ШУКР, КИ ШУКРОНА ҲАСТ...

Дар яке аз рӯзҳои тобистон ба хонаи мо меҳмонҳо омаданд.

Пиразанҳо дар кати болои айвон нишаста, бо ҳам суҳбат мекарданд. Шукрона – духтараки сесолаам даруни хона, ба хоби ноз буд.  Ман дар ошхона ҷунбуҷӯл доштам. Ногоҳ шиқир-шиқири шифти ошхона ба гӯш расид.  Пай бурдам, ки замин меҷунбад, ба назди  Шукрона шитофтам. Аммо замин чунон сахт ҷунбид, ки ман то миёни ҳавлӣ базӯр рафта расидам.  
– Аз ҷойҳоятон наҷунбед!
– Ҳама шинед!
– Дуои «Изозилзила»-ро хонед!
– Калимаатонро гардонед! – хитоб менамуданд пиразанҳо. 
Дар муддати кӯтоҳ ба сарам ҳар гуна фикрҳо меомад. Дар дил аз Худо илтиҷо менамудам, ки Шукронаро дар паноҳаш нигоҳ дорад. 
– Эй, Худоҷон... Шукрона, – аз тарс ин ду калимаро такрор менамудаму халос.
– Келин, чиба шукр мекунед? – бо нафрат сӯям нигарист ҳамсоязан. – Замин одама хӯрам мегӯяду ба шукргӯӣ бало ҳаст?!
Ба истеҳзои ҳамсоязан касе эътибор надод. Дар назарам тамоми дунё ба хомӯшистон табдил ёфта буд. Ҷунбиши замин тезтар шуд. Гумон кардам, ки ҳозир замин моро ба коми худ мекашад.  Ин дам Шукрона, бехабар аз кори олам, аз хона берун баромад.
– Шукрона! Худоҷон...  Шукрона.., – фарёд мекардам ман.
То назди Шукрона рафтан борҳо ин калимаро такрор намудам. 
Баробари ӯро ба оғӯш гирифтанам, ҳама ҷо осуда шуд. Занҳо бо шавқ дар бораи заминҷунбӣ сухан меронданд. 
– Ин кас  хуб ҳам шукргузор буден, –  ба ман ишора намуд яке аз меҳмонҳо. –  Замин чӣ қадар бошиддат ҷунбад, ҳамон қадар ба даргоҳи  Худо шукр карда, «Худоҷон  – шукрона» мегуфтанд. Хондагӣ-дия, хондагӣ... 

Дилрабо НАСИМӢ,
ноҳияи Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: