ШОҲИМАРДОНИҲО БО АВТОБУС БА МАНЗИЛ МЕРАСАНД

Дар мулоқоти ҳокимони ду вилояти ҳамҷавор – Фарғона ва Боткент ин масъала матраҳ гардид.

Дар мулоқоти ҳокимони ду вилояти ҳамҷавор – Фарғона ва Боткент ин масъала матраҳ гардид.  Зимни боздиди Хайрулло Бозоров ва ҳамтои қирғизи ӯ – Абдукарим Алимбоев аз боғи истироҳати Шоҳимардон онҳо бо аҳолии ин минтақаи вилояти Фарғона, ки дар иҳотаи марзи Қирғизистон аст, дидору гуфтугӯ анҷом доданд.
– Ҳадафи асосии мо рушди сайёҳӣ мебошад ва дар ин раванд Шоҳимардон набояд дар канор монад. Зеро риштаҳои дӯстиву рафоқати миёни ӯзбекону қирғизҳо беш аз пеш мустаҳкам мегардад ва муносибатҳо дар соҳаҳои гуногун таҳким дода мешаванд, – гуфт Хайрулло Бозоров.
Вай афзуд, ки аз меҳвари тамошову саёҳати чунин табиати зебо дур мондани ин маскан ҳаргиз ба манфиати кор нест. 
– Иродаи сиёсии Президентон Шавкат Мирзиёев ва Садир Ҷабборов маҳз ба кушодани марз ба рӯи ҳамдигар, ривоҷ додани робитаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ равона шудааст. Ҳоло, ки мавсими нави сайёҳӣ шурӯъ мегардад, бояд коре кунем, ки мардум аз мо розӣ бошанд, — тазаккур дод Хайрулло Бозоров.
Микроавтобусҳои мусофиркашон дар хизмати онҳо қарор хоҳанд гирифт. Онҳо метавонанд масофаи байни Фарғона ва Шоҳимардонро, ки аз қаламрави ноҳияи Қадамҷои вилояти Боткент мегузарад, тавассути ҳамин микроавтобусҳо тай кунанд.

Зиёда НАҶИМОВА,
масъули дафтари матбуоти Садорати нақлиёти вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: