ШОҲРОҲИ НАВ БА БАҲРАБАРДОРӢ СУПУРДА ШУД
25 октябр қитъаи роҳи автомобили Қӯнғирот – Бейнау, ки 240 километр мебошад, пас аз таъмир ба баҳрабардорӣ супурда шуд. Дар маросиме, ки ба ин муносибат баргузор гардид Президент Шавкат Мирзиёев иштирок намуд.
Ин роҳ қисме аз шоҳроҳи стратегӣ ба шумор меравад, ки мамлакатамонро бо давлатҳои Аврупо мепайвандад. Аммо ба сабаби солҳои зиёд истифода гардидан ва иқлими сахти қитъавии ҳавзаи Арал он ба ҳоли ногувор омада буд. Аз ин боис, бинобар таъмири замонавии он лоиҳа ба қимати 323 миллион доллар татбиқ гардид.
Дар маросим роҳбари давлат аҳамияти муҳими онро махсус таъкид кард.
– Ҳоло масофаи боркашониҳои байналхалқӣ дар ҳудуди мамлакатамон то 1 ҳазор километр кӯтоҳ гардида, харҷҳои нақлиётӣ 25 фоиз кам мешавад. Ин роҳ қисме аз шабакаи логистикӣ мегардад, ки мамлакатамонро бо бозорҳои аврупоӣ аз тариқи бандаргоҳҳои баҳрҳои Каспӣ ва Сиёҳ боэътимод мепайвандад. Боз як ҷанбаи муҳим – дар қитъаи даҳлези байналхалқии «А-380», ки аз тариқи Ӯзбекистон мегузарад, ҳаракати шабонарӯзии нақлиёт то се маротиба меафзояд, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Роҳ аз ҳар ҷиҳат ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, бехатарии мусофиркашонӣ ва боркашониро таъмин менамояд.
Қаблан дигар қитъ-аҳои роҳи байналхалқии автомобилии Ғузор – Бухоро – Нуқус – Бейнау таъмир гардида буд. 29 феврали соли ҷорӣ пули нав аз тариқи Амударё кушода шуда, Қароқалпоқистонро бо Хоразм пайваста буд. Ҳамин гуна кор барои равуои одамон мусоидат намуда, фаъолияти иқтисодиро баланд мебардорад ва барои рушди ҳарчи зиёди соҳибкорӣ такони иловагӣ мебахшад.
Бинобар ҳисобу китоб, дар шафати роҳи нав беш аз 200 объекти савдо ва хидматрасонӣ ва инчунин корхонаҳои саноатӣ ба вуҷуд меоянд. Аз ҳисоби ин аввал 2 ҳазор ва минбаъд боз 5 ҳазор ҷойи кор фароҳам оварда мешавад. Ҳамин тариқ, пойгоҳи мустаҳкам барои афзудани ҳаҷми транзит ва дигар хидматрасонӣ дар Қароқалпоқистон соле ба миқдори 200 миллион доллар, ҳаҷми содирот на камтар аз 300 миллион доллар фароҳам оварда мешавад.
Ҳаёти беш аз 1 миллион нафар аҳолии ноҳияҳои Тӯрткӯл, Элликқалъа, Берунӣ, Нуқус, Хоҷайлӣ, Шуманай, Конликӯл, Қараӯзак ва Қӯнғирот, ки ин шоҳроҳ аз тариқи онҳо мегузарад, тағйир меёбад.
Президент ба бинокорон ва коргароне, ки дар ин лоиҳа иштирок намудаанд, ба Бонки рушди Осиё, пудратчиён аз Туркия, Озарбойҷон ва Чин, мушовирон аз Кореяи Ҷанубӣ ва Италия изҳори миннатдорӣ намуд.
– Сохтмони роҳ ва пул, ба ҳам наздик кардани одамон, сабук гардондани ташвишу изтироби онҳо аз корҳои наҷибтарин аст. Дар шахси роҳсозон мо чунин шахсони меҳнатқарин ва бошарафро мебинем, ки сазовори дуо ва сипосгузории халқ гардидаанд. Бигузор потенсиали иқтисодии Ӯзбекистони Нав рушд ёбад, бигузор чунин корҳои нек, ки ба баланд гардидани некуаҳволии мардум мусоидат менамоянд, зиёд гарданд, – гуфт роҳбари давлат.
Ба чорабинии кӯпруки телевизионӣ иштирокдорон аз ҳар ду канори ин роҳи 240 километрӣ – аз ноҳияи Қӯнғироти Қароқалпоқистон ва постгоҳи гумруки «Довудота» ҳамроҳ шуданд. Президент Шавкат Мирзиёев бо қаноатмандӣ ба ҳаракат дар роҳ оғоз бахшид ва ҳамватанонро бо ин рӯйдоди муҳим табрик кард.
Дар маросим намояндагони идораҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Ба роҳбари давлат инчунин низоми мониторинги иншоотҳои муҳандисӣ нишон дода шуд. Бинобар он, дар нуқтаҳои муайяни пулҳои стратегӣ ҳисобкунакҳои электронӣ гузошта мешавад. Бо кумаки онҳо назорати доимии пойдорӣ ва сифат амалӣ мешавад. Агар аз меъёр дуршавӣ ба қайд гирифта шавад, мушкилот зуд ифшо ва бартараф карда мешавад. Ин истифодаи дарозмуҳлат ва сифатноки пулҳоро таъмин менамояд.
Инчунин система имкон медиҳад, ки маблағ сарфа гардад. Қариб 20 намуди ҳисобот аз намуди коғаз ба электронӣ гузаронда мешавад. Маълумотҳои мониторинг то 30 сол нигоҳ дошта мешаванд. Якумин чунин лоиҳа дар роҳи нави болои роҳи оҳани кӯчаи Бобур татбиқ гардидааст, ки он ба фурудгоҳи байналхалқии Тошканд мебарад. Дар ҷараёни маросим инчунин бакорандозии ин роҳкушоии нақлиётӣ баргузор гардид.
Дарозии умумии он 702 метр, бараш 46 метр мебошад. Инчунин дуто даромадгоҳи клевер ва чор даромадгоҳи амудӣ сохта шуд, ки онҳо бо Камарбанди хурд ва кӯчаи Содиқ Толипов пайванд гардиданд. Ин ногузирии дар роҳ ақиб гаштанро бартараф намуда, ҳаракати автомобилҳоро сабук намуд. Умуман ин шохаи нақлиётӣ қодир аст, ки соате 5 ҳазор автомобилро гузаронад ва ин шабонарӯз 132 ҳазорро ташкил менамояд.
Президент ногузирии татбиқи низоми мазкурро дар 114 гузаргоҳи пойтахт ва баъд дар тамоми минтақаҳо таъкид кард.
Бояд гуфт, ки дар ҳашт соли охир дар мамлакатамон 2 ҳазор километр роҳ таҷдид ва 100 ҳазор километр таъмир гардид. Аз ҳама муҳимаш ҳамзамон сифати кор тағйир ёфта, намудҳои нави полимербетон ва нақбҳои сементбетон васеъ корбурд мешаванд. Дар натиҷа муддати истифодаи роҳҳо 1,5 маротиба зиёд мегардад.
Дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ соли оянда татбиқи 10 лоиҳаи калон оид ба сохтмони боз ҳазор километр роҳ ба нақша гирифта шудааст.
ӮзА.
Хабарҳои дигар
КОРҲОИ ДАР СОҲАИ ТАЪМИНИ ЭНЕРГИЯ ИҶРОШУДА ВА НАҚШАҲО БАРОИ ОЯНДА БАРРАСӢ ШУДАНД
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 ноябр доир ба таъмини бефосилаи мардум ва соҳаҳои иқтисодиёт бо энергия, инчунин баланд бардоштани самаранокии корхонаҳои соҳа ҷамъомад баргузор намуд.
ЧОРАБИНИҲОИ БЕҲСОЗИИ БАҲИСОБГИРИИ ЗАМИН ВА ХИДМАТИ КАДАСТР МУАЙЯН ГАРДИДАНД
Президент Шавкат Мирзиёев 27 октябр доир ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои замин, беҳсозии баҳисобгирии замин ва хидматрасонии кадастрӣ ҷамъомад баргузор намуд.
Президенти Ӯзбекистон вазири корҳои хориҷии Чинро ба ҳузур пазируфт
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 12 апрел аъзои Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин, вазири корҳои хориҷӣ Цин Ганро, ки барои иштирок кардан дар маҷлиси машваратии навбатии роҳбарони мақомотти корҳои хориҷии мамлакатҳои ҳамсояи Афгонистон ба мамлакати мо омадааст, кабул кард.
Ўзбекистон ва Тоҷикистон ба беш аз 40 созишномаи сайёҳӣ имзо карданд
Бо мақсади вусъат додани хамкории байни ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон беш аз 40 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
ДАР САТРҲОИ МУХТАСАР
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 12 феврал бахшида ба масъалаҳои такмил додани институти маҳалла, таҳкими сулҳ ва оромӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар маҳалҳо видеоконфронс баргузор гардид.
Муносибатҳои дуҷонибаи Ӯзбекистон ва Русия ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бароварда шуданд
Президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Владимир Путин ба Эъломия дар бораи шарикии стратегии ҳамаҷониба байни Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Федератсияи Русия имзо гузоштанд.
ЧОРАҲО ОИД БА ТАШКИЛ КАРДАНИ КЛАСТЕРҲОИ МЕВАВУ САБЗАВОТ МУАЙЯН ШУДАНД
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 9 декабр бахшида ба масъалаҳои ташкил кардани кластерҳои ба меваву сабзавот махсусонидашуда, баланд бардоштани сифати тайёркунӣ ва афзун гардондани ҳаҷми содироти маҳсулоти меваву сабзавот ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.
Пешниҳодҳо бобати вусъат додани минтақаҳои сабз баррасӣ шуданд
Президент Шавкат Мирзиёев бо муаррифии таклифҳо оид ба самарабахш ба роҳ мондани татбиқи лоиҳаи умумимиллии «Яшил макон» («Макони сабз»), мувофиқгардонии кори идораи хоҷагии ҷангал шинос шуд.
ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН САФИРИ ТОҶИКИСТОНРО ПАЗИРУФТ
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 23 апрел Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомиро, ки вазифаи дипломатии худро дар мамлакати мо анҷом медиҳад, қабул кард.
Ба нақша гирифта шудааст, ки ба Қазоқистон ва Тоҷикистон низ рафтуомад ба воситаи ID-корт ба роҳ монда шавад
Президент таъкид кард, ки таҳрири нави Консепсияи сиёсати хориҷӣ қабул карда шавад.
МУШКИЛОТ БО МУНОҚИШАҲО НЕ, БО РОҲИ ЭЪТИМОД ВА ҲАМКОРИИ НАЗДИК ҲАЛ КАРДА МЕШАВАНД
Чанд рӯз паи ҳамаи мо нутқи Президентро дар Ассамблеяи Генералии СММ бо ҳаяҷони зиёд гӯш кардем.
МУБОРАКБОДӢ БА ХАЛҚИ ӮЗБЕКИСТОН
Ҳамватанони азиз!