ШУКӮҲИ ЭТНОФЕСТИВАЛИ МӮЙНОҚ БА ЧАҲОР ИҚЛИМ ПАҲН ШУД

  • ШУКӮҲИ ЭТНОФЕСТИВАЛИ МӮЙНОҚ БА ЧАҲОР ИҚЛИМ ПАҲН ШУД
  • ШУКӮҲИ ЭТНОФЕСТИВАЛИ МӮЙНОҚ БА ЧАҲОР ИҚЛИМ ПАҲН ШУД

Нахустин ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии “Ӯзбекистон ҳаво йӯллари” баъди як таваққуфи кӯтоҳ аз пойтахт ба Нуқус парвозро идома дод ва дар майдони ҳавоии шаҳри Мӯйноқ фуруд омад.

Он ҷо мардуми зиёд ҷамъ омада буданд. Мусофирон зери садои пурғулғулаи карнаю сурнай ва дафу доира  бо нону намак истиқбол гирифта шуданд. Баъд рақсу тарона баҳам омехт ва шукӯҳи ин маросимро боз бештар нуру тароват бахшид.
Фурудгоҳи Мӯйноқ аз солҳои 90-ум барои парвоз ва фурудоии ҳавопаймоҳо истифода намешуд. Қаблан мусофирон аз ин шаҳр ба Нуқус, Урганч, Тошканд ва шаҳрҳои дигари кишвар равуо мекарданд. Баъди хушкшавии баҳри Арал вазъи экологии ин ҷо рӯ ба ташаннуҷ овард ва мардум оҳиста Мӯйноқро тарк намуд.
Реконструксияи майдони ҳавоии Мӯйноқ соли 2019 тибқи қарори ҳукумат оғоз ёфт. Дар айни ҳол ин майдони ҳавоӣ барои анҷоми хатсайри парвозҳо пурра омода мебошад ва ҳавопаймоҳои гуногунтамғаро низ қабул карда метавонад.
Бо дастури Президент дар қадами аввал ҳафтае ду маротиба мусофирон метавонанд худро аз Тошканд ба Мӯйноқ ва аз Мӯйноқ ба пойтахти мамлакат интиқол диҳанд. Оҳиста миқдори рейсҳо афзоиш дода хоҳад шуд.
Сафари навбатии матбуотии журналистон ба Қароқалпоқистон бо мусоидати Вазорати туризм ва мероси фарҳангӣ ва дар ҳамкорӣ бо Девони Вазирони Қароқалпоқистон роҳандозӣ гардид ва барномаи доманфарохеро мадди назар дошт. 
– Дар ин рӯзҳо сокинони ноҳияи Мӯйноқ ду ид доранд. Иди аввал ба фаъолият шурӯъ намудани майдони ҳавоист, ки тайи се даҳсола баста буд. Гузашта аз ин, таҳти унвони “Хуш омадӣ, Наврӯз” этнофестивали мардумӣ ба кори худ ҳусни оғоз бахшидааст, ки ҳоло мо дар он ширкат хоҳем кард, – гуфт роҳбалади мо вакили Вазорати туризм ва мероси фарҳангии Қароқалпоқистон Элшод Валиев.
Бо вуҷуди аз эътидол берун шудани вазъи экологӣ вақтҳои охир талошҳои зиёд ба харҷ дода шудааст, ки шаҳри Мӯйноқ дубора сарсабзу хуррам гардад ва мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ қарор гирад.
Таҷлили ҷашни Наврӯз ва роҳандозии этнофестивали доманфарох дар шаҳри Мӯйноқ аз шумори чорабиниҳое маҳсуб меёфт, ки ин ноҳия ҳамеша зери назари Президент Шавкат Мирзиёев ва ҳукумати кишвар қарор дорад. 
Дар майдони марказии шаҳр ҳатто ҷойи сӯзанпартоӣ набуд. Зану мард, пиру ҷавон дар бар либосҳои идонаи худро ба ин майдон расонида буданд. 
– Ба шаҳри мо хуш омадед, қадамҳоятон болои дида! Марҳамат, аз ин таомҳои суфраи наврӯзии мо нӯши ҷон кунед. Мо дар давоми солҳои зиёд бори нахуст бо чунин тантанаи хос ҷашни Наврӯзро таҷлил мекунем. Ин аз шарофати истиқлол ва натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Президент шаҳодат медиҳад, – гуфт зани синну солаш нисбатан бузурги қароқалпоқ. 
Баъд сурудеро замзама намуд ва занону духтарони атроф бо танбуру доира бо ӯ ҳамовоз шуданд. Чанд нафар духтарони либоси қашанги қароқалпоқӣ ба бар ба рақс даромаданд. Тамошои ин манзара, воқеъан, ба кас ҳаловат мебахшид.   
Мо саёҳати худро дар ин сайлгоҳи пуршукӯҳ шурӯъ намудем. Дар хаймаҳои қатор ҳунармандон маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузошта буданд. 
Дар яке аз хаймаҳо маҳсулоти заргариро ба намоиш гузошта буданд. Онро ҳунармандони маҳаллӣ аз фулузоти гуногун сохтаанд. Гарданбандҳои пурнақшу нигор, ҳалқаҳои гуногун, дастпонаҳо, ангуштарӣ барин зебу зинати занона ҳамчун маҳсули дасти ҳунармандони қароқалпоқ ин ҷо дар маърази тамошо қарор дошт.
Як тараф дастаҳои ҳунарӣ ба мардум барномаҳои консертии худро армуғон мекарданд, шеъру таронаҳои наврӯзӣ мехонданд. Дар ҷои дигар мардум ҷамъ шуда аз намоишномаҳои маъруфи мардуми қароқалпоқ порчаҳо тамошо мекарданд, ки маҳз суннатҳои наврӯзиро дар худ инъикос менамуд.
Дар самти дигари майдон гурӯҳи дорбозону паҳлавонон ҳунари худро намоиш медоданд ва ҳар як ҳунарнамоии онҳо мавриди кафкӯбиву истиқболи гарми мардум қарор мегирифт. Вақте ки дорбози ҷавон бо чашмони баста болои дор ин тараф-он тараф мерафту меомад, ҳама  дидаҳои ҳайратзада ба тарафи ӯ дӯхта шуданд. Танҳо баъди он ки вай ба “манзил” расид, тамошобинон оҳи сабук кашиданд. 
Як гӯшаи майдонро мардон ва гӯшаи дигарро занону духтарон ишғол мекардаанд. Онҳо байни худ мусобиқаҳои гуногуни мардумиро пиёда намуда, шавқу завқи атрофиёнро бедор менамуданд. 
Гӯшаи дигарро ошпазҳо ишғол карда буданд. Онҳо дасту остин барзада, дар чанд деги бузург оши палавро дам карда, мардумро ба тановул даъват карданд. 
– Бингаред, бо вуҷуди шамол, борон ва сардии ҳаво мардуми моро кайфияти идона фаро гирифтааст. Онҳо кайҳост ба иди бошукӯҳи Наврӯз омодагӣ дидаанд ва ҳоло бо дастовезҳои худ ба ин сайлгоҳ ташриф фармудаанд, – мегӯяд сухангӯи Девони Вазирони Қароқалпоқистон Азамат Аҷимуротов.
Рӯйи ҳар як суфра мизбонон таомҳои гуногуни наврӯзии худро гузошта буданд. Суманак, бешбармоқ, моҳӣ, мурғ, мурғобӣ, мурғи марҷони дар равған ва буғ пухташуда, зағораҳои танурӣ, ки гуфта мешавад, аз орди ҷуворимаккаи сафед тайёр кардаанд, нону чаппотии хушмаза, қатлама, санбӯса ва тушбераҳои гӯштиву алафӣ, кулчаҳо, шириниҳои гуногун ва амсоли он  рӯйи суфраҳои мӯйноқиёнро зебу оро медод.
Ин шаҳракро замоне мардуми зиёд тарк кардаву ба минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ муҳоҷир шуда будаанд. Вале бо саъй ва эҳтимоми сарвари давлат Мӯйноқи кӯҳнаву беодам дубора “зинда” шудааст ва садҳо хонавода аз минтақаҳои гуногун дубора баргаштаанд. Онҳо ҳоло дар хонаҳои васею барҳаво ва замонавӣ ба зиндагии нави худ оғоз кардаанд.
Оре, маҳз ба садҳо километр хушкшавии баҳри Арал ба муҳоҷирати иҷбории мардуми зиёд сабаб шудааст. Аммо дар ҳамин ҳол намои Мӯйноқ ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст. Дар муддати ду соли охир дар Мӯйноқ корҳои азим роҳандозӣ шудаанд ва биноҳову иншоотҳои зиёди маъмуриву истиқоматӣ ба ҳусни ин шаҳрак афзудаанд. 
– Ҳоло шаҳраки Мӯйноқ ба салоҳиятҳои зиёди туристӣ ноил шудааст. Аз нигоҳи экотуризм баҳри Арал, паҳнои Устюрт, кӯли Судочйе аз иншоотҳои туристии мо муаррифӣ мешаванд. Мо ба баъзе объектҳои табиӣ саёҳат ташкил мекунем ва ин саёҳат тавассути мошинҳо амалӣ мегардад, дар акси ҳол тай кардани масофаи бештар аз 260 километр дар паҳнои хушкшудаи баҳри Арал ҳаракати нақлиёти дигар имконнопазир аст, – изҳор намуд Азамат Аҷимуротов. 
Дар чаҳорчӯби фестивали этнотуризм меҳмонҳо бо таърихи мардуми маҳаллӣ, урфу одат ва анъанаҳо, ҳодисаву воқеаҳое ошно хоҳанд шуд, ки маҳз хоси сокинони минтақаи назди Арал мебошад.  Боздид аз осорхонаҳои таърихӣ ва  “Моҳидорон”, «Қабристон»-и киштиҳо, воқеъ дар соҳили хушкшудаи баҳри Арал, инчунин хиёбони ҳунармандони Мӯйноқ мусоидат намуд, ки мо бевосита бо таърих, урфу одат, тарзи зиндагии мардуми он аз наздик ошно шавем. 
Баъди тамошои манзараҳои дилфиреб ва хотирмон ва суҳбату мулоқотҳо бо мардуми меҳмоннавози Мӯйноқ ин шаҳрро тарк карда, вориди шаҳри Нуқус шудем. Дар идомаи сафар аз ноҳияи Элликқалъа, воқеъ дар 170 километрӣ аз Нуқус, боздид намудем ва дар маросими 45-солагии таъсиси ин ноҳия ва ҷашни Наврӯз иштирок кардем...

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.
ТОШКАНД – МӮЙНОҚ 
– НУҚУС.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: