«ШОҲНОМА» ДАР ӮЗБЕКИСТОН

Яке аз китобҳое, ки дар адабиёти ҷаҳон мақоми устувор дорад ва аз ҷониби олимони Ғарбу Шарқ ба сифати асари пурмуҳтаво эътироф гардидааст, «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мебошад ва муҳимтарин вазифае, ки асари мазкур дар давоми даҳ аср иҷро карда меояд, арҷ гузоштан ба забону фарҳанги ниёгон, зинда нигоҳ доштани таърихи халқи худ ва дӯст доштани Ватан аст.

«Шоҳнома» гувоҳи устувориву пойдории забони форсии тоҷикӣ дар таърихи тамаддуни башар мебошад. Ҳамчунин, далели қотеъ барои онҳое буд, ки бузургиву шаҳомати ин забонро нодида мегирифтанд.  Фирдавсӣ расо даҳ аср қабл қудрату тавонмандии вожаҳои ноби тоҷикиро дар амал татбиқ кард ва нишон дод, ки бо ин забон мешавад осори мондагор офарид. Аз дигар хусусиятҳои муҳимми асари мазкур он аст, ки ба инсонҳо дарси шуҷоату қаҳрамонӣ меомӯзонад. Рустам ҳазор сол боз чун тимсоли мағлубнопазир дар тафаккури миллии мо арзи ҳастӣ мекунад. 
Барои дарку фаҳмиши мазмун ва муҳтавои «Шоҳнома» эҳтиёҷ ба тарҷума пайдо шуда буд, зеро дар забони асл хондану дарк кардани он чун дигар осори илмиву адабӣ барои ҳамагон имконпазир нест. Дар натиҷа садҳо тарҷума ба вуҷуд омад, ки ҳар яке ҷойгоҳи худро доранд. Нахустин тарҷумаи «Шоҳнома» ба забони арабӣ анҷом шуда буд. Имрӯз ба 26 забони дунё тарҷумаи он дар дастрас қарор дорад, ки тарҷумаҳои англисиву арабиву русиву франсузӣ ва туркиву ӯзбекӣ аз ҷумлаи онҳост. 
Дар адабиёти Шарқ бисёр шоирон аз ин китоб таъсири фаровон гирифтаанд, ки зимни мутолиаи осори онҳо инро ба хубӣ ҳис кардан мумкин аст. 
«Шоҳнома» ба осори шоирони туркзабон низ таъсир расондааст. Яке аз нахустин асарҳои бадеии адабиёти туркӣ «Қутадғу билиг»(Дониши раҳнамои саодат)-и Юсуф Хос Ҳоҷиб аст, ки дар пайравӣ ва вазни «Шоҳнома» эҷод шуда буд. 
Дар давоми давраҳои гуногуни таърихӣ тарҷумаҳои назмиву насрии «Шоҳнома» ба миён омад, ки зиёд будани таваҷҷуҳи мардумро нисбати он нишон медиҳад.
Соли 1425 бо саъю ҳаракат ва муқаддимаи Бойсунқур Мирзо 41 нусхаи дастнависи «Шоҳнома» гирдоварӣ шуда, нусхаи ягона омода мегардад, ки бо иловаи 21 миниатюраи зебо музайян шуда буд. Адабиётшинос Ҳамидҷон Ҳомидӣ ин муқаддимаи Бойсунқур Мирзоро аз нахустин тадқиқотҳои «Шоҳнома» медонад. Тарҷумаи машҳури Хомӯшӣ, ки соли 1781 анҷом дода шуда буд, дар асоси ҳамин нусха ба амал омадааст.
Аз аввалин тарҷумаҳои насрии «Шоҳнома» ба забони қадими ӯзбекӣ достони Сиёвуш аст, ки аз ҷониби Ҳасан Муҳаммад ном адиби хоразмӣ соли 1497 сурат гирифта буд. Ҳамчунин, Шоҳ Ҳиҷрон аз достони «Бежан ва Манижа» то «Вафоти Искандар»-ро тайи солҳои 1750-1755 ба наср баргардон намуд. Хомӯшӣ дар тарҷумаи худ кори Шоҳ Ҳиҷронро идома медиҳад, ӯ асарро аз оғоз то достони Искандар ба насру назм тарҷума мекунад. Сабаби ба назму наср анҷом додани тарҷума ба мардум фаҳмо шудани хатти сужети достонҳо аст.
Нурмуҳаммад Бухорӣ, Очилдимурод Мирӣ ҳам ба тарҷумаи «Шоҳнома» даст зада буданд, аз ҷумла, О.Мирӣ, ки забони форсии тоҷикиро мукаммал медонисту соли 1884 достони «Раъно ва Зебо»-ро ба тоҷикӣ навишта буд, достони «Рустам ва Суҳроб»-ро бо вазни аслӣ тарҷума менамояд.
Баъди он ки дар Осиёи Марказӣ корҳои табъу нашр роҳандозӣ гардиданд, асари Фирдавсӣ бо номи «Шоҳнома»-и туркӣ» тибқи тарҷумаи Хомӯшӣ дар солҳои 1902, 1906, 1908, 1914 пайдарпай аз нашр бадар меояд. Ин кор бо ибтикори ношир, тоҷири китоб ва хаттоти ӯзбек Мир Махдум амалӣ шудааст. Садҳо миниатюрае, ки дар он мавҷуд аст, офаридаи дасти Абдураҳмони Себзорӣ мебошанд.
Дар давраҳои охир низ тарҷумаву тарғиби «Шоҳнома» идома ёфта, шоири ӯзбек Усмон Носир ҳаҷвияи Султон Маҳмудро ба назм баргардон кард, аммо ин тарҷума пешдар ҷое эълон нашудааст. Ҳ.Ҳомидӣ порчае аз онро дар китоби худ нақл мекунад.
Аз китоби «Достонҳои «Шоҳнома», ки дар нигориши насрии Сотим Улуғзода сурат гирифта буд, достони «Симурғ ва Зол» аз ҷониби шарқшинос Раҳмонхӯҷа Инъомхӯҷаев соли 1992 тарҷума ва нашр гардидааст.
Тарҷумаи сеҷилдаи «Шоҳнома» таҳти роҳбарии Ш.Шомуҳаммедов тайи солҳои 1975-1979 ба нашр мерасад, ки дар тарҷумаи он худи ӯ, Назармат, Ҳамид Ғулом, Ҷумъаниёз Ҷабборов, Маҳкам Маҳмуд ширкат варзидаанд. 
Соли 2012 «Шоҳнома» ба таври интихобӣ бо баёни насрӣ ва таҳияи Ҳамидҷон Ҳомидӣ ба забони ӯзбекӣ ба нашр расид. Он дар асоси баёни насрии Ғуломмуҳаммад Тоҳир Муборак ба амал омадааст.
«Шоҳнома» аз ҷумлаи он асарҳоест, ки дар асрҳои миёна нусхае аз он қариб дар ҳар хонавода мавҷуд буд. Худи Темур ва шоҳони темурӣ низ ба он таваҷҷуҳ доштанд ва маҳфилҳои шоҳномахонӣ ташкил карда мешуд. Нусхаи дастнависи »Шоҳнома«-и Бойсунқур Мирзо аз нусхаҳои муътабари ин асари қиматбҳост, ки бо муқаддимаи  худи Бойсунқур Мирзо таҳия гардидааст. Ӯ бо фарқ аз дигар шахсони мансабдор ба коре даст зад, ки як умр номаш ҳамчун шахси хирадманд ва ҳимоятгари фарҳангу адабиёт дар саҳфаи таърих сабт шуд.  
Дар Ӯзбекистон роҷеъ ба Абулқосим Фирдавсӣ ва  асари мондагори ӯ «Шоҳнома» даҳҳо мақолаву монографияҳо ба нашр расидаанд. Бо назардошти маҳорати шоирии Фирдавсӣ адабиётшинос Натан Маллаев монографияи «Абулқосим Фирдавсӣ»-ро таълиф кард. Муаллиф дар он хусусиятҳои муҳимтарини «Шоҳнома» ва арзиши адабии онро муайян намудааст. Шоислом Шомуҳаммедов дар асарҳои «Классикони адабиёти форс-тоҷик» ва «Гуманизм дар эҷодиёти классикони адабиёти форс-тоҷик» роҷеъ ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён кардааст. Ӯ дар муқаддимаи тарҷимаи назмии «Шоҳнома» роҷеъ ба асари мазкур зикр мекунад: «Ғояи асосии «Шоҳнома» – бузург доштани Ватан, қудрати халқро ба намоиш гузоштан, васф кардани баҳодурони халқ мебошад». Олим роҷеъ ба қаҳрамони машҳури асар ҳам фикри ҷолиб дорад: «Рустам баҳодурест, ки таслим намешавад ва мағрур аст, аммо ба подшоҳи худ аз таҳти дил садоқат дорад. Ӯ балогардони ватану халқи худ мебошад. Дар ин роҳ ӯ аз ҷанги қаттол ҳам рӯ намегардонад. 
Фирдавсӣ ҳар қадар Рустамро дӯст дорад ҳам, ӯро танҳо ба сифати маҷмӯаи хубиҳо тасвир намекунад, ӯро ба сифати одаме тасвир мекунад, ки аз камбудиҳо холӣ нест».
Аз олимоне, ки қисмати зиёди ҳаёти худро ба омӯзишу таҳқиқи ин асари пурқимат сарф намудаанд, устоди равоншод Ҳамидҷон Ҳомидӣ мебошад, ки соли 1967 дар мавзӯи «Дар бораи тарҷумаи ӯзбекии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, дар он ҷиҳатҳои муҳими тарҷумаи ӯзбекии асарро баррасӣ намуда буд. Олим соли 1991 таҳти мавзӯи «Шоҳнома» ва адабиёти ӯзбек» рисолаи докторӣ низ ҳимоя карда, муносибати ин шоҳасари Фирдавсиро бо осори адибони ӯзбек нишон дод. 
Дар рисолаи Ҳ.Ҳомидӣ бо унвони «Фирдавсӣ ва адабиёти ӯзбек» роҷеъ ба тарҷумаи Хомӯшӣ, Нурмуҳаммад Бухорӣ, Шоҳ Ҳиҷрон, анъанаи фирдавсишиносӣ, «Шоҳнома» дар талқини Айнӣ мулоҳизаҳои пурқимати илмӣ баён мешавад. Ӯ дар соҳаи фирдавсишиносӣ саҳми муносиб гузошта, ҳам таъсири «Шоҳнома»-ро ба адабиёти ӯзбек таҳлилу баррасӣ намуд, ҳам ба хонандаи ӯзбек роҷеъ ба мазмун ва моҳияти асар маълумоти муфассал дод. 
Устод Наҷмиддин Комилов дар китоби «Корвони тафаккур» симои Гурдофаридро аз нуқтаи назари Чернишевский таҳлил мекунад. Адабиётшинос Э.Очилов дар мақолаи худ таҳти унвони «Шоҳкитоби адабиёти Шарқ» саҳми Фирдавсӣ ва шоҳасари ӯро дар адабиёти ҷаҳон таъкид намудааст. Шарқшинос Ҷ.Холмуъминов дар мақолаи «Фирдавсӣ ва Европа» таҳқиқ ва тарҷумаи «Шоҳнома»-и Фирдавсиро аз ҷониби олимон ва мутарҷимони аврупоӣ ба риштаи таҳқиқ кашида, нуфузу эътибори Фирдавсиро дар адабиёти Аврупо нишон медиҳад. 
Аз олимон Шоислом Шомуҳаммедов барои саҳми назаррас гузоштан дар тарҷума ва тарғиби «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бо  байналмилалии Ҷоизаи байналмилалии ба номи Фирдавсии Эрон сазовор гардид. Ӯ барои муаррифӣ намудани чеҳраҳои адабиёти классикии форс-тоҷик ва осори гаронбаҳои онҳо корҳои мондагор анҷом дода буд, ки то имрӯз бо мамнуният аз тарҷумаҳояш истифода мекунанд.
Дар Ӯзбекистони Нав ба густариши муносибатҳои байнимиллӣ эътибори алоҳида дода мешавад. Натиҷаи ҳамин дастгирии ҳамаҷониба аст, ки бо ибтикори Президенти Ӯзбекистон 10 сентябри соли 2022 дар мавзеи Панҷоби Самарқанд муҷассамаи Фирдавсӣ қад афрохт. Он рамзи дӯстиву халқҳои ҳамҷавор аст.
Дар Ӯзбекистон ба омӯзиши осори илмиву адабии бузургони форсу тоҷик ҳамеша эҳтиёҷ буду ҳаст, зеро таърих, фарҳанг ва анъанаҳои  ин ду халқ аз як реша сарчашма мегиранд ва Алишер Навоӣ бо такя ба таҷрибаҳои эҷодии суханварони форс-тоҷик асарҳои мондагоре офарид, ки то имрӯз барои равнақу ривоҷи адабиёти туркзабон хидмат мекунанд.  Минҷумла, таъсири «Шоҳнома» дар асарҳои эпикии адибони ӯзбек бармало мушоҳида мешавад. Такроран тарҷума ва чоп шудани «Шоҳнома» дар ибтидои асри ХХ далели он аст, ки дар давраи оғозу ривоҷи ҳаракати ҷадидия ба худшиносӣ эътибори алоҳида дода мешуд ва ғояву мазмунҳое, ки дар он ифода гардидаанд, барои ҷадидон ба сифати дастуруламал ёрдам мекард. 
«Шоҳнома» на танҳо ба забони ӯзбекӣ тарҷума шудааст, балки ғояҳои инсонпарвариву ахлоқии он ба эҷодиёти адибони ӯзбек таъсир расондааст, ҳамчунин, қаҳрамонҳои асар дар осори шоирону нависандагони туркзабон мавриди истифода қарор гирифтаанд.  
Дар баробари ин чанд пешниҳод ироа мешавад, ки аз ҳар ҷиҳат муфид хоҳад буд: Якум, бо назардошти он ки то ҳол тарҷумаи мукаммали «Шоҳнома» ба забони ӯзбекӣ ба амал наомадааст, бояд адибон дар ҳамбастагӣ ин кори судмандро анҷом диҳанд, то ки хонандаи ӯзбек низ аз мазмун ва муҳтавои асар ба таври мукаммал хабардор шавад.
Дувум, таҳлили қиёсии «Шоҳнома» бо осори шоирони классики ӯзбек ва омӯзиши он дар замони салтанати Темуриёнро дар дараҷаи тадқиқоти илмӣ анҷом додан лозим аст, зеро ин ҷиҳатҳои асар то ҳол ба таври бояду шояд таҳқиқ нашудаанд ва  ин метавонад барои мустаҳкам гардидани робитаҳои адабӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

Хусрав ҲАМИДОВ, 
ходими калони илмии Маркази 
тамаддуни исломии Ӯзбекистон, 
доктори фалсафа оид ба илмҳои филология (PhD).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: