ШУКРГУЗОРӢ БА ИМКОНИЯТҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ БАХТИ БУЗУРГ АСТ

Дар тарабхонаи боҳашами «Шоҳсарой»-и шаҳри Тирмиз дар арафаи ҷашни 28-солагии истиқлолият чорабинии шукргузорӣ баргузор шуд.

Дар чорабинӣ намояндагони ташкилотҳои давлативу ҷамоатӣ, оилаҳои камтаъмин ва куҳансолон иштирок намуда, оид ба муваффақиятҳои бузурге, ки дар давоми зиёда аз чоряк аср дар ҳаёти кишварамон ба даст оварда шудаанд, гуфта гузаштанд. Таъкид гардид, ки ба шарофати истиқлолият Ватанамон ба маскани осуда, ободу озод табдил ёфта, сол аз сол вусъат пайдо мекунад, тарзи зиндагонии аҳолӣ пайваста баланд мегардад.
– Истиқлолият барои мо неъмати бузурги Офаридгор аст,–гуфт намояндаи вилояти сурхондарёии Идораи мусалмонони Ӯзбекистон А. Сайфуддинов. –Зиёда аз чоряк аср, ки озодиамон дар дасти худамон аст, Ватани азизамон ривоҷу равнақ меёбад. Барои адо намудани рукнҳои дини муқаддасамон ҳамаи шароит фароҳам оварда мешавад. Бахусус, навгониҳое, ки се соли охир дар ҳамаи соҳаҳо ба вуқӯъ мепайванданд, ҳисси шукргузориро дар қалбамон мустаҳкам менамояд. Акнун ҳамаи мо бо фикри  истиқлол, Ватан барои ман чӣ дод не, балки ман ба рушди Ӯзбекистони мустақил, боз ҳам мустаҳкам  намудани имкониятҳое, ки истиқлол инъом намудааст, чӣ гуна ҳисса мегузорам, зиндагӣ карда, меҳнат кунем. Барои чунин ҳаёти осуда ва фаровон бояд ҳар саҳар ва ҳар рӯз шукрона бигӯем.
Тағйир ёфтани олами маънавии одамон, баланд гардидани тарзи зиндагонии аҳолӣ, рушди саноат, намуди дигар гирифтани қиёфаи вилояти Сурхон, ки воҳаи аграрӣ ба шумор меравад, бо шарофати истиқлол мебошад. Дигаргуниҳое, ки дар соҳаҳои тиб, таълим, варзиш, маданият, сайёҳӣ ва ғайра ба вуқӯъ мепайванданд, инъоми бузурги истиқлолият ба вилояти ҷанубӣ мебошад. Муваффақиятҳое, ки дар даври сипаригардидаи соли ҷорӣ дастрас шуд, низ ба ин мисол шуда метавонанд.
Дар доираи чорабинӣ ба дастархони пурнозу неъмат ош кашида, оят аз Қуръон тиловат гардид. Оҳанг ва сурудҳое, ки озодии Ватан, ободӣ ва арзишҳои миллиро тараннум менамояд, танин андохтанд
Дар чорабинӣ ҳокими вилояти Сурхондарё Т. Боболов ба сухан баромад.

Х. МАМАТРАЙИМОВ,
мухбири ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: