ШУКРОНАИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ ДУЮМИ ҶАҲОН

Асорати ҷанги хонумонсӯзи дуюми ҷаҳон қариб дар ҳар хонадон ва дили авлоди калонсол ҳамоно боқист.

Асорати ҷанги хонумонсӯзи дуюми ҷаҳон қариб дар ҳар хонадон ва дили авлоди калонсол ҳамоно боқист.
Дар арафаи 76-солагии Ғалабаи бузург аз болои фашизм, Рӯзи Хотира ва Қадр пос доштани хотираи онҳое, ки барои имрӯзи мо ҷонсупориҳо кардаанд, ё ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми беандоза нисбати ҷанговароне, ки бо ҳукми Офаридгор аз таҳдиди борони аҷал эмин монда, бо зафар ба зодгоҳ баргаштаанд, барои ҳар яки мо ҳам қарз, ҳам фарз аст.
Мутаассифона, «таърихҳои зинда» – иштирокчиёни ҷанг сол то сол байнамон кам мемонанд. Ҳоло дар вилояти мо онҳо 19 нафар мондаанд.
Аз ҷумла, 2 нафари эшон имрӯз дар ноҳияи Олот буду бош доранд. 3 май ҳокими вилоят Ботир Зарипов ба маҳаллаи «Ёш ботир»-и ноҳияи номбурда, ба хонадони ҷанговари собиқ Ҳоҷимурод Бектошев ва ба деҳаи «Хидрейлӣ» ба ҳавлии собиқадори ҷангу меҳнат Бозор Примови 97-сола ташриф оварда, ба ҳар кадоми онҳо 12 миллион сӯмӣ мукофоти пулии Президент, 3 миллион сӯмӣ ҷоизаи пулии ҳокими вилоят ва туҳфаҳои пурарзишро дар ҳолати тантанавӣ супорид. Вай,  инчунин ба ҳар як иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон номаи табрикии сарвари давлатро қироат намуда, ҳар гуна амали некро алоҳида таъкид кард. Дар навбати худ собиқадорони иззатманд нисбати ин қадршиносӣ ва ба чунин рӯзгори осоиштаю пурфайз расиданашон арзи сипос ва шукронагӣ намуда, даст ба дуо бардоштанд.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти 
Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: