ШОҲ МАШРАБ ЧАРО АЗ НАМАНГОН РАФТ?

Бобораҳим ва Қумрӣ дар як маҳалла мезистанд.

 Ба якдигар бефарқ набуданд. Бибисалима, модари Бобораҳим, чӣ қадар мехост Қумриро келин кунад...
Бародари духтаре, ки Бобораҳим дӯст медошт, Абдукалон ном дошт ва амалдор буд. Кадом амалдор фарзанди оилаи оддиро писанд кардааст? Дере нагузашта Абдукалон ба дараҷаи ҳокимӣ расид. Вай, ки як умр майл ба аъёну ашроф дошт, хост хоҳари худро ба хон туҳфа намояд. Фикру хаёли Қумрӣ побанд ба шоири девонасифат. Чӣ бояд кард? Роҳи ягонаи халосӣ – бо баҳонае, аз шаҳр рондани Бобораҳим.
Барои ба амал баровардани чунин мақсади нопоки Абдукалон яке аз ҳамсабақҳои айёр ва ҳасадгӯи Бобораҳим, ки Сайёд ном дошт, кӯмак расонд.
– Лекин бояд эҳтиёт шуд, – маслиҳат дод Сайёд. – Бо вуҷуди ҳанӯз ҷавон будан, Бобораҳим Машраб шоири машҳур аст.
– Чӣ шудааст? – беписанд даҳон кушод Абдукалон. – Машҳуриаш ба худаш. Барои гумдон кардан як ишораам кифоя.
– Халқ бо ӯст. Беҳтараш – муросо.
– Бо як пойлуч... чӣ тавр муросо? – Абдукалон ба ғазаб омад. 
– Вазнин шавед, – гуфт Сайёд. – Муросо карда истодагӣ барин як кор мекунем, Машраб сари худ гирифта баромада меравад.
Сайёд бо пичиррос ба гӯши ҳоким боз чизе гуфту вай аз ҳавр фуромад.
Лабханд низ намуд.
– Илоҷи ин кор ҳаст?
– Ба ман супоред!...
Сайёд ба хонаи ҳамсабақи худ омад. Бо ҳоким гуфтугӯ кардани худро гуфт ва илова намуд:
– Вай розист хоҳарашро ба ту диҳад.
– Наход... – дили Бобораҳим дар кафи ҳаяҷон тапид.
– Бовар намекунӣ?
Бобораҳим бовар кунад ё не, намедонист.
Охир, ӯ аз пайи бадарға сохтани оне, ки хоҳарашро дӯст медорад.
– Дуруст, ӯ ин тавр ният дошт. Аммо тақдири хоҳари ягонаашро фикркунон аз қасди бад баргашт. Вай туро ба ҳузураш мехонад.
Сайёд Бобораҳимро ба ҳузури ҳоким овард. Абдукалон  бо чеҳраи кушод шоирро пешвоз гирифт. 
– Аз сарфу харҷ туву модарат фориғ, ба тӯй худам сару бар мешавам.
Бобораҳим ба гӯшҳояш бовар намекард.
Карахт меистод. Сайёд хандид ва бо панҷа рӯйи ӯро ба худ нигаронд:
– Акнун бовар кардӣ?
– Рухсат, – гуфт ҳоким ва пеш аз он ки барояд, ба Бобораҳим таъин намуд: – Ба модарат гӯй, зуд биёяд, маслиҳат ҳаст.
Аз хурсандӣ бол бароварда, шоир ба сӯйи хонааш парид.
– Модарҷон!
– Чӣ гап? Тинҷӣ аст? – ҳолати писар ба ҳайрат гузошт Бибисалимаро. Бобораҳим бо завқу шавқ суханони ҳокимро ба модараш расонд:
– Вай розӣ аст Қумрӣ аз они мо бошад!
– Аз ростӣ? – ларзнок садо баровард Бибисалима. Аз докасон кандани ранги рӯйи ӯ Бобораҳим ба ташвиш омад. «Аҷиб, чаро ба изтироб печид ва хаёлаш парешон?»
Дар вазъе, ки дилғашӣ ҳис мекард, ба модар зеҳн монд ва суханони ҳокимро такрор кард.
– Сарфу хароҷоти тӯй ба зиммаи ман, – гуфт Абдукалон. – Чиро фикр карда мондед?
Машраб гумон дошт модар бо шунидани хушхабар бисёр хушҳол мешавад. Аммо ин тавр нашуд. Бибисалима маъюс ба сукут рафта буд.
– Ба шумо чӣ шуд, модар?
– Нияти ман дигар аст, бачем. Таҳи чашмкардаам... дигар духтар.
– Чӣ?  Дигар духтар?
– Қумрӣ акнун хоҳари ҳоким. Ҳоким куҷову одамони оддӣ? Мо муносиб не.
– Не! – фиғон бардошт Машраб. – Ғайр аз Маҳваш (ба Қумрии моҳрӯ вай номи дигар низ гузошта буд) духтари дигар лозим нест.
– Бачем, ором шав.
– Тез расида рафтанатонро ҳоким таъин намуд. Меравед ё не?
– Хуб, меравам, – саросема овоз баровард Бибисалима. – Аммо вай чӣ мегӯяд, бароям маълум. Саҳарӣ низ ҷеғ зада буд. Рафта омадам.
– Дар ҳамин масъала? Чаро ба ман нагуфтед? Наход... келин кардан нахоҳед Қумриро? Аз ҷон дӯст доштани маро дониста-а?
– Маро бубахш, бачем. Хуб, ман рафтам. 
... Домод бо панҷаҳои ларзон аз рӯйи арӯс пардаи ҳарирро бардошту... ҳангу манг шуда монд. На Маҳваш, духтари билкул дигаре меистод бо либоси арӯсӣ.
Бале, фиреб карда буданд шоирро, ҷойи Маҳваш ба духтари дигар пироҳани арӯсӣ пӯшонда ва тӯй ороста. Найрангбозҳо аз Бибисалима низ истифода бурданд. Илоҷи дигар надошт модари зор. Ҳаёти фарзанди худ фикр мекард.
Хоҳиши тезтар арӯс фуровардан низ ӯро ба чунин кор водор месохт. «Бетаъинеро не, Зарифаро келин мекунам. Аз Қумрӣ куҷои ӯ кам? Медонам, писарам меранҷад. Лекин вақташ омада, модарро мефаҳмад. Ҳамааш хуб мешавад».
Вале ин тавр нашуд. Бисёр таъсир карда буд ба Бобораҳим. Худро хоршуда, масхарагашта ҳис мекард вай. «Рафтан даркор. Гурехтан даркор аз Намангон!»
Гуфтаи Сайёд омад. Ана, бо хоҳиши худ рафта истодааст Машраб. Каси дигар не, худашро худаш меронад шоири бечора. 
Ба кӯча баромада, гурӯҳи ғуломонеро дид, ки бо дастҳои баста пеш меомаданд.  Ғуломе ғазали ӯро мехонд, ҳамроҳонаш бо чашмони пуроб гӯш меандохтанд: «Ба бандаи бечораат раҳм намо, Худо. Чаро дар дастҳои ман кишан?»
Машраб дартоз назди ғуломи ғазалхон рафт, дасташро кушод, «ту озод» гӯён, дасти худ бо арғамчин баст.
Ҳама ҳайрон.
Ҳамин тавр, Машраб ба ҷойи ғулом ғулом шуда, шаҳри азизаш Намангонро тарк намуд, лекин дар пеши назараш ҳамон чеҳраи нурбори Маҳваш.
Девона Машраб умри боқимондаашро дар диёри ғайр бо ёд ва муҳаббати Маҳваше, ки бо дилу ҷон дӯст медошт, гузаронд. Шоире, ки худро ба ғарибию дарбадарӣ маҳкум намуд, бо номи «Шоҳ Машраб» низ дар тамоми шарқ машҳур гардид.
«Ҳукм»-и худ мегузаронд ин «шоҳ»? Албатта.
Ба нафси худ. Ба мамлакати бадан.
Бале, ӯ шоҳи мамлакати нафс ва бадан ба шумор мерафт. Покизакор ва покизарӯзгорҳо ба вай ҳавас менамуданд.
Ба таъкиди донишмандон танҳо оне, худ ва худшиноси воқеист, ки алайҳи нафс мубориза бурда  ва онро мағлуб сохта метавонад. Ба худшиносӣ ва «шоҳӣ»-и Машраб муҳаббати оташини Маҳваш воситаи муҳим гардид.

Ш. МУҲАММАД. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: