ШОИРОНИ ЗУЛЛИСОНАЙН

Зуллисонайнӣ ҳодисаи нодири адабиёт аст.

Зуллисонайнӣ ҳодисаи нодири адабиёт аст. Зуллисонайнии тоҷику турк ба қарнҳои XI-XII рост меояд. Дар осори шоир ва мутафаккирони ӯзбеки ин давра, аз қабили Юсуф Хос Ҳоҷиб – «Қутадғу билиг», Аҳмад Югнакӣ – «Ҳиббат-ул ҳақоиқ», Аҳмад Яссавӣ – «Девони ҳикмат» таъсири мавзӯъҳои ахлоқӣ-дидактикии шеъри форс-тоҷик, иқтибоси калима, ибораҳои форсӣ-тоҷикӣ ва истифодабарии образҳои бадеӣ ба назар мерасанд. Аз ҷумла, достони «Қутадғу билиг»-и Юсуф Хос Ҳоҷиб дар зери таъсири «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ офарида шуда, шабеҳи «Сиёсатнома» ва «Қобуснома» аст. Инчунин, як қатор шоирони тоҷик, ба мисли Саноӣ, Сӯзанӣ дар ашъори худ аз калимаву ибораҳои туркӣ фаровон истифода бурдаанд. Ин далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки шуарои мо вазъи иҷтимоиву сиёсӣ ва ҳамзистии абадии тоҷику ӯзбекро ба назар гирифта, эҷодиёти худро тавсеа бахшидаанд.
Дар охири асри XIII ва аввалҳои асри XIV бошад, дар адабиёти тоҷику ӯзбек жанри муламмаъ (ширу шакар) пайдо шуд, ки намояндагони он Насириддин Бурҳониддин Рабғузӣ, Бадри Чочӣ, Лутфӣ, Амирӣ барин шоирони забардастанд.
Ҳатто Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ барин шоири бузург ба ин жанр даст задааст:
Ёро, ба ҳар ду олам ёлғуз сени 
севарман,
Гар ту ба ман наоӣ,
 ман аз ғамат ӯларман.
Хӯрдам шаробу шарбат, 
бехуд бӯлиб йиқилдим,
Ту ҳам ширину шаккар, 
ҳар дам эслаб турарман.
Асосгузори адабиёти ӯзбек, муриди Мавлоно Ҷомӣ, шоири зуллисонайн Алишер Навоӣ дар асараш «Маҷолис-ун-нафоис» зикр намудааст, ки дар асрҳои XIV-XV як зумра шоирон дар майдони ду адабиёт - форс-тоҷик ва ӯзбек қалам меронданд ва намунаҳои баланди назму насрро ба вуҷуд оварда, қудрату тавоноии ҳар ду адабиёт ва забонҳои тоҷикиву ӯзбекиро таҷаллӣ медоданд. Дар идома Алишер Навоӣ номи Хоразмӣ, Лутфӣ, Атоӣ, Амирӣ, Ҳоҷӣ Абулҳасан, мавлоно Қутбӣ, мавлоно Тархони Самарқандӣ, Дарвеши Нозукӣ, мавлоно Яқинӣ, Муҳаммад Алӣ, Амир Шайхи Суҳайлӣ, мавлоно Осафӣ, мавлоно Шавқӣ ва даҳҳои дигарро меорад, ки дар майдони ду адабиёт корҳои шоиста кардаанд. Адабиётшинос, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Садрӣ Саъдиев менависад: «Дар эҷодиёти шоирони зуллисонайн назми форс-тоҷик бо шеъри ӯзбек на танҳо наздикӣ пайдо кардааст, балки ягонагии байниҳамдигарӣ низ касб намудааст. Зеро зуллисонайнии ӯзбеку тоҷик баробари дузабона будан, аз ҷиҳати мазмуну моҳият адабиёти ягона аст ва адиби зуллисонайн як намояндаи ду адабиёт ҳисоб меёбад».
Намуна аз шеъри тоҷикии Алишер Навоӣ:
Ту хубӣ, хулқи ту, такаллумат ҳам хуб,
Набуда чун ту ба хубӣ касе ба олам хуб.
Ба ҳусн беҳ зи парӣ, одамигарӣ 
бартар,
Нагашта мисли ту пайдо зи 
насли одам хуб.  
Намунаи ӯзбекӣ:
Эй сабо, ҳолим бориб сарви 
хиромонимға айт,
Йиғларимнинг шиддатин гулбарги 
хандонимға айт       
Буки, онинг аҳду паймонида мен 
улсам доғи,
Яхши фурсат топсанг ул аҳду 
паймонимға айт.
Ҳазрат Заҳириддин Бобур         
(тоҷикӣ):
Хароботию ринду майпарастам,
Ба олам ҳарчи гӯянд ҳастам,
То ба зулфи сияҳаш дил бастам,
Аз парешонии олам растам.
Намунаи ӯзбекӣ:
Хуршед юзунг бирла букун, 
эй маҳи тобон,
Даъви гар этар булғуси кун 
сӯнгра пушаймон,
Сен гул киби то ғамзадасен, 
ҳуснунга мағрур,
Булбул киби мен ғамзадамен, 
ҳуснунга ҳайрон. 
Намунаи шеъри тоҷикии Мирзо Улуғбек:
Ҳарчанд мулки ҳусн ба зери 
нигини туст,
Шӯхӣ макун, ки чашми бадон дар 
камини туст.
Байти ӯзбекӣ:
Эй хуш ул кунларки кӯнглум васлидан 
хушҳол эди,
Ахтарим фархундаву бахтим 
ҳумоюнфол эди.
Нодира:
Жон кӯрмади рӯзадин ҳаловат,
Ифторда ёрсиз на лаззат.
Ёр айласа ёри била ифтор,
Йӯқ рӯзада мундин ӯзга давлат.
Намунае аз шеъри тоҷикӣ:
Субҳи васли ман зи хуршеди 
ҷамолат нур дошт,
Шоми ҳижрон тира шуд, 
эй моҳи тобонам, биё.
Намуна аз шеъри ӯзбекии Гулханӣ:
Терламиш май тобидан гулбарги 
рухсорин кӯрунг,
Раҳзани дил ӯлди тори зулфи 
зуннорин кӯрунг.
Байтҳои тоҷикӣ:
Саҳар, ки булбули шӯрида нолае 
сар кард,
Зи хуни дида гули сурх домане 
тар кард.
Кулоҳгӯшаи худро шикаст гул ба чаман,
Бунафша саҷдаи таъзимро 
муқаррар кард.
 
Шоҳрух ҶАЛОЛОВ,
донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: