«ШОЯД КАСЕ БА ИМДОДАМ РАСАД»

Саргузашти як нафар модари сарсахт

Ҳар дафъа партовҳоро ба партовгоҳ барам, чашмам ба зани миёнсоле меафтад, ки дар канори роҳ истода аз роҳгузарҳо садақа мепурсад. Баъзан дар қатори дигарон ба ӯ як-ду сӯм дода мегузарам. Занак ба сардию гармии ҳаво нигоҳ накарда, дар «коргоҳаш» менишаст.
Рӯзе либосҳои кӯтоҳу тангшуда, пойафзори кӯҳнаю фарсударо ҷудо кардам ва хостам ба ҳамон занак диҳам. Ӯ аз ин мурооти ман хеле шод шуд ва дид, ки ба ҳаёт, оила ва фарзанд доштани ӯ таваҷҷӯҳ зоҳир кардам, саргузашташро нақл кард...
«Дар ноҳияи Булунғури Самарқанд ба дунё омадаам. Ба сабаби бемории падару модарам маро дар 16-солагӣ ба шавҳар доданд. Дар синни 19 фарзанддор шудам. Солҳои аввал бо ҳамсарам зиндагии хуб доштем, аммо ӯ оҳиста-оҳиста ба майнӯшӣ руҷӯъ кард ва феълу атволаш низ дигаргун шуд. Дарёфташро бо улфатҳояш ба майнӯшиву амалҳои беҳуда сарф мекард. Бо ҳар роҳ ба ӯ мефаҳмондам, ки оқибати бадрафториаш ба бадбахтиҳо оварданаш мумкин. Аммо ӯ гӯш накард. Рӯзе чун одат ширакайф ба хона омад. Ба ман, ки норозиёна ба ӯ нигоҳ кардам, фарёд зад ва аз дастам кашола карда аз хона берун кард...
Падару модараш аз ин ҷанҷолҳои ҳаррӯза ба танг омаданд ва моро ба хонаи алоҳида ҷудо карданд. Акнун азоби ман дучанд шуд, хӯрондану пӯшондани кӯдакон, пардохти ҳаққи иҷора. Ба хонаи падарам равам гӯям, бо ду кӯдак маро кӣ қабул мекунад? То маломату миннати занони додаронро кашидан, гадоӣ карданам беҳтар. 
«Аз тақдир ҷойи гурез нест», гуфтагӣ барин ба зарбаҳои сахти тақдир дучор шудам. Шавҳарам ба хона намеомадагӣ шуд, дертар фаҳмидам, ки барои кор ба тарафи Русия рафтааст ва бо зане издивоҷ кардааст. Ҳамин тариқ, барои дарёфти кор бачаҳоямро гирифта ба Тошканд омадам. Либосу пойафзори онҳоро дарбеҳ карда мепӯшонам. Дар ҳамин замонаи серию пурӣ чунин оилаҳо оё ҳастанд мегӯӣ? Ҳастанд, яке аз онҳо мани сарсахт мебошам. Воқеаеро, ки ҳоло нақл мекунам, маро аз ба дунё омаданам пушаймон кард. 
Рӯзе хостам санбӯса пухта ба бозор барорам. То поси шаб санбӯсаҳоро пухта, дар дасторхон печонда мондам. Чашми рӯз накафида ба бозор баромадам. Дар истгоҳи автобусҳо, дар ҷое, ки занҳо қатор истода яке санбӯса, дигаре хонуму манту, сеюмӣ гуммаю қатлама мефурӯхтанд, ҷой гирифтам. Ҳамон рӯз ҳаво сард буд, сим-сим борон меборид. 
Санбӯсаҳои гарму нарми ман ба харидорон магар маъқул шуд, бисёриашро фурӯхтам. Ногоҳ зани малламӯйи айнакдор бо аробачааш омада дар назди ман таваққуф кард.
– Боз ин кӣ буд, ҷойи маро гирифтааст?– гуфта дасторхони маро онсӯтар тела дод. Ман оҳиста тағораамро дуртар мондам. Занак дид, ки «мол»-и ман ба фурӯш мераваду ба мантуи ӯ касе нигоҳ намекунад, дарғазаб шуда фарёд зад: 
– Аз кадом гӯр пайдо шудӣ? Ин ҷой азони ман, дер боз дар ҳамин ҷо чиз мефурӯшам. Дафъ шав!
– Апаҷон, моли шумо дигару азони ман дигар. Ҳар якеро харидораш ҳаст. Бозор азони ҳама,– гуфта хостам бо ӯ муросо кунам.
– Ин беҳаё «одами нав» бошад ҳам, забонаш дароз-ку! – гуфта дасторхони маро чунон тела дод, ки  санбӯсаҳо ба замин пош хӯрданд ва ба обу лой омехта шуданд. Ман ҳам дарғазаб шуда тағораи ӯро тела додам. Сар шуд мӯйканию рӯйканӣ... Атрофиён моро аз якдигар ҷудо карданд. Бо дасти ларзону дидаи гирён санбӯсаҳои ба лою қум оғуштаро чида ба тағораам андохтам ва роҳи иҷорахонаамро пеш гирифтам... 
Фарзандонам тозон ба пешвозам баромаданд, онҳо гумон карданд, ки пухтаҳои ман зуд ба фурӯш рафтааст. Аммо мӯйҳои парешон, дастони ханҷолшудаю хунолуд ва чашмони гиряолуди маро дида, ғамгинона ба ман дида дӯхтанд...
Тарбияи кӯдакон, пардохти иҷора ба ман вазнинӣ кард. Дар ошхонае, ки дар паҳлуи иҷораам  воқеъ аст, косаю табақ мешӯям, сабзию пиёз ва дигар маҳсулоти хӯроквориро тоза мекунам ва  хӯҷаин ду-се сӯм ба дастам медиҳад. Сарсонӣ, гоҳ гуруснаю гоҳ сер, меҳнати вазнин, дилозурдагии фарзандонро дида, саломатиамро аз даст додам. Се-чор тангаи аз садақа ҷамъкардаамро ба доруву дармон сарф мекунам. Аз маҳаллае, ки ҳоло истиқомат мекунам, кӯмак пурсидам. Онҳо гуфтанд, ки рӯихати доимиат дар куҷо бошад, ба ҳамон ҷо муроҷиат кун. Алҳол ният дорам ба зодгоҳам баргардам, шояд савобҷӯе ба имдодам расад...».
Дар ҳамин ҷо занак нақлашро ба охир расонд. Баъди фаро расидани соли нави 2019 ӯро дар канори роҳ надидам. 
Дар маҷлиси навбатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис лоиҳаи қонун оиди ба ҷавобгарӣ кашидани гадоён – «Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон» мавриди муҳокима қарор гирифта буд. Моҳи январи соли ҷорӣ Президенти ҷумҳурӣ ба қонуни мазкур имзо гузошт. Шояд занак ба ин қонун риоя намуда, касби худро дигар кард ё саховатпешае ёфт шуду ба модари муштипар дасти ёрӣ дароз карда бошад.

С. РӮЗИЕВА,
«Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: