ШУКРОНАИ ҲАЁТИ ОСОИШТА

Деҳаи Нанай дар доманаи қаторкӯҳҳои Угому Чотқол, самти ҷанубу шарқи обанбори Чорбоғ, соҳили дарёи Пскоми ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд воқеъ гардидааст.

Мардуми ин деҳаи зебоманзар аз қадим бо чорводорӣ, зироаткорӣ ва ҳунармандӣ шуғл меварзанд.
Соли 1941 баъди ҳуҷуми аҳдшиканонаи немисҳо ба Иттифоқи Шӯравӣ дар қатори дигарон аҳолии деҳаи Нанай низ ба ҷанги хонумонсӯз сафарбар гардиданд. Садҳо нафар аз падару модар, аз  ҳалқаи фарзандон, аз оғӯши ёри вафодори худ маҳрум монданд. Аз сафарбаршудагон 117 нафар бедарак шаҳид шудаанд. Онҳое, ки аз ҷанг баргаштанд, бо маҷрӯҳии гуногун чандин сол дар ҷабҳаҳои гуногун меҳнат кардаанд. Алҳол дар деҳа 1 нафар иштирокчии ҷанг — Абдураҳим Зиётов мондааст.
– Мо он рӯзҳои мудҳишро дидем, шумо асло онро набинед. Ба ҳаёти озоду ободи имрӯза шукргузорӣ кунед, – мегӯяд Абдураҳим Зиётов. – Аз ғамхориҳои Президент хеле хушнудем. Илоҳо садсола шаваду ғам набинад.
Аз деҳа Ҳ.Зиёдуллоев, Ҷ.Мамадалиев, Ҷ.Вакилов, Т.Сафоева, К.Орифҷонова, Н.Мирбобоева. М.Бобоева, Н.Вакилова, О.Самуқова солҳои ҷанг шабу рӯз бо шиори «Ба фронт – барои ғалаба» меҳнати софдилона кардаанд. Ёди он солҳои мудҳиш дар лавҳи хотир нақш бастааст, – мегӯянд ҳар як кӯмакчии ақибгоҳ.
– Вақте ки акаам – Абдувоҳид ба фронт сафарбар шуд, ман 10-сола будам, – ёдоварӣ намуд Муҳтарамхолаи 88-сола. – Ҳанӯз пеши чашмам, ки акаам халтаашро ба китф партофта бо дастафшонӣ раҳсипор шуд. Мо бо бачаҳои маҳалла аз қафояш нигарон будем. Нохост пиразани ҳамсоя фарёд кард: «Абдувоҳид, бо хоҳарчаат хайрухуш намекунӣ?» Акаам қафо гашта, маро ба оғӯш гирифт ва аз пешониам бӯсид. Сипас хайр гӯён тез-тез қадам зада рафт...
Дар ҳолате ки дар чашмонаш ашк ҳалқа мезад, Муҳтарамхола илова намуд: ӯ дигар барнагашт. Хонаводае набуд, ки аз ин ҷанги мудҳиш осеб надида бошад. 
Президент Шавкат Мирзиёев хидмати иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро қадр намуда, ба онҳо имкониятҳои моддиву маънавӣ фароҳам овард. Имрӯзҳо ба муносибати  9 Май дар тамоми гӯшаю канори кишварамон чорабиниҳо баргузор мегарданд. Дар деҳаи Нанай низ барои муносиб гузаронидани ин санаи таърихӣ як қатор корҳо амалӣ шуданд. Таҳти роҳбарии раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Нанай Шодмон Тошпӯлодов дар муддати кӯтоҳ майдончаи Хотира аз нав таъмир гашта, ба як гӯшаи назаррабо табдил ёфт.
Оре, ҳимояи Ватан вазифаи муқаддас аст! Ҳаёти иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон, мардонагии онҳо ба ҷавонони имрӯз дарси ибрат хоҳад шуд.

Коммуна БОБОЕВА,
ноҳияи Бӯстонлиқ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: