ШУКРГУЗОРӢ АЗ ДАВРОН

Имрӯзҳо дар ҳама гӯшаву канори кишвар ободиву шукуфоии ин мулки биҳиштосо бараъло ба мушоҳида мерасад. Мусаллам аст, ки дар ҳама ҷабҳаҳои сохтори ин меҳани гулгулшукуфони мо пешравӣ ва ободиҳо яке паси дигар рӯйи кор меоянд.

Ба ин Ватан нигоҳи ошиқона мекунам,

Сару дилам фидои ин замона мекунам.

Муҳаббати самимии бародаронаро,

Ба ҳар қадам, ба ҳар нафас тарона мекунам.

Яке аз соҳаҳое, ки имрӯз ба пешравии он диққати махсуси ҷомеа равон аст, соҳаи мактабу маориф мебошад. Дуруст аст, ки бе мактабу маориф, бе илму тарбия ягон ҷамъият рӯ ба пешравӣ намеоварад.

Мактаб сабаби ҳаёт бошад,

Мактаб сабаби наҷот бошад.

Мактаб ба ту ақлу ҳуш бахшад,

Мактаб ба ту шаҳду нӯш бахшад...

Дар ҷумҳурии мо низ бо ибтикори сарвари кишвар Шавкат Мирзиёев аз соли 2017 дар ташкил ва барпо намудани муассисаҳои таълимии томактабӣ бисёр пешравиҳо ва ободиҳо ба мушоҳида мерасанд. Ҳатто дар деҳаҳои дурдасти кишвар бунёд ва барпо шудани кӯдакистонҳо аз пешравӣ ва рушди кишвар дарак дода, шавқу завқи зиндагиро ба ҳар як ватандор афзун месозад. Ташкили чунин кӯдакистонҳо, албатта, ба соҳаи таълиму тарбия ва мактабу маориф такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Бо қарори ҳукумати ноҳияи Сариосиё аз тирамоҳи соли 2021 сохтмони кӯдакистонро дар деҳаи Хуфар барои 90 нафар таълимгиранда ба нақша дароварданд. Сохтмон дар муддати кӯтоҳ зебо ва хушсифат сохта ба истифода дода шуд.

Соли 2022 муассисаи томактабии рақами 33-юм ба фаъолият оғоз намуд. Он рӯз боғча намуди идонаро дошт. Пиру барно, падару модарон ва мураббиёну таълимгирандагон бо чеҳраҳои шоду дилҳои масрур дар саҳни боғча ҷамъ омада буданд. Лентаи рамзии биноро ҳокими вақти ноҳияи Сариосиё Абдусалом Хӯҷамқулов расман бурида, бо самимияту ихлос аз пирони барнодили деҳа барои ободии ин маскани таълиму тарбия дуои хайр хоста буд.

Сарвари муассиса Заррина Каримова аз рӯзҳои аввали фаъолият ҷиддан ва бо масъулияти тамом барои ободии ин коргоҳ талош варзид. Мудири хоҷагии муассиса Давлатбой Ғафуров барои ходимон ва таълимгирандагон ҳама шароитро омода менамояд. Ӯ пайваста дар ҷидду ҷаҳд аст ва пайи ободию пешравии коргоҳи худ ҳамчун фарди фидоии замон дар хидмати халқу кишвар қарор дорад.

Дар кӯдакистон 20 нафар бонувон бо ҷойи кори доимӣ таъмин, ҳама якдилона ва муташаккилона барои ободии коргоҳ ва пешравии ин даргоҳ мекӯшанду хидмат мекунанд. Дар байни ҷамоа ҳурмату иззат, ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва садоқату эҳтиромро бараъло эҳсос менамоем. Ҳамкории ходимони ин коргоҳ бо кумитаи падару модарон, роҳбарони таълимгоҳҳои рақами 8 ва 86 хеле хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар муддати ин ду соли фаъолият боғча аллакай ду навбат хатмкунандагони худ, бачаҳои соли таваллудашон 2016 ва 2017-ро тарбия намуда, равзанаи илму ҷаҳду кӯшишро ба рӯйи  дӯстрӯякон боз намуд.

Албатта, ҳамаи ин пешравиҳо обрӯ ва эътибори ин коргоҳро дар байни ҷомеа, падару модарон, аҳли деҳа ва масъулини соҳаи таълиму тарбия боз ҳам боло мебардорад. Имрӯзҳо дар ин маскан 90 нафар тифлакони дӯстрӯй тарбият мегиранд. Барои онҳо ҳама шароит муҳайё аст. Ҳар рӯз се вақт хӯроки гарм, утоқҳои дарсӣ, хонаҳои истироҳатӣ бо катҳои мулоим ва таҷҳизоти ороста, майдончаи варзишиву боғчаи пургул дар хидмати дӯстрӯякон қарор дорад. Мақсад аз ин хидмату ҷаҳду талош тарбияи хуб ба фарзандони халқ ва ояндаи некбинона ва хидмати софдилона ба халқу Ватан аст. Умед бар он дорем, ки аз байни ин наврасон шахсони босалоҳият, ҷамоатчиёни фаъол, муҳофизони Ватан  ба камол расида, ба халқу кишвар хидмат мекунанд.

Хидматҳои ходимони ин даргоҳро аллакай халқу Ватан ва давру замон қадр намуда, дар соли равон аз тарафи ҳокимият ва шуъбаи маорифи ноҳия Заррина Каримова барои интизоми хуби меҳнат дар коргоҳ бо ташаккурнома ва ифтихорнома сарфароз гардонда шуд. Ӯ ин муваффақияти худро аз ҳамдиливу ҳамбастагии ҳамкорон дониста, ба эшон эҳтиром ва арзи сипос намуда, барои беш аз пеш комёб гардидан камари ҳиммат бастааст.

... Тақдири насли миллат бар зиммаи ту бор аст,

З-ин бештар ба дунё дигар чӣ эътибор аст.

Омӯзгор он гаҳ мамнуну бахтиёр аст,

Шогирди бовафояш бар халқ ифтихор аст...

Илҳом Хидиров,

омӯзгори тоифаи олии забон ва адабиёти тоҷики мактаби таҳсилоти умумии рақами 8-уми ноҳияи Сариосиё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: