ШОИРИ РИНД

Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ, ки 11 октябр Рӯзи бузургдошти ӯ ба шумор меравад, ҳамчун ислоҳотгари ғазал дар адабиёти форс-тоҷик шинохта шуда, бо назми оламгираш дили хонандагонро тасхир кардааст.

Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ, ки 11 октябр Рӯзи бузургдошти ӯ ба шумор меравад, ҳамчун ислоҳотгари ғазал дар  адабиёти форс-тоҷик шинохта шуда, бо назми оламгираш дили хонандагонро тасхир кардааст.  Ӯ беҳтарин суннатҳои адабиёти форс-тоҷикро идома дода, жанри ғазалро ба қуллаи баландтарин расонидааст.
Ҳофиз бо қудрати тафаккур инсонигариву ватанпарварӣ, сулҳу сафо, озодиву дӯстиро тарғиб ва бадиву разолат барин иллатҳои инсониро ифшо намудааст. Ӯ худ шоири ватандӯст, ватанпарвар ва ватанхоҳ буд. Масалан, дар яке аз байтҳояш ҳисси баланди ватандӯстии шоир мушоҳида мегардад, ки ҳангоми ба дарбори ҳокими Бангола Султон Ғиёсиддин даъват шудан байти зеринро гуфтааст:
Намедиҳанд иҷозат маро 
ба сайру сафар,
Насими боди Мусаллову 
оби Рукнобод.
Ё худ дар бораи дӯстӣ дар ғазале, ки дар вазни ҳазаҷи мусаммани солим суруда шудааст, чунин мегӯяд:
Дарахти дӯстӣ биншон, 
ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, 
ки ранҷи бешумор орад.
Дар мисраи аввали байт шоир дӯстиро ба дарахти бордоре монанд карда,  хушбахтиро ҳосили он мешуморад. Зеро дар дунё танҳо бо дӯстиву бародарӣ ба комёбӣ расидан мумкин аст. Дар мисраи дуюм бошад, Ҳофиз акси ин ҳолро таъкид мекунад, яъне душманиро дар ибтидо барҳам бояд дод, ки ҷуз ғаму дарду ранҷ бор намеорад. 
Чунонки маълум мегардад, шоир ба ин мақоми арзанда бо бисёр азобу машаққат расида, хориву ранҷи зиёдеро паси сар намудааст. Дар хурдӣ аз меҳри падар ҷудо гашта, барои рӯзгузаронии худ ва модараш дар дӯкони нонпазӣ хидматгорӣ мекунад, ки дар назди он дӯкон мағозаи китобфурӯшӣ ҳам мавҷуд будааст. Шамсиддин вақти аз кор фориғи худро дар он ҷо  мегузаронд. Шояд аз ин давра шеъргӯиро шурӯъ карда бошад, аммо шеърҳои нахустинаш табъи дил набудаанд. Дар ин маврид дар тазкираи “Майхона”-и (соли таълифаш 1626-1627)  Абдунабии Фахруззамон чунин оварда шудааст: «Нонвои ҷавон ба он дӯкони китобфурӯшӣ рафтуомад дошта, шеърҳои навиштаашро дар он ҷо замзама мекард, аммо аз сабаби ноқис будани шеърҳояш боиси хандаву истеҳзои ҳозирон мешуд ва баъзан ӯро қасдан барои мояи хандаву масхара ба маҷлис даъват мекарданд. 
Ҳофиз аз ин ҳол нороҳат гардида, боре ба сари турбати шоири намоёни тасаввуф Бобо Кӯҳӣ меравад ва аз нохушбахтӣ ва зиндагии талхи хеш гиря мекунад ва дар онҷо хобаш мебарад. Шамсиддин Муҳаммад дар хоб худро дар миёни гурӯҳи мардуме мебинад, ки базми аҷибе ороста, соқии маҷлис охирин қадаҳеро, ки бештари он дурда (такшин) буд, ба Шамсиддин дода, аз ӯ хоҳиши нӯшидани онро мекунад. Пас аз нӯшидани шароби қадаҳ, он мард ба  Шамсиддин чунин мегӯяд: “Бирав, ки дарвозаи улум ба рӯйи ту боз шуд”. Ҳофиз баъд аз ба поён расидани ин хоби нек, ки субҳгоҳ будааст, бедор мешаваду байти зеринро мегӯяд:
Дӯш вақти саҳар аз ғусса 
наҷотам доданд,
В-андар он зулмати шаб 
оби ҳаётам доданд.
 Ҳофиз чун ба шаҳр бармегашт, дар роҳ шеър мегуфт, аммо мардум  бовар намекарданд, ки ин шеърҳо маҳсули қалами ӯст».
Албатта, то чӣ андоза дақиқ будани ин ривоят ба мо номаълум аст.
Аммо дар ғазалҳои шоир каломи дилфиребу сеҳрдор зиёд аст ва аз ин ҷост, ки Ҳофизро тазкиранависону муаррихони ҳамзамону пасинаш бо лақабҳои Хоҷаи Шероз, булбули Шероз, Шакарлаб, Шакарзабон, Лисонулғайб ва ғайра ёд кардаанд. Ҳар як унвону лақаби шоир вобаста ба хислатҳои наҷиби ӯ аст. Масалан, ба хотири донандаи забардасти Қуръон будан ва бо 14 тарз қироат кардани ин китоби осмонӣ тахаллуси худро Ҳофиз гузоштааст, ки маънии ҳофизи Қуръонро дорад:
Ишқат расад ба фарёд, 
ар худ ба сони Ҳофиз,
Қуръон зи бар бихонӣ дар 
чордаҳ ривоят.
Ҳофиз бо суханаш доимо барои адолати иҷтимоӣ мубориза бурдааст, бар зидди золимону хунхорон қалам кашида, аз мардуми ҷабрдидаву дар зери шиканҷаи золимон монда дифоъ кардааст.
Агар бо забони имрӯза гӯем, Ҳофиз шоири демократияхоҳ буд. Дар ашъори ӯ талаби озодии инсон зиёд ба миён гузошта шудааст. Барои намуна байтеро меоварем, ки барои зоҳирпарастони замонаш гуфтааст:
Ман агар некаму гар бад, 
ту бирав, худро бош,
Ҳар касе он даравад 
оқибати кор, ки кишт.   
Омӯзиши эҷодиёти Ҳофиз барои ҳаёти имрӯзаи мо аҳамияти калон дорад, зеро осори ин қаламкаши сеҳрбаён бо ғояҳои инсонпарваронааш ба дилҳо нишастааст.

Далершоҳ НЕЪМАТОВ,
донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: