Як ҳайати густардаи вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон таҳти раёсати ҳокими ин вилоят Абдикарим Алимбоев ба вилояти Фарғона ташриф овард.
Дар ин ҳайат прокурор, сардорони идораҳои корҳои дохила ва гумруки вилоят, инчунин раисони ҳукумати ноҳияҳо ва шаҳрҳои ҳаммарз бо вилояти Фарғона шомил буданд.
Дар посгоҳи марзии деҳаи Шоҳимардони ноҳияи Фарғона намояндагони вилояти Бодкандро ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров дар ҳамроҳӣ бо прокурори вилоят Бахтиёр Исмоилов, сардори Садорати корҳои дохилӣ Азизбек Икромов, инчунин роҳбари идораи гумруки вилоят, ҳокимони шаҳри Қувасой, ноҳияҳои Фарғона, Риштон ва Сӯх ба таври хос пешвоз гирифтанд.
Меҳмонон нахуст аз маҷмааи Ҳазрати Алӣ дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Шоҳимардон дидан намуданд. Дар мулоқоти раҳбарони ду вилояти ҳамҷавор масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байниминтақавии вилоятҳои Фарғона ва Бодканд дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ, иҷтимоию гуманитарӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ғайра ба таври муфассал таҳти баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки дар натиҷаи иродаи баланди сиёсии сарони давлатҳои Ӯзбекистону Қирғизистон дӯстӣ ва равобити бародаронаи халқҳои ду марз боз ҳам мустаҳкам гардида, ҳамкориҳои минтақаҳои наздимарзӣ ба зинаҳои нав мебарояд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ҳанӯз барои доман фарох намудани ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун имкониятҳои истифоданашуда зиёданд.
Дар мулоқоти мазкур аҳамияти густариши иштироки мутақобилаи соҳибкорони ду вилоят ва иртиботи мустақими тоҷирони Фарғонаву Бодканд, дар баробари он, ба нафъи мардуми ду вилоят хидмат кардани афзоиши лоиҳаҳои муштараки истеҳсолӣ таъкид гардид. Гузашта аз ин, ҷонибҳо дар бораи зудтар ба истифода додани «Хонаи савдои Қирғизистон», ки дар маркази шаҳри Қувасой сохта мешавад, ба тавофуқ расиданд.
Рушди ҳамкории вилоятҳои Фарғона ва Бодканд дар соҳаи сайёҳӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак дар соҳаи фарҳанг ва варзиш низ дар ҷараёни гуфтушунид мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки зарурати табдил додани мақоми постгоҳи дуҷонибаи сарҳадию гумрукӣ, воқеъ дар роҳи Фарғона – Шоҳимардон ба постгоҳи дорои мақоми байналмилалӣ ба миён омадааст. Дар он сурат шаҳрвандони давлатҳои дигар низ метавонанд ин посгоҳҳоро убур кунанд ва худро ба манзил расонанд.
Қайд гардид, ки роҳбарони ду вилояти ҳамҷавор дар доираи ваколатҳои худ кӯшишҳои заруриро дар ин росто ба харҷ диҳанд. Ҳамчунин масъалаи кушодани 7 посгоҳи гумрукии иловагӣ байни вилоятҳои Фарғона ва Бодканд баррасӣ карда шуд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.