ШОҲИМАРДОНИҲО АЗ ҒАМХОРИҲОИ ДАВЛАТ МИННАТДОРАНД

Деҳаҳои Шоҳимардон ва Ёрдони ноҳияи Фарғона ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифтаанд.

Деҳаҳои Шоҳимардон ва Ёрдони ноҳияи Фарғона ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифтаанд. Гуфта мешавад, дар чанд соли охир ин деҳаҳо хеле нашъунамо ёфтаву ободу зебо шудаанд. Бунёд ёфтану мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чандин фароғатгоҳҳо, кемпингҳо, меҳмонхонаҳо ва иншоотҳои хизматрасонӣ низ барои ин гуфтаҳо мисоли равшан шуда метавонанд.
Ҳамаи корҳое, ки анҷом мепазиранд, тибқи қарори Девони Вазирон “Дар бораи чораву тадбирҳои ривоҷ додани салоҳияти сайёҳии вилояти Фарғона” ба вуқӯъ мепайванданд.
– Вақте ки аъзои гурӯҳи корӣ таҳти раёсати ҳокими вилоят Шуҳрат Ғаниев ба ин минтақа сафари корӣ анҷом доданд, шоҳирмардониҳо ва ёрдониҳо онҳоро хеле гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд. Дар ин гурӯҳ роҳбарони садоратҳо ва идораву ташкилотҳо шомил буданд, – мегӯяд масъули дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят Муҳаммадҷон Обидов.
Дарвоқеъ, табиати деҳоти ин минтақа басо зебову обу ҳавои он софу беғубор аст. Ҳоло барои беҳбуди ҳаёти иҷтимоии ин минтақа роҳҳо мумфарш гардида, барои таъмини мардум бо оби ошомиданӣ лӯлаҳо хобонида шудаанд. Нуктаи дигаре, ки боиси зикр мебошад, ташкилу роҳандозии намояндагиҳои идораҳои давлатӣ дар Шоҳимардон мебошад.
Бино ба хабари дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят дар ҷамъомади хосе, ки бо иштироки ҳокими вилоят ва аъзои гурӯҳи корӣ, ҳамчунин бошандагони деҳаҳои Шоҳимардон ва Ёрдон дар амфитеатри тозабунёд баргузор гардид, рафти иҷрои вазифаҳо баррасӣ ва таҳлил карда шуд.
– Ҳар як вазифаҳои таҳти иҷро марҳила бар марҳила ба иҷро мерасанд.Бовар дорам, ба анҷом расидани он кору вазифаҳое, ки барои ин гӯшаи зебои вилоятамон муқаррар шудаанд, баёнгари таваҷҷӯҳи хос ва ғамхориҳои давлат ва ҳукумат ба мардуми он мебошанд, – изҳор кардааст Шуҳрат Ғаниев.
Дар ин рӯзҳо барномаи “Ҳар як хонавода – соҳибкор” дар ин минтақа низ пиёда мегардад. Қарор аст, ки барои он ки мардум ба асалпарварӣ, дӯзандагӣ, чорводорӣ ва амсоли он шуғл варзанд, 2 миллард сӯм ихтисос дода мешавад.
Маълум шуд, ки тибқи тақозои мардум дар ин гӯшаи вилоят то охири моҳи равон банки хурд ташкил карда мешавад ва одамон метавонанд асъори хориҷӣ харидорӣ кунанд, онро табдил намоянд ва ба ҷойҳои дигар пул фиристанд. Иншоотҳот холимонда, новобаста аз он ки ба кадом шакли мулкдорӣ марбутанд, ба рӯйхат гирифта мешаванд. Ҳокимият он иншоотҳои таҳти тасарруфи давлатро ба соҳибкорон бо шарти ташкил намудани хизмати сайёҳӣ мефурӯшад.
– Мо яке аз фароғатгоҳҳоро ба тасарруфи ҳокимияти вилоят даровардем. Онро ба “Маркази реабилитатсияи занҳо” табдил медиҳем. Ин марказ бо мутахассисон ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда мешавад. Барои иҷрои ин кор маблағҳои заруриро низ ҷудо мекунем, – гуфтааст Шуҳрат Ғаниев.
Мувофиқи дастур дар Шоҳимардон барои 30 хонавода ба маблағи 200 миллион сӯм гармхонаҳо сохта  мешавад. Ҳамчунин, барои беҳбуди таъминоти оби ошомиданӣ ду адад зарфи захиракунанда месозанд. Дар деҳаи Ёрдон 7 километр лӯлаи об мекашанд, 15 километр симчӯбҳои барқ тармим ва аз наво насб карда мешаванд. Ин минтақа ба зарфи захиракунандаи 80 тоннагии гази моеъшуда низ зарурат пайдо кардааст.
Бо интернет таъмин кардани аҳолии ин ду деҳа, ташкил намудани хизмати ветеринарӣ, бунёди корхонаи дӯзандагӣ барои 200 нафар занону духтарони маҳаллӣ аз масъалаҳое маҳсуб меёбанд, ки дар ин ҷамъомад дар атрофи он фикру мулоҳизаҳо ва ибрози назарҳо сурат гирифтанд.
Ҳокими вилоят тақозо намудааст, ки барои иҷрои ҳар як вазифаи муқарраршуда вақти муайян тайин карда мешавад ва иҷрои он дар ҳамон вақти тайиншуда ногузир мебошад.
Гуфта мешавад, ки барои мардуми Шоҳимардон тамоми дорувори зарурии тиббӣ ройгон дода мешаванд. Толорҳои варзишӣ бо 15 намуди анҷомҳои зарурӣ таъмин мегарданд, аҳолӣ муддати 24 соат аз нерӯи барқ мустақим истифода мекунанд. Барои ҷавонони шоҳимардонӣ имтиҳонҳои тестӣ барои дохилшавӣ ба макотиби олӣ дар ҳамин ҷо баргузор мегардад.
Ин навигариҳоро аҳолии ду деҳа хеле бо хушҳолии том истиқбол гирифтанд ва дар ҳақи Президент дуоҳои нек карданд.
Дар ҷараёни ин сафари деҳаҳои барои Ӯзбекистон эксклав Шуҳрат Ғаниев ба хонаводаҳо даромад ва бо мушкилоту муаммоҳои онҳо ошно шуд, дар мавриди ҳаллу фасли он ҷораҳои фаврӣ пиёда намуд.
Ба шифохонаи бисёрсоҳавии Шоҳирмадон консептраторҳои кислород ва дорувори гуногун тақдим карда шуд.
Аз ин ғамхориҳо мардуми деҳаҳои Шоҳимардон ва Ёрдони ноҳияи Фарғона хеле шоду мамнун шуданд.
– Мо барои ин ғамхориҳо аз давлату ҳукуматамон хеле миннатдорем. Чунин таваҷҷуҳ ба ин ҷазирачае, ки аз чаҳор тараф дар иҳотаи Қирғизистони ҳамҷавор мондааст, боиси сарфарозиҳои мардуми мост. Президенти муҳтарами мо Шавкат Мирзиёев ҳаргиз моро танҳо намегузорад. Ҳоло дар арафаи 29-умин солгарди касби Истиқлоли кишварамон 2500 халта орд, 2500 дона равғани панҷлитрӣ ройгон тақсим карда шуд. Аъзои гурӯҳи корӣ зимни ин сафар ба хонаводаҳои зиё даромада, аз аҳволи онҳо хабар гирифтанд ва бо муаммоҳои онҳо ошно шуданд, – иброз доштааст раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Шоҳимардон Икромҷон Абдухолиқов.
Тавре ки ин ҷо боз қайд шудааст, барои мардуми Шоҳимардону Ёрдон ҳанӯз ҳалли масъалаҳои зиёд низ дар пешанд. Таъмини мошини “Ёрии таъҷилӣ”, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонон, ташкили шабакаи минтақавии хизматҳои давлатӣ ва амсоли он аз ҷумлаи ҳамин масъалаҳои ҳалталаб мебошанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”

дар вилояти ФАРҒОНА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: