Бонки ТВС дар ҷумҳурии мо соле муқаддам ифтитоҳ ёфтааст.
Бонки ТВС дар ҷумҳурии мо соле муқаддам ифтитоҳ ёфтааст. Ин нахустин бонки рақамӣ мебошад, ки дар қаламрави кишвари мо ба фаъолият оғоз намудааст.
Бонк дорои таърихи сисола буда, дар Гурҷистону паси Қафқоз калонтарин муассисаи молиявӣ ба шумор меравад. Назар ба маълумотҳо аз соли 2016 савдои саҳмияҳои ин бонки саҳҳомиву тиҷоратӣ дар бозори Лондон ба роҳ монда шудааст. Қимати умумии саҳмияҳои ТВС бонк танҳо соли гузашта дар биржаи фонди Англия аз як миллиард доллари Амрико афзуд. ТВС моҳи ноябри соли 2020 ҳамчун аввалин бонки рақамӣ ба бозори Ӯзбекистон ворид гардид. Айни замон иловаи ТВС UZ-и он миллион маротиба бардор гардидааст.
Ба қарибӣ дар шаҳри Ҷиззах бахши бонки мазкур ифтитоҳ ёфт. То ин вақт дар назди фурӯшгоҳи «Медиапарк» як нуқтаи он амал мекард. Ба мушоҳида мерасид, ки мизоҷон аксаран молҳои ногузири маишии рӯзгорро бо ёрии кредити ин бонк мехариданд. Ҳисобу китоб ва амалиёт бештар бо ёрии иловаи мобилӣ сурат мегирад. Ва пардохти солона бисту се фоизро ташкил мекунад.
– То ин дам дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва Қаршӣ бахши бонк ифтитоҳ ёфтаанд, – мегӯяд зимни суҳбат мудири бахши вилоятии он Зарифҷон Набиев. – Ва инак имрӯз дар вилояти Ҷиззах баҳри мушкили мардумро осон намудан шуъбаи он таъсис мегардад.
Он аз дигар бонкҳо ба куллӣ фарқ дорад. Ба мизоҷон аз хидмат расондан дида кӯмак мерасонад, маслиҳатҳои муфид медиҳад.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.