Борбади Марвазӣ (қарнҳои V - VI милодӣ), ки ҳам шоир буд, дар ташаккул ва густариши санъати навозандагию сарояндагӣ саҳми босазо гузоштааст.
Борбади Марвазӣ (қарнҳои V - VI милодӣ), ки ҳам шоир буд, дар ташаккул ва густариши санъати навозандагию сарояндагӣ саҳми босазо гузоштааст. Биноан, ӯро метавон поягузори ҳунари сарояндагӣ ва навозандагии форс-тоҷик номид. Шубҳае нест, ки то ин нобиғаи ҳунар созҳои мусиқӣ ва навозандагону сарояндагон будаанд. Аммо дар тавсеаву густариши ҳама гуна ҳунар бузургмардон нақше мондагор доранд. Ин корро дар аҳди Сосониён хунёгар — Борбади Марвазӣ анҷом дод. Дар бораи зиндагинома ва хидмати ин абармарди ҳунар олими тоҷик Абдуллоҳи Ориёпур дар таълифоти хеш («Борбади ромишгар», Душанбе, 1989) фармудааст: «Борбади Марвазӣ дар дарбори шоҳаншоҳи Сосониён — Хусрави Парвиз (590 - 628) ба мартабаи «шоҳи ромишгарон» расидааст. Борбадро муаллифи 30 лаҳн, 365 оҳангу тарона, 7 достони «Хусравонӣ», бунёдгузори сабки «Марвисраишних» (марвихонӣ ё маврихонӣ), муассису танзимгари «тақвими мусиқӣ» дар тамаддуни мусиқии мардуми Шарқи Миёнаи Наздик, тадвингари аввалин мактаб ҳисобидаанд. Ихтирооти мусиқии Борбад воқеан дар шаклгирии бисёр жанру анвои на фақат мусиқии мардуми эронӣ, балки дигар халқҳои Шарқ заминаи асосӣ гузошт. Хусусан, 30 лаҳни Борбад аз ихтирооти нодири созию овозӣ маҳсуб ёфта, минбаъд асоси шуъба, гӯша, шохаҳои созию овозии мақомҳо (12 мақом, 12 парда, ҳафт дастгоҳ, «Шашмақом») гардидаанд».
Ин навишта на ба Борбади Марвазӣ, балки ба алоқамандии шоирони саршиноси қадим бо созҳои мусиқӣ ва ҳунари навозандагию сарояндагӣ ихтисос дорад.
Осор ва зиндагиномаи шоирони классики форс-тоҷик аз он далолат медиҳад, ки шеъри мо аз замонҳои хеле қадим бо мусиқӣ ва ҳунари сарояндагӣ иртиботи ногусастанӣ доштааст.
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шоир буд, аммо абёти аз ӯ бамеросмонда бозгӯйи онанд, ки вай аз ҳунари навозандагиву сарояндагӣ вуқуфи комил дошта, созҳои мусиқиро бо маҳорати тамом менавохтааст. Чанг яке аз созҳои тордори камоншаклу хамида бошад, Рӯдакӣ дар байтҳои зерин аз ин асбоби мусиқӣ, ки имрӯз низ навохта мешавад, ёд кардааст:
Рӯдакӣ чанг бигрифту навохт,
Бода андоз, к-ӯ суруд андохт.
***
Барбати Исову фаршҳои фаводӣ,
Чангу мудак, ниру нои чобуки ҷонон.
***
Агарчи чангнавозон латифдаст буванд,
Фидои дасти қалам бод дасти
чангнавоз.
Дигар шоирони форс-тоҷик низ дар осорашон ба санъати навозандагию сарояндагӣ ишораҳо доранд. Дар абёти болоӣ дидем, ки Рӯдакӣ аз созҳои мусиқӣ чангро ба забон гирифтааст. Абулқосими Фирдавсӣ дар ин байташ ба чанг номи асбоби дигари мусиқӣ — рубобро илова менамояд:
Ҳама шаб зи овози чангу рубоб,
Сипаҳро наомад дар он дашт хоб.
Бояд ёдрас намоем, ки хонанда аз «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ доир ба Борбади Марвазӣ ва созҳои мусиқӣ маълумоти фаровон ба даст меоварад.
Низомии Ганҷавӣ — шефтаи суруди паҳлавӣ (суруди мардуми давраи Ашкониён ва Сосониён) бо ишора ба асбоби мусиқии чанг чунин менигорад:
«Суруди паҳлавӣ» дар нолаи чанг,
Фиганда сӯзи оташ дар дили санг.
«Суруди паҳлавӣ» ишора ба номи оҳангест дар мусиқӣ.
Най як навъ олати мусиқии нафасист, ки бештар аз танаи най (қамиш) сохта мешавад. Дар абёти шоирони қадим аз ин асбоби мусиқӣ бисёр ёд шудааст. Барои исботи гуфта аз Ҷалолуддини Балхии Румӣ як байт овардан кофист:
Гар набудӣ нолаи найро самар,
Най ҷаҳонро пур накардӣ аз шакар.
Номи яке аз созҳои мусиқӣ арғунун ё арғанун бошад, ки Шайх Саъдӣ дар яке аз байтҳояш ба он ишора кардааст:
Дидори дилфурӯзаш дар поям арғавон рехт,
Гуфтори ҷонфазояш дар гӯшам арғанун зад.
Дар навохтани танбӯр, рубоб, чанг ва дигар созҳои тордор мизроб ё нохунак ба кор ояд. Аз нигоҳи шуаро ин олат низ дур намондааст. Дар яке аз байтҳои Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ асбоби мазкур чунин корбаст шуда:
Қомати мо чанг шуд андар самоъи аҳли дард,
Ҷуз ба мизроби ғамат ин чангро натвон навохт.
Мир Алишери Навоӣ низ байтҳое дорад, ки аз алоқамандии ӯ ба ҳунари навозандагию сарояндагӣ дарак медиҳанд. Байте ба тариқи намуна:
Базмда ҳар мутриби дастонсаро,
Чекса тараннум ила дилкаш наво...
Мо ин байтро тарҷума накардем, зеро дар сатри аввал танҳо пасванди «да» тоҷикӣ нест, дар сатри дуюм вожаҳои «чекса» ва «била» ғайритоҷикианд, ки дар фаҳмидани маънии он халал намерасонанд.
Сетор мисли дутор олати мусиқиест, ки дар қадаш се тор кашида шудааст. Ҳоқонӣ бо ишора ба ин соз байти зеринро офаридааст:
Гоҳи вилодатат арвоҳ хонд сураи сур,
Сетора баст ситора, самоъ кард самоъ.
Камонча номи дигари асбоби мусиқӣ бошад, ки онро ғиҷҷак ё ғижак низ гӯянд. Камонча косаи ба рӯяш пӯсткашидашудаест, ки дар дастааш се-чор тор дорад. Мирзо Абдулқодири Бедил дар яке аз байтҳояш ин олати мусиқиро мавриди истифода қарор додааст:
Сина дорад камонча вақфи харош,
Ки тараб қобил аст, бисмил бош.
Шуарои қадим бо ҳунари мусиқӣ ва овозхонӣ он қадар иртибот доштаанд, ки мақомҳои «Дувоздаҳмақом»-у «Шашмақом» низ аз нигоҳи онҳо дур намондааст. Мисол:
Мутриб, биёву замзамае соз кун,
Оҳанг аз «Ироқ» ба сӯйи «Ҳиҷоз» кун.
(Савдо).
Бизан парда бо ман ба оҳанги соз,
Гаҳе аз «Сифоҳон», гаҳе аз «Ҳиҷоз».
(Шоҳин).
Дар ин ҷо «Ироқ», «Ҳиҷоз» ва «Сифоҳон» номи мақомҳоянд. Ин абёт бозгӯйи онанд, ки аз қадим шеър бо санъати мусиқӣ ва ҳунари овозхонӣ тавъам буда, шоирон мусиқишинос низ будаанд. Ҳар он чӣ ин ҷо овардем қатрае аз баҳр аст. Дар он фикрем, ки аз уқёнуси назми оламгир дигарон дуру гуҳари бештар ба даст хоҳанд овард.
Санъати классикии «Шашмақом», ки аз «Дувоздаҳмақом»-и Борбади Марвазӣ сарчашма мегирад, имрӯз низ дар байни халқҳои тоҷику ӯзбек маҳбубият дорад. Он баъди истиқлолиятро ба даст даровардани ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон чун мероси ғайримоддӣ ба рӯйхати ЮНЕСКО дароварда шуд. Анҷуману ҷашнвораҳое, ки дар кишвари офтобии мо бахшида ба санъати навозандагию сарояндагии мақом баргузор мешаванд, бешак, бобати маҳбубият пайдо кардани ин санъат дар байни аҳолӣ, хоссатан ҷавонон, мусоидат менамоянд.
Бале, мо бояд ҳофиз (ҳифзкунанда) ва идомадиҳандаи беҳтарин суннати аҷдод бошем. Ба фикри мо, дар ҳамон сурат байни дирӯзу фардо, ки силсиларо мемонад, ҳалқаи пайванд шуда метавонем.
А. СУБҲОНОВ.