Шоҳмот ё шатранҷ таърихи зиёда аз ҳазорсола дорад.
Оид ба пайдоиши ин бозӣ дар манбаъҳои хаттӣ маълумоти гуногун мавҷуданд. Аз ҳудудҳои гуногуни ҷаҳон донаҳои шоҳмот ба шаклу намудҳои хос дарёб шудаанд. Бино ба аксар манбаъҳо ватани нахустини шоҳмотро кишварҳои Эрон, Ҳиндустон ва Осиёи Миёна меҳисобанд.
Шоҳмот асосан машғулоти зодагон ба шумор мерафтааст. Аммо оғоз аз асри XIX ин бозӣ оммавӣ гардид ва гузаронидани ҳар гуна мусобиқаҳо ба ҳукми анъана даромад. Соли 1885 қарор шуд, ки нахустин чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмот ташкил карда шавад.
Ҳамин тариқ, аз рӯзи оғози чемпионати ҷаҳон ва сабқатҳои байналхалқӣ оид ба шоҳмот 138 сол паси сар гардидааст. Дар давоми мусобиқаҳое, ки солҳои гуногун гузаронида шудаанд, инҳо чемпиони ҷаҳон оид ба шоҳмот аниқ гардидаанд:
Эммануэл Ласкер – солҳои 1994 - 1921 (Олмон)
Хосе Раул Капабланка, 1921 - 1927 (Куба)
Александр Алёхин, 1927- 1946 (СССР/ Фаронса)
Макс Эйве, солҳои 1935 - 1937 (Нидерландия)
Михаил Ботвинник, 1948 -1957 (СССР)
Василий Смислов, 1957 - 1958 (СССР)
Михали Ботвинник, 1958 - 1960 (СССР)
Михаил Тал, 1960 - 1961 (СССР)
Михаил Ботвинник, 1961 - 1963 (СССР)
Тигран Петросян, 1963 - 1969 (СССР)
Борис Спасский, 1969 - 1972 (СССР)
Роберт Фишер, 1972 - 1975 (ИМА)
Анатолий Карпов, 1975 - 1985 (СССР)
Гарри Каспаров, 1985 - 1993 (СССР)
Анатолий Карпов, 1993 - 1999 (СССР)
Александр Халифман, 1999 - 2000 (Русия)
Вишванатан Ананд, 2000 - 2002, (Ҳиндустон)
Руслан Пономарёв, 2002 - 2004 (Украина)
Рустам Қосимҷонов, 2004 - 2005 (Ӯзбекистон)
Веселин Топалов, 2005 - 2006 (Булғория)
Владимир Крамник, 2006 - 2007 (Русия)
Вишванатан Ананд, 2007 - 2013 (Ҳиндустон)
Магнус Карлсен, 2013 - 2023 (Норвегия).
Чемпионати навбатии ҷаҳон дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона ба қарибӣ анҷом ёфт. Дар он даъвогарон шаҳрванди Русия Ян Непомняший ва шоҳмотбози Чин – Дин Лижэн талош варзиданд, баъди талошҳои тезутунд намояндаи Чин ғолиб гардид ва чемпиони навбатии ҷаҳон шуд. Чемпиони дар амали ҷаҳон Магнус Карлсен аз сабқат барои тоҷи шоҳмот даст кашид.
Нарзулло ХОЛИҚЗОДА.