«ШУКРИ ҲАСТӢ МЕКУНАМ,..»

Боиси ифтихор аст, ки дар Ӯзбекистони маҳбубамон дар қатори шоирони шинохтаву маъруф, адибаҳои зиёде бо кори эҷодӣ машғуланд, ки аксарияти онҳо аллакай дар миёни дӯстдорони сухан маҳбубият пайдо карда, ҳамчун шоир ва нависанда дар байни мардум шинохта шудаанд ва намунаи эҷодашон саҳфаҳои рӯзнома ва маҷаллаҳои кишварамонро оро медиҳад.

Дар навиштаҳои дилбохтагони сухан  масъалаҳои муҳими рӯзгори ҳаммеҳанон,  ишқу муҳаббати поку беолоиш, эҳтиром нисбат ба фарҳангу забон, тараннуми Ватан ва ватандорӣ, дӯстиву рафоқат таҷассум ёфтааст. 
Дар миёни онҳо сабку баёни Саодат Сатторӣ (Саодат Сангинова) бо тасвир ва озодандешиҳо фарқ мекунад, ки инро хонанда баъди мутолиаи китобҳои ӯ  гувоҳ мешавад. Якчанд китоби педагоги бомаҳорат, нависанда ва шоираи хушсалиқа таҳти номҳои «Субҳи саодат» (маҷмӯи ғазалиёт, соли 2022, нашриёти «Маҳорат», Самарқанд), «Дидор» (маҷмӯи ҳикояҳо, 2022, «Сурхон-нашр», Тирмиз), «Пайроҳаи сабз» (маҷмӯи ғазалиёт, 2023, нашриёти «Сурхон-нашр», Тирмиз) интишор ва пешкаши ихлосмандони шеъри ноби тоҷикӣ гардидааст.
Чанд рӯз пеш ба идораи «Овози тоҷик» омӯзгори эҷодкор ташриф оварда, мужда  расонд, ки китоби наваш бо номи «Духтари сеюм» ба чоп расидааст. Дар китоб қисса, ҳикоя ва новеллаҳои ҷолибу хонданӣ  гирд оварда шудаанд. Мазмун ва мундариҷаи китоби номбурдаро панду ахлоқи ҳамида, ишқи поки беолоиш, бедор намудани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии насли наврас, эҳтиром ба калонсолону устодон, меҳри модари мушфиқ ва содиқ будан ба оила дар бар мегирад. Китоб зери назар ва пешгуфтори Ҷ. М. Тирмизӣ дар нашриёти «Илм-зиё-заковат» (Тошканд) нашр гаштааст.
Аминем, ки баъди мутолиаи ин китоб боз сафи мухлисону дӯстдорони адиб зиёд шуда, аз Саодат Сатторӣ қиссаву ҳикояҳои нав ба нав интизор мешаванд.
Дар фарҷом бо байтҳои шоираи хушзавқ ба ин навишта нуқта мегузорем:

Шукри ҳастӣ мекунам, ёре чу ту дорам 
қалам,
Ман кӣ дорам ғайри ту? Танҳо туро 
дорам, қалам.

Ҳар даме, дар ҳар нафас розе ба ман ифшо 
кунӣ,
З-ин сабаб иншо шавад, ҳар лаҳзаи 
корам, қалам...

Чун Саодат мепарастам ҳар хати 
иқрори ту,
Ай лисони оташин, лафзи гуҳарборам, 
қалам.

Махфират МАМАҶОНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: