ШОҲМОТ

ПИРӮЗИИ ШОҲМОТБОЗОНИ МО

Тавре ки хабар дода будем, аз 16 то 23 ноябри соли ҷорӣ дар пойтахти кишварамон-шаҳри Тошканд чемпионати Осиёи Ғарбӣ бинобар шоҳмот дар байни писарону духтарони аз 6 то 20 сола оид ба хелҳои рапид, стандарт ва блитси шоҳмот баргузор гашт. 
Дар ин мусобиқаи байналхалқӣ, ки дар меҳмонхонаи «International Hotel Tashkent» баргузор шуд, шоҳмотбозони мо дар намудҳои рапид, стандарт ва блитси мусобиқа ҷамъ 91 медалро ба даст оварданд, ки 26-тои онҳо тиллоӣ мебошанд. Ҳамчунин, Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон бинобар ҳисоби умумиҷамоавӣ дар байни федератсияҳо ҷойи аввалро ишғол кард. Ҷойҳои дуюм ва сеюм насиби шоҳмотбозони Қазоқистон ва Эрон гардид. 


ФУТБОЛ

МУСОБИҚА БАРОИ ҶОМИ CAFA

Дирӯз дар пайтахти мамлакатамон мусобиқаи «CAFA Wоmens Championship –2018» оид ба футбол дар байни занон оғоз ёфт.
Бинобар маълумоти хидмати матбуоти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон дар ин чемпионат, ки аз 23 ноябр то 1 декабри соли ҷорӣ идома меёбад, футболбозони дастаҳои мунтахаби миллии занонаи Афғонистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Эрон ва Ӯзбекистон иштирок доранд. Бояд гуфт, ки мувофиқи натиҷаи тақвими бозӣ дастаҳои мазкур байни ҳамдигар бозӣ мекунанд ва кадом ҷамоае соҳиби холҳои зиёд гардад, пирӯзиро ба даст меоварад. Бозиҳо дар «Варзишгоҳи миллӣ»-и шаҳри Тошканд мегузаранд. 

М. ҚОДИРЗОДА.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: