Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти яке аз симоҳои бузурги адабиёти Шарқ, поягузори адабиёти навини тоҷик Устод Садриддин Айнӣ бисёр олимону адибони машҳуру забардаст рисола ва асарҳои зиёде иншо намудаанд.
Қурбоной Убайдуллоева чанд муддат – ибтидои солҳои панҷоҳуми асри гузашта барои мошиннавис кардани асарҳои устод ба даргоҳи ӯ равуо карда, таассуроти худро аз ҳаёти пурибрати ин марди хирадманд бо меҳр рӯйи коғаз овардааст:
“... Адиби бузург – Садриддин Айнӣ созгори номи муборакаш дар қалби шогирдон ба сифати устоди кушодабағале ҷовидон нақш хоҳад баст. Ба ҷавонон раҳнамоӣ кардан, ононро бо назардошти истеъдоду қобилияташон ба ин ё он кор сафарбар сохтан, барои соҳиби илм шудани онҳо кумаки беғаразона расонидан, эшонро дар кулли соҳаҳо дастгирӣ карда, ба сӯйи мақсад ва ниятҳои нек ҳидоят намудан аз вижагиҳои хоси табиати устод буданд. Агар шогирдон роҳи худро ёфта, дар кору вазифае, ки интихоб кардаанд, ба комёбие муваффақ гарданд, устод гӯё орзуҳои худаш рӯйи об баромада бошанд, хурсанд мешуд...”
Ёддоштҳои Қурбоной Убайдуллоеваро устод Паймон (Тӯхтамиш Тӯхтаев) ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда, онро дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва “Гулобод тонги” – “Субҳи Гулобод” нашр карда буд. Дар арафаи ҷашни 144-умин солгарди устод Садриддин Айнӣ хонаи эҷодии табъу нашри “Маҳорат” ин меҳрномаро дар шакли китоби алоҳида бо номи “Шуълаи ҷовидон” чоп кард. Фикр мекунем, он туҳфаи арзандаест барои адабиётдӯстону ҷавонони эҷодкор.
Асалой САРХАТЗОДА,
донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов.