҷд оварданд.
Сарояндаи хушовози воҳаи Сурхон, овозхони Театри мусиқӣ-драмавии вилояти Сурхондарё, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Хайруллои Насриддин ба маҳфили адабӣ шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид.
Мудири кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои шарқ, дотсент Рамазон Абдуллоев бо суханҳои пурмазмуни худ ба маҳфил ҳусни хотима дод. Ӯ ба иштироккунандагони фаъоли маҳфил ташаккурномаҳо супурд.

Рӯзимурод ХАЛИЛОВ,
донишҷӯи факултаи филологияи 
тоҷики Донишгоҳи давлатии Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: