ШУЪБАҲОИ ФАРҲАНГ СОҲИБИ МОШИН ШУДАНД

Мувофиқи қарори Президент аз 2 феврали соли 2022 «Дар бораи чораву тадбирҳои иловагии рушди соҳаи фарҳанг ва санъат» ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадриҷан бо мошинҳои хидматӣ таъмин карда мешаванд.

Маҳз бо мақсади таъмини иҷрои ин қарори сарвари давлат мошинҳои «Дамас», ки аз ҷониби Вазорати фарҳанг барои панҷ шӯъбаи фарҳанги вилояти Фарғона (шаҳри Қӯқанд, ноҳияҳои Риштон, Тошлоқ, Учкӯприк ва Қува) ҷудо карда шудаанд, ба таври тантананок тақдим гардиданд. Дар маросим ҷонишини ҳокими вилоят Хуршедҷон Аҳмедов ва сардори Раёсати фарҳанги вилоят Ҷаҳонгир Тоҷибоев ширкат карданд.
Ёдоварӣ шуд, ки ҳанӯз соли гузашта идораҳои фарҳанги шаҳрҳои Фарғона, Қувасой ва Марғелон, ноҳияҳои Бешариқ, Бувайда, Олтиариқ, Сӯх, Фурқат ва Фарғона соҳиби чунин мошинҳо шудаанд. Гуфта мешавад, ки ходимони шуъбаҳои фарҳанг тавассути ин воситаҳои нақлиёт корҳои барномарезикардаашонро дар минтақаҳои гуногун пиёда мекунанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: