ШОИРИ ҶАВОНМАРД

Аз манзараҳои айёми кӯдакӣ: манзараҳои Сиёби обаш равон, рӯзҳои гарму сӯзон ва офтобӣ дар ёдам мондаанд.

Аз манзараҳои айёми кӯдакӣ: манзараҳои Сиёби обаш равон, рӯзҳои гарму сӯзон ва офтобӣ дар ёдам мондаанд. 
Мо ҷӯраҳо овони бачагӣ дар наҳри Сиёб оббозӣ мекардем. Дар соҳилаш хобида, офтоб мехӯрдем, бо шаст моҳичаҳои хурди онро сайд мекардем. Ҳамин аст манзараҳои дар ёд мондаи кӯдакӣ аз он айём. Ҷӯраи қарини ман дар ҳамон солҳо Ҷамол Сироҷиддин – шоири дар оянда машҳур ва маъруф буд. 
Таърихи ошноии ман бо ӯ аҷиб аст. Бародари Ҷамол Шарофако дар техникуми хӯрокворӣ таҳсил дошт ва дар ҳавлии мо иҷоранишин буд. Вай маро ҳар замон ба Тайлоқ – ҷойи зисташ мебурд. Ман баъзан дар хонаи онҳо ду-се рӯзро мегузарондам. Бо Ҷамол, ки ба ӯзбекӣ шеър машқ мекард, муддаои табъ суҳбатҳо доштем. Ман ҳам ба таври худ дар «Пионери Тоҷикистон» («Анбоз»-и имрӯза) хикоятҳо менавиштам. 
Солҳо зуд гузаштанд, мо ба воя расидем. Аз пайи орзу Ҷамол ба шаҳри Тошканд барои таҳсил ба бахши рӯзноманигории донишгоҳ рафт, ман бошам роҳи Душанбешаҳрро пеш гирифтам. 
Солҳои умр бебозгашт мегузаштанд. Мо айёми нотакрори умрро гузаронда, боз ба зодгоҳ  – шаҳри Самарқанд омадем. Ҷамол дар корхона ва муассисаҳои гуногун кор мекард. Дар як ҷой дер кор намекард. Табъи нозук дошт. Ман гоҳо шӯхиомез мегуфтам:
– Ҷамол, дар дафтарчаи меҳнатиатон ҷой монд?
Вай мегуфт:
– Муқова мондагӣ.
– Табъи нозуки шумо дар гӯр.
– Табъро хира накунед, одам бемор мешавад. 
Дар он замон вай шоири забардасти ӯзбек гардида буд, дар ҳама ҷо ба кор мегирифтанд. Ҷӯраҳои сершумораш кор ёфта медоданд. 
Хубтараш, ёддоштеро ҳикоят кунам, ки феълу хӯйи Ҷамолро барҷастатар ба назари хонанда менамояд.
Ман дар Самарқанд дар нашрияҳои «Овози Самарқанд», «Самарқанд» кор кардам. Сипас тақозои сарнавишт дар Донишгоҳи озоди Тоҷикистон, воқеъ дар Панҷакент, бо даъвати раиси он шодравон Аҳмадҷон Ҳотамов ба ҳайси таблиғотчӣ ба кор гузаштам. Дар ҳамон ҷо бо супориши раис тафтишоти рӯзноманигорӣ гузаронда, китоби «Ғазаби Немизида»-ро навиштам ва дигар корҳоро анҷом додаам. 
Вақте ба Самарқанд омадам, ба гӯшам расид, ки Ҷамол муҳаррири барномаи тоҷикии Ширкати симо ва садои вилояти Самарқанд таъин шудааст, ба идорааш занг задам. Овози Ҷамол шунида шуд:
О, дар куҷо мегардед? Зуд биёед. 
«Аз дӯст як ишора, аз мо ба сар давидан» гуфтаанд. Баробари расидан ба дидори якдигар, вай маро ба сармуҳаррир Шуҳрат Раҳимов шинос кард ва мо ба утоқи кори раиси СТР Шодиёр Ҳазрат даромадем. Дар ҳамон ҷо маслиҳат шуд, ки ман мухбири барномаи тоҷикии «Чашми дил» ва Ҷамол муҳаррири калони он мешавад. 
Аммо муносибату мусолиҳа байни ман ва Ҷамол дер давом накард. Ҷамол одами ботамкин буд ва феълу хӯяш бо кори телевизион, ки тезкорӣ, ташкилотчигиро тақозо мекард, чандон созгор набуд. Барои ҳамин байни мо баъзан низоъ рух медод. Рӯзе ман аризаи аз кор рафтанро навишта, ба рӯйи миз гузоштам. Ҳангоме ки аз дар мебаромадам, Ҷамол як оҳ кашида, бо ҳасрат ва надомат гуфт:
– Ҳаминро Шумо мардӣ медонед-а?
Ман ба манзилам омадам ва рӯи симкат дароз кашидам. Телефони хонаам беист занг мезад, аммо ман гӯшакро намебардоштам. 
Ахиран соати шаши бегоҳ гӯшакро бардоштам, ки аз он садои сармуҳаррир Шуҳрат шунида шуд, ки мегуфт:
– Ӯктамако, ариза навишта рафтаед. Планҳо калон буд?
Боз пурсид:
– Барномаро ба як худатон гирифта диҳам, кор мекунед?
– Ҷӯраам Ҷамол бекор мемонад-дия.
– Бекор намемонад. Ба таҳририяти дигар мегузаронем. 
Хуллас, ман корро сар кардам. Муносибати ману Ҷамол боз хуб шуд. Маълум гардид, муҳарриршавии ман бо хоҳишу исрори Ҷамол сурат гирифта будааст. 
Солҳост, ки ёри меҳрубон, дӯсти беғарази ман, аз дунё гузаштааст. Афсӯс, ки ман ба ғамхорӣ, меҳрубониҳои вай ҷавоб дода натавонистам. Ин сатрҳоро менависаму байти шоир ба ёд меояд:
Бигзор то бигирям чун абр дар
 баҳорон, 
К-аз санг нола хезад рӯзи видои 
ёрон. 
Вай бароям инсони нодире буд, ки мислашро дарёфт кардан мушкил.

Ӯктам ИБРОҲИМ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: