ШУКРИ ШУКӮҲИ НАВРӮЗ

Мардуми заҳматкашу саховатпешаи Ӯзбекистон баҳори гулбасарро бо кайфияти беш аз соле пеш, бо чеҳраи кушод истиқбол мегирад.

Мардуми заҳматкашу саховатпешаи Ӯзбекистон баҳори гулбасарро бо кайфияти беш аз соле пеш, бо чеҳраи кушод истиқбол мегирад. Дар ҳама гуна тадбиру маъракаю ҷамъомадҳо каломи шукрона, аввало аз Худованд, сипас аз роҳбарияти давлат ва ҳукумати Ӯзбекистони азиз, аз нозу неъмати баҳору Наврӯзи оламафрӯз садо медиҳанд.
Наврӯзи имсола низ дар кишвари соҳибистиқлоламон бо шодию хурсандӣ ва шукӯҳу шаҳомати хоса омад. Дар аввали моҳи март барфу боронҳои пайдарпай ҳусни боғу саҳро ва кӯҳу куталҳои моро дучандон карданд. Ба ниҳолу дарахтон қабову пироҳани баҳорӣ эҳдо намуданд. Аз насими форами  рӯзҳои охир шохаи дарахтон гулпӯш шуданд, мурғони хушилҳон ба таронагӯӣ пардохтанд. Оре, баҳор фасли гулу булбул, айёми хушиву шодмонӣ, даврони оғози корҳои деҳқонист.
Бешубҳа, Наврӯзро бидуни таоми суманак ва суманакро бидуни Наврӯз тасаввур кардан душвор аст. Маълум аст, ки суманак баъди сабзондани гандуму таҳия кардан ва ба дег андохтани он дар 17-18 соат тайёр мешавад. Мувофиқи ақидаи ниёгон он рамзи пуриву фаровонӣ, бахту саодат, саломативу сиҳатии ҳар як узви оила ва аҳли ҷомеа аст. Дар ҳақиқат Наврӯз аз идҳоест, ки мардум хеле меписандад. Бинобар ин момоёну модарон, хоҳарону арӯсон орзуву ниятҳои неки худро дар атрофи деги суманак ба забон меоранд, суруду таронахонӣ мекунанд, баҳору Наврӯз, рӯзгори орому осударо тараннум менамоянд.
Илоҳо, қадами баҳору Наврӯзи оламоро ғаму ташвиш, ранҷу дардҳои порсоларо, ки бинобар пандемияи коронавирус ба сари халқи азизи мо низ омад, дур кунад.
Наврӯзатон фирӯз 
бод,
Ҳар рӯзатон Наврӯз 
бод.

Каммуна БОБОЕВА,
ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: