Дар Қасри ҷавонони Самарқанд ба муносибати барқарор шудани равобити дипломатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми дӯстии халқҳо ба вуқуъ пайваст, ки дар он вакилони расонаҳои ахбори оммавӣ, аҳли фарҳангу ҳунар, устоду шогирдони факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд, вакилони марказҳои миллии вилоят ва дигарон ширкат варзиданд.
Ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов ҳозиронро самимона табрик гуфт.
Оркестри симфонии давлатии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии раиси он Олимҷон Солеҳзода бо барномаи консертии худ табъи ҳозиронро болида сохтанд.
Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон, ғолибони озмуни байналхалқӣ Ҳасан Ҳайдар, Парвин Юсуфӣ, Хуҷаста Мирзовалӣ, Чоршанбе Аливатов, Гулчеҳра Қурбонова ва дигарон бо сурудҳои дилнишину гуворо ғизои маънавӣ бахшиданд.
– Мо аз шоми дӯстии халқҳо як олам таассурот гирифтем, – иброз дошт Аълочии маорифи халқи Ӯзбекистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Амина Шарофиддинова, – зеро ҳунарпешагони Тоҷикистон бо барномаи консертии худ табъи моро болида сохтанд.
– Боиси хушнудист, ки баромади мо ба мардуми Самарқанд писанд омад, бо кафкӯбӣ ва гулдастаҳои тару тоза қадршиносӣ карданд, – гуфт Ҳасан Ҳайдар. – Камина аз фурсат истифода бурда, тамоми мардуми Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро бо 30-солагии равобити дипломатӣ табрик гуфта, хушиҳои зиндагиро таманно дорам. Мардуми тоҷику ӯзбек тандурусту хонаобод бошанд.
Баҳодури ЗОҲИР.
Вилояти САМАРҚАНД.