ШУКРИ ЗИНДАГИИ ОЗОД

10 феврали соли 1979 дар хонадони сокини деҳаи Юхсуни ноҳияи Шофиркон – устои дуредгар Бафо Шарифов хурсандӣ рух дод.

Дар оила фарзанди нӯҳум ба дунё омад. Ба сафи ҳафт духтар ва як писари хонадон боз як писари дигар ҳамроҳ шуд. Падару модари хушбахт ба вай Бобир ном ниҳоданд. Вай дар ҳалқаи бародару хоҳарон ба воя расид. Солҳои 1985-1996 дар мактаби миёнаи ба номи Ҳамза таҳсил гирифт. Касби падар – бинокорӣ дар дилаш маъво пайдо кард. Аз ҳамин сабаб баъди хатми таълимгоҳ ба корхонаи бинокорӣ рафт. Байни ҷамоаи ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Миркулол» ҳамчун коргари оддӣ эътибор пайдо намуд. Баъди адои хизмати дусолаи ҳарбӣ ӯ фаъолияти меҳнатиашро боз дар корхонаи сохтмон идома дод. Соҳиби оила ва фарзандон гардид. 
Соли 2008 вай барои кор ба Русия рафт. Чанд муддат дар шаҳри Санкт-Петербург машғулияте ёфт. Вале... кораш омад накард. Гурӯҳҳои вайронкор садди роҳ шуданд. Вай баъди шаш моҳ ба Ватан баргашт, аммо ҳамнишинӣ бо бадон беосор намонд. Моҳи феврали соли 2010 Бобир Шарифовро суди оид ба корҳои ҷиноии ноҳияи Шофиркон мувофиқи моддаҳои 25, 159, 244 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба қонуншиканӣ айбдор намуда, 7 сол аз озодӣ маҳрум сохт.
Суди оид ба корҳои ҷиноии ноҳияи Зангиатои Тошканд бошад, мувофиқи моддаи 221-уми Кодекси ҷиноӣ муддати ҷазои ӯро се соли дигар дароз кард. 
Дар арафаи Иди Рамазон эълон гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бобати авф карда шудани 575 нафар ҳабсшудагон (аз ҷумла аз вилояти Бухоро 8 нафар) имконият дод, ки Бобир Шарифов низ аз ин мурувват баҳраманд гардад. Вақте ки вай ба оғӯши оила баргашт, ба хонадон файз даромад. Наздикон, ҳамсоягон, ҳамдеҳагон ӯро бо орзую умедҳои нек пешвоз гирифтанд. Бобир гоҳ ҳамсари вафодораш Мунира Бердиева (вай коргари хоҷагии фермерӣ аст), гоҳ фарзандони азизаш Ҳамида (талабаи синфи XI), Абдулло (синфи IX) ва Абдулазиз (синфи IV)-ро ба оғӯш гирифта, ашки шодӣ мерехт. Ҷои модари мушфиқаш Розияхоларо холӣ дида, бо алам фарёд мезад. Аз оқибати талхи соддагию гумроҳиаш афсӯс мехӯрд, дарун-дарун месӯхт. Ба қарибӣ мо бо ӯ вохӯрдем.
– Инсони шири хомхӯрда қадри халқу Ватани худро дар мусофирӣ бештар медонистааст. Беҳуда намегуфтаанд: қаддам барин қад ёфтаму дилам барин дил наёфтам. Бо ҳар касе, ки дар хориҷи мамлакат вомехӯред, насанҷида дӯст нашавед. Ҷабри ҳамнишини бад моро рӯсиёҳ кард. Назди сарвари давлатамон қарздорем, ки гуноҳи моро авф карда сари хамгаштаамонро дубора боло намуд. Шукри зиндагии озоду осоишта дар оғӯши гарми хонадон ва меҳнати гуворо дар коргоҳи азиз. Аз кардаам пушаймонам ва то зиндаам, ба хидмати халқу Ватан тайёрам, – гуфт вай.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: