ШОИСТАИ ЭҲТИРОМ

Мактаби миёнаи деҳаи Эҷ бонувони муаллимро кам дидааст.

 Онҳо ангуштшуморанд, аз ҷумла, Сафияи Қазоқ, Тӯхтагули Рӯзӣ, Хадичаи Бадал (рӯҳашон шод бод), Майрами Қамбар, Мавлудаи Боймурод...
Ҳоло дар ин мактаб аз муаллимаҳо Холбикаи Имомназар фаъолият дорад. Ӯ соли 1995 мактаби миёнаро бо медали тилло тамом карда, бо супоридани як имтиҳон ба шуъбаи тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Бухоро дохил мешавад. Дар ин хусус бародари Холбика, адиб Юнуси Имомназар дар саҳифаи фейсбукии худ нақли ҷолиберо овардааст: «Ба ман муяссар шуда буд, ки ҳангоми фаъолиятам дар зодгоҳ ягона хоҳари азизам Холбикаро пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳ барам. Ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи тоҷикии факултаи филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Бухоро супоридем. Азбаски хоҳарам мактабро бо медали тилло хатм намуда буд, агар имтиҳони аввалро бо баҳои аъло месупорид, аз имтиҳонҳои дигар озод шуда донишҷӯ мегардид. Хушбахтона, дурри мақсуд ба даст омад. Пас аз имтиҳони аввал (супурдани иншо аз фанни адабиёт) дар ҳавлии донишгоҳ бо устоди шодравон Маҳмуд Қосимов вохӯрдам. Бовар кунед, эшон аз ман хушҳолтар буданд. Маро ба оғӯш гирифта гуфтанд: «Дар ҳаётам ин гуна иншои нозанинро надида будам. Бехато ва хеле эҷодкорона навиштааст, бе дудилагӣ «5/5» гузоштам...!»
Иштиёқи баланди дарсхонӣ, муҳаббати беандоза ба касби донишу пешаи баргузида буда, ки Холбикаи Имомназар дар донишгоҳ низ бомуваффақият таҳсил мегирад ва онро соли 1997 бо дипломи имтиёзнок хатм мекунад. Аз он дам инҷониб ӯ  омӯзгори фанҳои забону адабиёти тоҷик ва забони ӯзбекӣ дар мактаби миёнаи деҳаи Эҷ аст. 
Камоли сутуданист, ки имрӯзҳо на танҳо донишомӯзон, ҳамчунин тамоми ҷамоаи мактаб ва аҳли деҳа Холбикаи муаллимаро дӯст медоранд ва гузашта аз донишу маҳорати шоистаи омӯзгорӣ ба одобу муомила ва бархурдҳои шоистаи ӯ эҳтиром мегузоранд. Дар ин робита мудири мактаб, омӯзгори ҷавон ва пурсаъю талош Нуруллоҳ Солеҳ мегӯяд: «Он чиз боиси фахру шодмонии мост, ки дар канорамон омӯзгоре ба мисли Холбика – дӯстдори зиндагӣ, меҳрубони оила, ба таври комил ворид ба касбу пешаи худ, муҳтарам дар байни мардум фаъолият дорад. Холбика аввалин ва то имрӯз охирин хатмкунандаи мактабамон аст, ки ба дарёфти медали тилло мушарраф шуда, донишгоҳро низ бо дипломи аъло хатм кардааст. Ҳоло фаъолтарин муаллими мактабамон дар баргузории ҷашнҳо, гузарондани дарсҳои кушод, ташкили озмунҳову тайёр намудани донишомӯзон ба сабқатҳои донишу олимпиадаҳо мебошад. Дарсҳои Холбика Нурназарова на танҳо дар миқёси мактабу ноҳия, ҳамчунин дар вилоятамон оммавӣ шудааст». 
Ин эҳтиром ва арзёбии воло буда, ки ҳайати мудирият ва эҷодии мактаби миёнаи рақами 43 фаъолияти ҳамаҷониба густурда ва самарбахши Холбикаро дар соҳаи омӯзишу парвариш ба инобат гирифта, соли гузашта ӯро ба унвони ифтихории «Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» пешбарӣ намудааст. Ва ин эътироф аввали соли ҷорӣ ҷомаи амал пӯшид. Холбика Нурназарова дар маросими бошукӯҳе, ки бо ширкати муаллимони пешқадам ва аҳли равшанфикр дар Кохи анҷуманҳои ҳокимияти вилояти Навоӣ доир гардид, аз дасти ҳокими вилоят гувоҳномаю нишони «Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро дарёфт намуд. Бешубҳа, ин муваффақият натиҷаи кору заҳматҳои фаровони муаллима ва ҳамкорони ӯ ва нишонаи қадрдонии  ҷумҳуриамон аз омӯзгорон аст. 

Шуҳрат ҲАЙИТОВ,
вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: