ШОҲИ БОЗИҲО

Дар бораи пайдоиши бозии шатранҷ ва бо подошу мукофотҳо сарфарозкунии шатранҷбозони машҳур ривояту ҳикоятҳои гуногун мавҷуданд.

Дар бораи пайдоиши бозии шатранҷ ва бо подошу мукофотҳо сарфарозкунии шатранҷбозони машҳур ривояту ҳикоятҳои гуногун мавҷуданд. Ривоят мекунанд, ки шоҳони ҳинду форс дар қарнҳои VII-VI пеш аз милод ду бозиро кашф намуда, ҳамчун муаммо ба кишвари якдигар мефиристанд ва дар сурати наёфтани он боҷу хироҷи зиёд металабанд. Дар ибтидо ҳиндуён бозии «Чор навъи қӯшун»-и  худро доштанд, ки баъдан шатранҷ  ном гирифт ва дар рӯйи олам машҳур гардид. Аз ин рӯ, Ҳинд ватани шатранҷ маънидод мешавад. Бозии дигарро  форсҳо кашф менамоянд, ки он дар таърих бо номи нард маъруфият пайдо кардааст...
Шоҳмот на танҳо миёни мардуми оддӣ, балки шоҳону дарбориён машғулияти дӯстдоштатарин маҳсуб меёфт. Шоҳмотбозони моҳир ҳамеша қадр карда мешуданд.  
Устоди шодравон Ҳотам Бозоров дар бахши «Аз эҷодиёти муаллиф»-и  китоби худ «Шарори хотираҳо» менависад: «Дар Осиёи Марказӣ ба шоҳмотбозони беҳтарин унвони «Олия» таъсис карда шуда буд. Абуҳофиз, Раброб, Наим, Ас-Сулӣ, Абулфатҳ, Абӯҷаъфар барин шоҳмотбозон сазовори унвони «Олия» гардида будаанд. Соли 819 дар Хуросон байни Ҷобир, Раброб, Абӯҷаъфар барин шоҳмотбозони унвондор мусобиқа гузаронида шуда буд».
Муаллиф дар идомаи китоб менависад: «Классикони мо бозиҳои шоҳмотро ҳамчун воситаи тасвири бадеӣ истифода бурдаанд. Дар образи «рух» шахсони рострав, ростқавл, ростгӯй, дар образи фарзин ва фил касони каҷрафторро тасвир кардаанд...»
Агар саҳифаҳои таърихи  шоҳмотро боз намоем,  номҳои зиёдеро вомехӯрем, ки номи чемпиониро  гирифтаанд.  Соли 1961 ҷавони ригагӣ Михаил Тал чемпиони маъруф Ботвинникро мағлуб сохта, тоҷи шоҳмотро ба даст меоварад. Ба ӯ унвони «Устоди варзиш» , «Нишони ҳурмат» медиҳанд ва яке аз мошинҳои машҳури ҳамон давр «Волга» туҳфа мекунанд . Вай аслан омӯзгор буду аз фанҳои забон ва адабиёти рус дарс медод. Бо қурбон кардани мӯҳраи асосӣ ҳарифашро ба таҳлука меандохт ва бозиро мебурд. 
Шоҳмотбози ҳинд, дорои тахаллуси «Бабри Мадрас» Вишванатан Ананд бо ордену медалҳои гуногун сарфароз гардидааст. Чемпиони ҷаҳон, барандаи ҷоизаи Падма Вибхушан мебошад. Ӯ нахустин варзишгарест, ки ин ҷоизаро ба даст овардааст. Донишгоҳи Ҳайдаробод ба ӯ унвони фахрии доктори улумро медиҳад, аммо вай инро  рад мекунад. Президенти Русия ин варзишгари ҳиндро бо ордени «Дӯстии халқҳо» мукофотонидааст.
 Магнус Карлсони норвегиягӣ аз шоҳмотбозони сарватманд ва баобрӯи дунё ба шумор меравад. Ӯ соли 2013 дар Ҳиндустон тоҷи шоҳмотро айнан аз «Бабри Мадрас»  мерабояд. Баъд дар шаҳри Сочи боз онҳо рӯ ба рӯ меоянду дона меронанд. Ананд ин дафъа ҳам бозиро бой медиҳад. Магнус барои варзишгарон иловаи «Play Magnus»-ро меофарад ва ба киберварзиш шуғл меварзад.
Дар турнири фосилавӣ (онлайн) як бор иштирок кардани Магнус 500 ҳазор доллари ИМА арзиш дорад. Ба ғайр аз ин,  соле аз ҳисоби реклама беш аз як миллион доллари Амрико даромад мегирад.
Ба шарафи устоди бузурги шоҳмот Анатолий Карпов дар мактаби вилояти Челябинск, ки ӯ дар он таҳсил кардааст, муҷассама гузоштаанд. Маълумот медиҳанд, ки  ҳукумати Олмон дар ҳамон давр ба ӯ автомобили Mercedes 350-ро туҳфа кардааст.
Дар ҷумҳурии мо низ ба варзишгароне, ки дар қувваозмоиҳои ҷаҳонӣ номи чемпиониро мушарраф мегарданд, эътибор ниҳоят калон аст.
Ба наздикӣ дар шаҳри Варшаваи Полша аз рӯйи тарзи рапиди шоҳмот Нодирбек Абдусатторови  ҳабдаҳсола  чемпиони ҷаҳон гардид. Ба варзишгарони машҳури дунё рӯ ба рӯ омада, онҳоро мағлуб сохт ва ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ӯ калиди хонаи ду ҳуҷрагӣ аз шаҳри Тошканд ва ба миқдори 250 миллион сӯм мукофотпулӣ дод.  

Таҳияи  
Анорбой НАЗАРОВ.
Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: