ШУКӮҲИ НАВИ ҶОМБОЙ ДАР ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ

  • ШУКӮҲИ НАВИ ҶОМБОЙ ДАР ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ
  • ШУКӮҲИ НАВИ ҶОМБОЙ ДАР ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ
  • ШУКӮҲИ НАВИ ҶОМБОЙ ДАР ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ
  • ШУКӮҲИ НАВИ ҶОМБОЙ ДАР ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ

Дар “Зарафшон” ҳама шоду хандон.

Хабари дар маркази ноҳия тантанавор кушода шудани қасри фарҳанги “Зарафшон” зуд ба гирду атроф паҳн гардид, ки хеле мардум ҷамъ омаданд.
Ҳокими ноҳия Қаюм Собиров ҳозиронро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки барои халқи мо ба тӯй бо тӯёна рафтан анъана шудааст. “Зарафшон” нахустин иншоот мебошад, ки ба муносибати 31-умин солгарди истиқлолияти кишвар ба истифодабарӣ супорида шуд. Минбаъд дар ин ҷо баромади санъаткорон, намоиши филмҳо, вохӯрӣ бо эҷодкорон ва дигар анҷуманҳои фарҳангӣ ба вуқӯъ хоҳанд пайваст. Баъди кушода шудани он филми “Ӯзбеккино” бо номи “Нав” ва спектакли “Қадами пурхатар” намоиш дода шуд. 
Ҳангоми суҳбат ҳоким гуфт, ки ноҳияи Ҷомбой дар маркази диққату эътибори сарвари давлатамон қарор дорад. Муҳтарам Шавкат Мирзиёев 10-уми феврали соли равон ба маҳаллаи пешқадами ноҳия ташриф фармуда, бо корҳои ободонӣ аз наздик шинос шуданд ва барои беҳбуди шароити зисти аҳолӣ маслиҳату супоришҳо додаанд. Корҳои ободониву навгониҳои зиёде, ки имрӯзҳо дар ноҳия сурат мегиранд, маҳз бо амру ҳидояти Президент корбаст мегарданд.
Тавре ки ҳоким боз тазаккур дод, дар асоси дастури “Обод маҳалла” дар ҳамаи 38 гузару деҳа, алалхусус, роҳҳо куллан тармим ва мумфаршу равон мешаванд. Дар ду тарафи шоҳроҳи “Самарқанд – Тошканд”, ки сарҳади ноҳия аз диёри Зарафшон оғоз ёфта то қаламрави ноҳияи Булунғур тӯл мекашад, ғайр аз дарахтони меваноку манзаравӣ гулгаштҳо бунёд ёфтаанд.

Суҳбати гуворо

Собиқадори таълими халқ, соҳиби ордени “Эл-юрт ҳурмати” Гулнора Аҳмадова аз ҷумлаи бонувонест, ки ба мақоли “кори як зан беҳ аз сад кори марди лофзан” ҳамоҳанг аст. Вай тамоми умр ба насли наврас таълиму тарбия дода, ҳоло ҳам дар корҳои ҷамоатӣ фаъол мебошад. Ва он рӯзе, ки сарвари давлатамон ба маҳаллаи Тошкандӣ ташриф овард, бо ин зани оқилаву доно, равшанфикру маърифатпарвар суҳбат ороста, хеле хурсанд шуд, ки Гулнораона барин фариштагони хонадонамон бо ҷидду ҷаҳд, тафаккур ва таҷрибаи худ барои ободӣ, гул-гул шукуфтани Ӯзбекистони Нав ва бахту саодати мардум хидмати шоиста мекунанд. 
– Бовар кунед, – бо табассуми малеҳ иброз дошт Гулнора Аҳмадова, – суҳбати мо бо сарвари давлатамон гуворо буд. Шавкат Мирамонович ба модарону хоҳарон меҳрубону дилсӯзанд. Маҳз солҳои охир ғамхории ҳукуматамон ба занону духтарон беш аз пеш меафзояд. Роҳбари давлатамон қариб дар ҳамаи маърӯзаҳои худ таъкид менамоянд, ки бонувон ба корҳои роҳбарӣ, соҳибкорӣ бештар ҷалб гарданд. Далели фикрам аз моҳи марти соли равон дар асоси самтҳои Стратегияи рушд ва бо мақсади таъмини татбиқи низом ва самарабахшии таваҷҷуҳ ба занону духтарон Кумитаи давлатӣ оид ба корҳои оила ва бонувон созмон дода шуд. Ҳоло дар ҳамаи маҳаллаҳо вазифаи муовинони раисон оид ба масъалаҳои занон ва оила ҷорӣ шудааст. “Дафтари занон” ташкил шуд, ки мақсад додани кумаки иҷтимоиву иқтисодӣ, тиббӣ, ҳуқуқӣ, рӯҳӣ ба хоҳарон мебошад. 
– “Гулнораона, – гуфтанд сарвари давлатамон, – имрӯзҳо мо ба давраи нави таърихии рушди ҳамаҷонибаи кишварамон бо қадами қатъӣ ворид шудем. Ба қалби фарзанду наберагонамон ҷойгир кардани мақсадҳои бузургу наҷиб, ғояҳои олиҷаноб вазифаи асосии модарону бибиҷонҳои дуогӯ мебошад. Умеди мо аз шумо барин бонувони оқилаву доно аст”.
Боиси хурсандист, ки бо ташаббуси Президент ҷунбиши “Бонувони оқила” таъсис дода шуд ва камина аъзои он ҳастам. Минбаъд тамоми маҳорат ва таҷрибаи ҳаётамро барои Ӯзбекистони Нав сарф хоҳам кард.

Ба боғи миллӣ – эътибор ҷиддӣ

Рӯди Зарафшон аз ҳудуди ноҳияи Ҷомбой убур карда, қисми асосии вилояти Самарқандро бо оби ҳаётбахш таъмин мекунад. Дар ду соҳили дарё қариб 2,5 ҳазор гектар ҷангалзор мавҷуд. Афсӯс, ки баъзе шахсони худбину тангчашм сарватҳои бебаҳои табиатро бераҳмона ва кӯтоҳандешона нобуд мекунанд.
Набототу ҳайвонот ва ҳатто сангу шағалу қуми дарё шабу рӯз бо техникаи пуриқтидор ба чор тараф интиқом дода мешаванд. Дар натиҷа сатҳи дарё хеле поён рафта ҳатто таъминот бо оби ошомиданӣ барои шаҳри Самарқанд хеле коҳиш ёфт. Аъзои фаъоли гурӯҳи “Самарқандро эҳё мекунем”, ки роҳбараш журналист Анастасия Павленко аст, бо ҳамдилонаш тавассути расонаҳои ахбор ва шабакаҳои иҷтимоӣ бонги изтироб зада, табиатро аз  олудашавӣ эмин медоранд.

– Дар ҳақиқат, дар шафати дарёи Зарафшон бунёд шудани боғи миллӣ барои мардуми Самарқанд армуғони беҳтарин аст. Ҳар сол бо фаро расидани ҳавои гарм садҳо нафар меҳмонону мизбонони шаҳри бостонӣ ба ин ҷо омада, бо фароғат истироҳат мекунанду аз табиати нотакрор баҳра мебардоранд. Фаромӯш накунем, ки табиат – мекунад моро табобат! Дар кишварамон ба ҳифзи экология ва муҳити зист, васеъ намудани маконҳои сабзу хуррам, самарабахш гардондани фаъолияти ташкилотҳои масъул дар сатҳи сиёсати давлатӣ эътибор дода мешавад. 
Як сар ангур – се кило

– Ҳар гоҳ ба ноҳия боғбонону соҳибкорон барои таҷрибаомӯзӣ ташриф фармоянд, мутахассисон роҳбалад шуда, назди Олим Муҳаммадқулов меоранд, ки хоҷагии фермерии ӯ “Гулнигор нурли даласи” бо ангурпарварӣ машғул аст. Имрӯзҳо боғбонон бо ғунучини маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд.
– Соли гузашта аз фурӯши ангур беш аз 20 ҳазор доллар фоида гирифтем, – мегӯяд Олим Муҳаммадқулов, – имсол ин нишондод ду маротиба зиёд хоҳад шуд. Дар токзор ҳосил фаровон. Аз сабаби риоя кардан ба қоидаҳои агротехникӣ ва дар меъёр обу озуқа додан як сар ангур то 3-3,5 кило санг зер мекунад. Дар се гектар замин ангури навъи “Ризомат”, “Мерседес”, “Ҳусайнӣ” ва ғайра парвариш мекунем, ки таҷриба аз водии Фарғона омад. 
– Танҳо дар тасарруфи ҷамъияти саҳҳомии “Оҳалик олтин боғлари” 446 хоҷагии фермерӣ вуҷуд дошта, ҳамаи онҳо бо соҳибкорӣ ва боғбонӣ машғуланд. Зеро бо фармони сарвари давлатамон ноҳияи мазкур ба сабзавоту боғпарварӣ табдил ёфтааст. Аз сабаби афзудани кластерҳои саноати хурд 641 нафар бо кор таъмин шудаанд. Танҳо дар шаш моҳи соли равон ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ қариб 4 ҳазор тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқро ирсол намуданд. Хоҷагиҳои “Бешбола Агровеч”, “Самарқанд консерв” маҳсулоти хешро ба хориҷа мефурӯшанд.
– Таъкид кардан ҷоиз аст, ки ноҳияи Ҷомбой 180,5 ҳазор нафар аҳолӣ дошта, 8,2 ҳазор нафар бекорон ҳастанд. Дар нимсолаи гузашта 2,8 ҳазор нафар бо кор таъмин гардиданд. Инчунин, субъектҳои тиҷорати хурд ду баробар афзуда, 593 соҳибкори хусусӣ, 65 оилавӣ ба рӯихат гирифта шуданд. Ҳоло шумораи субъектҳои тиҷорати хурд ба 3 ҳазору 109 адад расидааст. 
– Агар бо забони рақамҳо ҳарф занем, – мегӯяд котиби матбуоти ҳокимияти ноҳия Орифҷон Одилов, – дар натиҷаи ба истифода супурдани 40 лоиҳаи минтақавии инвеститсионӣ ба маблағи 1,3 триллион сӯм 471 ҷои нави кор пайдо мешавад. Дар шаш моҳ ба миқдори 12,1 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ содир гардид, ки бешубҳа барои беҳдошти некӯҳолии мардум хизмат мекунад. 
Дар се минтақаи ноҳия бунёди хонаҳои истиқоматии бисёрқабата муташаккилона идома меёбанд, ки яке аз онҳо дар маҳаллаи Катта Қишлоқ мебошад. Имсол 100 оила бӯрёкӯбӣ мекунад. Дар шаш моҳи соли равон 17,5 километр нили оби нӯшокӣ гузаронида шуд ва ба 70 километр шабакаи барқ интиқол ёфт. Барои амалӣ шудани лоиҳаҳои иҷтимоӣ ба миқдори 21,2 миллиард сӯм қарзи имтиёзнок додем. Боз барои ба амал татбиқ шудани дастури “Ҳар як оила – соҳибкор” 19,5 миллиард сӯм маблағ ҷудо шуд. Охир стратегияи тараққиёт дебочаи марҳилаи нави ислоҳот дар мамлакат гардида, мақсади асосии он бунёди давлати инсонпарвар бо роҳи баланд бардоштани қадр ва шарафи Ҳазрати одам аст.

Мо аз амонӣ гуфтугӯ дорем...

– Дар ноҳияи Ҷомбой чун шаҳри Самарқанд, ноҳияҳои Ургут, Самарқанд, Пастдарғам ӯзбекону тоҷикон якҷоя зиндагӣ мекунанд, – мегӯяд ҳокими ноҳия Қаюм Ҳамроевич, – масалан, дар маркази ноҳия, деҳаҳои Ғазира, Зарафшон, Ҳалвоӣ ва ғайра тоҷикон бисёранд. Умуман, дар қаламрави ноҳия вакилони беш аз бист миллату халқият ҳамчун фарзандони як оила аҳлу тифоқ зиндагӣ ба сар мебаранд. Бинобар ҳамин шиори мо “Аз амонӣ гуфтугӯ дорем” аст.
— Қаюм Ҳамроевич, иди аз ҳама бузург – ҷашни 31-умин солгарди истиқлолият дар мекӯбад...
– Дар матбуот қарори сарвари давлатамон аз 1-уми августи соли ҷорӣ “Дар бораи тайёрӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашни 31-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон” интишор ёфт. 
Ба ин муносибат дар ҳокимияти ноҳия чорабиниҳои ташкиливу амалӣ, маънавию маърифатӣ ва корҳои тарғиботиву тавзеҳотӣ, ки дар худ ғояи асосии “Дар Ӯзбекистони Нав халқ азиз, инсон азиз”-ро таҷассум намудааст, амалӣ хоҳад гашт. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
“Овози тоҷик”. 

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: