Дар варзишгоҳи маркази шаҳри Олмалиқи вилояти Тошканд бахшида ба ҷашни 27-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти унвони «Азизу ягонаам тӯӣ, Ӯзбекистони маҳбуб» чорабинии идонаи вилоятӣ баргузор шуд.
Тавре ки мегӯянд, рӯзе, ки инсонро як тану як ҷон кард, як дилу як марому ҳаммаслак кард, ин истиқлолият аст. Бинобар ин тӯли давраи гузашта тибқи иҷрои Қарори Сарвари давлат «Дар бораи тайёрӣ ва баргузор намудани ҷашни 27-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дар миқёси вилояти Тошканд корҳои васеъмиқёси бозсозӣ, бунёдкорӣ амалӣ мешаванд. Дар чорабинии идона ҳокими вилояти Тошканд Ғуломҷон Ибрагимов ба сухан баромада, кулли иштирокдорони чорабинӣ ва дар симои онҳо тамоми халқи вилоят ва ҷумҳуриро бо ин санаи таърихӣ табрик гуфт. Ҳокими вилоят оиди корҳои васеъмиқёсе, ки тӯли давраи гузашта дар вилоят таҳти сарварии Президенти кишвар ба амал бароварда мешаванд, маълумоти муфассал дод. Баъдан баромади рақсии гулдухтарони қазоқ, тоҷик, рус, туркман, корейс ва ӯзбек, ки дар зери мусиқии миллӣ иҷро шуданд, ба иштирокдорон манзур гардид. Суруду мусиқиҳое, ки аз ҷониби санъаткорони номвар, аз ҷумла Ғуломҷон Ёқубов, Фаррух Зокиров, Ҷаҳонгир Позилҷонов, Шоҳруххон, Тоҳир Содиқов, Севара Назархон, Райҳон ва дигарон, дар бораи Ватан, озодӣ, истиқлолият, Ӯзбекистон, меҳру муҳаббат ва дӯстӣ суруда шуданд, рӯҳи иштирокдорони чорабинии идонаи вилоятиро болида сохт.
М. МИРМАҲМАДОВ.